logo

иқтисод

ПРЕСС – ТУР. ШИНОСОӢ БО НАТИҶАҲОИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО - II»

Бо мақсади ошноӣ бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо - II» намояндагони васоити ахбори омма дар доираи ташкили пресс - тур ба ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа - Фархор, Восеъ ва Данғара сафар карданд. Хабарнигорон нахуст аз ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳи «Қаратов - 2017» - и деҳоти Ватани ноҳияи Фархор дидан намуданд. 
 
- Оид ба мушкили сокинони деҳа ва дархости ҷамъият, экскаватор, трактори тамғаи МТЗ 82.1, ЮТО - 1004, испор, ядак, алафдарави тракторӣ, молаи чархдор, дастгоҳи шудгоркунӣ (мотоблок), сихмола, таҷҳизот барои коркард ва бастубанди меваю сабзавоти хушк, симтӯру пояҳо барои ташкили қитъаи намоишӣ, инчунин, мурғи марҷон, инкубатори хонагӣ бо технологияи муосири идоракунии раванди барориши чӯҷа, ба миқдори муайян тухмиҳои хушсифати зироати хӯроки чорво ва нуриҳои минералӣ дастрас кардем, - гуфт Тоир Айматов, роҳбари ҷамъият.
Иттилоъ дода шуд, ки саршумори чорвои майдаи деҳа 3600 сарро ташкил медиҳад. Барои хушзот кардани чорво ба ҷамъият 17 сар қӯчқори зоти ҳисорӣ дастрас карда шуд. Давоми чор сол бо истифода аз қӯчқорҳо қариб 70 – 75 дарсади меши деҳа ба зоти ҳисорӣ табдил ёфт. Инчунин, дар деҳа дар заминаи амалишавии лоиҳа бо ҷалби занони ниёзманд фаъолияти гурӯҳи даромадовар оид ба парвариши настаран (хулул, хуч), коркард ва бандубастии меваи хушк таъсис ёфт. Барои ривоҷи кор, кормандони ҷамъият дар майдони се гектар боғи ниҳоли хуч, писта ва бодом бунёд кардаанд. Тавре агрономи лоиҳа Юсуф Муродов изҳор дошт, ҳоло ниҳолҳои настаран, ба ҳосил даромадаанд. Ниҳолҳо бо усули муосир нигоҳубин мешаванд. Парвариши ин дарахт манфиатовар аст, шарбате, ки аз меваи  хушки он омода мешавад,  дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ харидори зиёд дорад. Дар нақша аст, ки майдони боғи хучро зиёд кунем. Сокинони деҳа акнун дар амал диданд, ки бо андаке маблағу меҳнат харҷ кардан аз ин замин даромади хуб гирифтан мумкин аст. Ҳоло як кило хуч 15 - 20 сомонӣ буда, корхонаҳои дорубарорӣ ба он таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Баъд аз дастгирӣ ёфтани гурӯҳ бо ташаббуси аъзои ҷамъият соли 2018 дар деҳот коргоҳи мевахушккунӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки чанд бонуи хонашин кори мавсимӣ пайдо кард. Раиси ҷамъият моро бо фаъолияти коргоҳ шинос карда, иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа таъсиси гурӯҳи даромадовар барои занон мебошад. Дар коргоҳ зардолу, себ, олу, настаран ва олуча хушк карда, маҳсулоти тайёрро бастабандӣ мекунанд. Коргоҳ иқтидор дорад, дар як шабонарӯз то 200 – 240 кило меваро хушк кунонад. Бо мақсади мутобиқ шудан ба бозор мутахассис оид ба рушди тиҷорат фаъолият дорад. Ӯ бозорро омӯхта, баҳри ба савдо баровардани маҳсулоти коргоҳ талош дорад.
Маҳбуба Ятимова, роҳбари гурӯҳ, то ташкил шудани дастаи корӣ хонашин буд. Ӯ аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки ба шарофати лоиҳа чор сол боз бо як гурӯҳ бонувон аъзои ҷамъият шуда, соҳиби ҷойи кор шудаанд. 
- Мо, бонувони хонашин, ба нигоҳубини хуч машғул шуда, дар байни қаторҳои он сабзавот ва полизӣ низ кишт мекунем. Дар натиҷа, эҳтиёҷоти хонавода ва наздикони худро бо сабзавоти тару тоза қонеъ карда, қисман ба фурӯш мебарорему даромади нақд ба даст меорем ва барои хариди сарулибос, инчунин, лавозимоти хониши фарзандонамон саҳмгузорӣ менамоем, - гуфт ӯ.
Ба рӯзноманигорон дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ иттилоъ доданд, ки дар деҳа соли 2019 ҶИЧ «Ибрат» ба фаъолият шурӯъ кард. Дар деҳа 378 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад, ки шуғли асосиашон кишоварзӣ ва чорводорист. Деҳа 137 гектар замини кишт ва 84 гектар чарогоҳ дорад. Ба гуфтаи Абдулваҳҳоб Абиров, роҳбари ҷамъият, барои ҳалли мушкилии деҳа ва баровардани дархости сокинон маркази идораи лоиҳа ҷамъиятро бо трактори тамғаи МТЗ 82.1, ядак, сихмола, испор, алафдаравак, буққаю қӯчқори зотӣ, оилаи занбӯриасали намуди «карпат» таъмин кард. Моҳи октябри соли гузашта бо ибтикори муассиса дар деҳа хати оби тозаи нӯшиданӣ кашида, барои чорво ду обхӯра сохта, ба истифода дода шуд. 
Баробари ин, дар деҳа дар майдони як гектар ниҳоли писта шинонданд.  Барои аз эрозия нигоҳ доштани талу теппаҳо атрофи як гектар заминро низ ҳамчун қитъаи намоишӣ бо симтӯрҳо маҳкам карданд, то алафҳои кӯҳӣ несту нобуд нашуда, пухта расанд. Тухмии расидаи алафҳои худрӯй бо роҳҳои гуногун ба атроф паҳн мешавад. Аъзои ҷамъият мақсад доранд, сол ба сол майдони ин заминҳоро бештар намоянд ва ба ин васила чарогоҳҳоро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд. 
- Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодию иҷтимоии занон дар деҳаҳои зерҳадаф фаъолияти диверсификатсияи ташаккули даромаднокӣ барои занон ба роҳ монда шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа мебошад, - гуфт Шарбону Вализода, мушовири миллӣ оид ба сиёсати гендерӣ, ҷавонон ва рушди соҳибкории лоиҳа. Дар доираи татбиқи лоиҳа ба ҶИЧ “Дурахшон - 1” – и Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара мурғи марҷон ва инкубатор дастрас гардид. Аз оғози фаъолияти парандапарварӣ  бо истифода аз инкубатор қариб 1000 чӯҷаи мурғи хонагӣ ва марҷон истеҳсол шуд. Дар деҳот гурӯҳи ташаккули даромаднокии занон (ГТДЗ) таъсис ёфт, ки роҳбарии онро Фотима Абдулҳаева ба уҳда дорад. Ҷамъият бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа зарур донистааст, ки дигар занони деҳотро низ ба фаъолият ҷалб намояд. 
Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ мегардад. Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор тавассути идоракунии самараноки чарогоҳ ва беҳтар намудани маҳсулнокии чорво мебошад.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2021    №: 138    Мутолиа карданд: 637
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед