logo

ҳуқуқ

СУДШАВАНДАИ САФЕДШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд мақолаи рӯзноманигор Лашкар Шарифзода зери сарлавҳаи “Баҳси алимент. Судшаванда бо ҳукми сафед аз толор берун шуд”-ро, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” таҳти № 230,  аз 30. 11. 2020 ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
 
Дар мақола сухан дар бораи аз тарафи суди шаҳри Хуҷанд сафед шудани судшаванда Баҳром Атохуҷаев бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ рафта, зикр шудааст, ки  мақомоти тафтиши пешакӣ ҳолатҳои корро нодуруст муайян карда, нисбат ба охирон беасос дар содир кардани ҷинояти қасдан саркашӣ намудан аз пардохти алимент айб эълон карда,  дар ҷараёни муҳокимаи судӣ гунаҳкор будани ӯ бо маҷмӯи далелҳои эътимоднок тасдиқ нагардидааст. 
Дар асл бошад, Б. Атохуҷаев бо мақсади кам супурдани маблағи алимент, ки бояд тибқи ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 27. 02. 2017 барои таъминоти фарзанди ноболиғаш М. Атохуҷаева ба манфиати собиқ ҳамсараш М. Фозилова равона шудааст, қасдан нақшаи ҷинояткоронаи худро барои сохтакории ҳуҷҷати расмии аз уҳдадорӣ озодкунандаро таҳрезӣ намуда, бо мусоидати шахсони масъули  маркази равонпизишкии вилояти Суғд оид ба ҳаҷми ками маош маълумотномаи бардурӯғ гирифта, ба мақомоти таъқиби ҷиноят пешниҳод намудааст. Дар натиҷаи кирдорҳои ҷинояткоронааш Б. Атохуҷаев ҳуқуқу манфиатҳои фарзанди ноболиғи худро, ки ба таъминотпулӣ эҳтиёҷи зиёд дошт, дағалона поймол карда, аз ин ҳисоб қарзи алимент ба 9061 сомонӣ расидааст.
Аз ин рӯ, прокуратураи шаҳри Хуҷанд ба санади баръало ғайриқонунии суд дар хусуси сафед кардани Б. Атохуҷаев розӣ нашуда, ба он эътирози кассатсионӣ овард. Дар натиҷа санади ғайриқонунӣ бекор гардида, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Б. Атохуҷаев бо аломатҳои моддаҳои 177 қисми 1 ва 340 қисми 2 бандҳои “б, в” Кодекси ҷиноятӣ дар муҳокимаи нави судӣ баррасӣ гардида, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 солу 2 моҳ таъйин шуд. 
Ҳамзамон, муайян гардид, ки номбурда бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 20.10.2020 бо моддаи 324 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ низ маҳкум шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъйин гардидааст.
Бинобар ин, ба Б. Атохуҷаев бо дастрасии моддаҳои 67, 69 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои бо ҳукми нав таъйингардидаро зам намуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 солу 4 моҳ бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъйин карда шуд.
 
А. НАЗАРЗОДА, 
прокурори шаҳри Хуҷанд
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2021    №: 124    Мутолиа карданд: 1351
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед