logo

Хабарҳо

КАЙФАР

Бо ин ном нахустин романи нависандаи шинохта Диловари Мирзо дар шакли китоби алоҳида дар бораи рӯзгору кори Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба табъ расид ва дастраси хонандагон гардид. 
Нависанда бо пажӯҳиш, таҳқиқ кӯшидааст, ки дар баробари нишон додани симои ҳақиқии ин қаҳрамон, зиндагии пур аз моҷаро ва хидматҳои таърихиву мондагори ӯро ба хонанда дурусту боварибахш нишон бидиҳад.
Мутолиаи роман собит месозад, ки дар иҷрои ин кор Диловари Мирзо муваффақ гардидааст. Дар баробари ин, адиб зиндагиву заҳмати мардуми водии Қаротегин ва тамоми кишварро бо истифодаи сарчашмаҳои муътамад дар он рӯзгор тасвир мекунад. Ҳамаи ин, албатта, аз нависанда омӯзишу дониши мукаммалро тақозо дорад. Фаъолияти Нусратулло Махсум дар Ғарм низ ба сифати вазифаи раиси Кумитаи Инқилобии ин вилоят басо вазнин ва, ҳамзамон, ибратбахш мебошад. «Фаврӣ аз пайи ба низом даровардани кор шуд. Ду сол пеш дар натиҷаи суст будани корҳои тарбиявӣ аскарони сурх ба рафторҳои ношоиста даст зада, халқро душмани хеш гардонданд. Рафтори ноҷавонмардонаи бархе аз аскарон боиси бадном шудани тамоми лашкар гашта буд. Нусратулло Махсум ҳамаи инро муддати ду сол фаромӯш накард. Баробари ворид гардидан ба шаҳри Ғарм ӯ қисми сиёсии армияро пурзӯр намуд. Ҳар рӯз байни аскарон суҳбатҳо ташкил мекард. Дар баробари ин, аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ хоҳишмандонро ба хизмати аскарӣ мегирифт. Нусратулло дигар хобу хаёл надошт. Гоҳи фориғи кор деҳа ба деҳа мегшт. Бо шахсони обрӯманд ва маъруф суҳбатҳо доир менамуд. Ба онҳо моҳияти ҳукумати нав ва ҳадафҳои онро бо забони содаву рӯшан мефаҳмонд. Аз давлатдории тоҷикон дар қарнҳои пешин қисса мегуфт. Қисса мегуфт, ки акнун шароит фароҳам омадаасту мову шумо метавонем дубора барои фарзандони худ як давлати тоҷикона бунёд кунем ва он дар қатори ҷумҳуриҳои бародар рушду нумӯ кунад».
Маълумотҳои овардаи адиб зимни баромаду ҳисоботҳои ин Қаҳрамони Тоҷикистон на танҳо ҷолибанд, балки касро ба андешидану муқоиса намудан водор месозанд. Қаҳрамони марказии асар баён медорад, ки се сол боз (аз соли 2006) кишвар дар шароити беҳтару осудатар, яъне сулҳу оромӣ фаъолияти чашмрас дошт. Ин гуна дастовардҳоро таърихи ҷаҳон бори аввал мебинад. Тибқи баромади Нусратулло Махсум соли 1925 дар майдони 30 ҳазор гектар замин кишт карда шуда будааст. Соли 1929 заминҳои кишт ба 675 ҳазор мерасад. Заводҳои пахтатозакунии кишвар 270 ҳазор пуд пахтаро коркард менамоянд. Дар се сол шумораи хоҷагии дастаҷамъӣ аз 132 ба 400 адад мерасад. 15 бемористон ва 300 мактаб бунёд ёфта будааст. Дар он рӯзгор ин ҳама дастовардҳои бузург маҳсуб мешуданд.
Забони асар содаву равону фаҳмо мебошад. Адиб тавонистааст, ки образу характерҳоро ҷавобгӯи талаботи соҳа биофарад.
Мавриди зикри махсус аст, ки ин асар нахустин роман дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Албатта, зарур мебошад, ки адибон дар бораи дигар Қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар  жанрҳои адабӣ асар таълиф намоянд, то хонандагон маълумотҳои мукаммалро ба ин васила дар бораи онҳо дастрас бикунанд. Дар ин ҳол нахустин иқдоми нависанда Диловари Мирзо  боиси дастгирӣ ва омӯзишу пайравӣ мебошад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 350
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед