logo

иқтисод

МУШКИЛ ИН АСТ, КИ ОСОН БА НАЗАР МЕОЯД. ЧАНД АНДЕША ДАР АТРОФИ МАСЪАЛАИ МУҲИМ

 
Имрӯзҳо  дар хоҷагиҳои чорводорӣ маъракаи захира кардани  хӯроки чорво барои фаслҳои тирамоҳу зимистон  бо маром ҷараён дорад. Хоҷагиҳое ҳастанд, ки аллакай алафи табиӣ, юнучқаю себарга ва эспарсет ҷамъ овардаанд. Хӯроки дурушт барои чорво басанда аст, вале ба иттилои Агентии омор, аз як сар гов  соле ба ҷойи  5 – 6  тонна ҳамагӣ 1,6 тонна  шир дӯшида мешавад, ки боиси нигаронист. 
 
ЧОРВО ЗИЁД, АММО МАҲСУЛНОКӢ ПАСТ, ЧАРО?
Тавре аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, дар Тоҷикистон саршумори чорвои калон ба зиёда аз 2,5 миллион (гови ширдеҳ қариб 1,3 миллион)  сар мерасад, аммо аз рӯи  маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ,  давоми соли гузашта ҳамагӣ 121 ҳазор  тонна шир истеҳсол гардидааст, ки назар ба талаботи солонаи аҳолӣ ба шир  (тақрибан 700 ҳазор тонна)  ночиз аст. Яъне саршумор дар солҳои охир хеле афзудаасту маҳсулнокӣ бошад, баръакс рӯ ба таназзул ниҳодааст. Сабаб дар чӣ бошад? 
Дар ҳудуди мамлакат 3 миллиону 832 ҳазору 161 гектар чарогоҳ мавҷуд аст, саршумори умумии чорво ба 9 миллион сар мерасад. Мувофиқи тавсияи илмӣ дар як гектар бояд 1 сар чорвои калон ва 5  сар моли хурд бичарад. Агар чунин набошад, имкони танаффус додани чарогоҳҳо аз байн меравад ва эрозия қитъаҳои бештарро ба коми худ фурӯ мебарад. Аз ин рӯ, чорвои ширдеҳ ва гӯштӣ бояд дар фермаҳо парвариш ёбанд. 
Ба гуфтаи Тӯйчӣ Рӯзизода, устоди ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, муаллифи гови зоти сиёҳалои тоҷикӣ,  агар чорво бо хӯроки серғизо таъмин набошад, бо вуҷуди хушзот будан маҳсулнокиаш коҳиш меёбад. Ҳамчунин, вазъи камғизоӣ   ба маҳвшавии зотҳои хуб сабаб мегардад.  
 - Чорво, сарфи назар аз он ки ширдеҳ ё гӯштист, ба меъёри муайяни хӯроки серғизо  эҳтиёҷ дорад. Барои он ки маҳсулоти зарурӣ гирифта шавад, чорво ҳадди ақал бояд рӯзе на камтар аз 3 килограмм хӯроки ширадор (ҷуворимаккаи сабз, силос, сенаж, лаблабуи сафед  ва ғайра) ё омехтаи серғизо (дони ҷуворимакка, кунҷора,  комбикорму консентратҳои дигар) истеъмол намояд.  Дар акси ҳол аз чорво ширу гӯшти фаровонро интизор шудан маъно надорад. Барои чорвои калони гӯштӣ хӯрокҳои равғаннокиашон баланди консентратӣ додан зарур аст, то онҳо зудтар фарбеҳ шаванд. Ба чорвои ширдеҳ хӯрокҳои ширадори сабз, ҷуворимакка, лаблабу  ва ғайраро бояд хӯронд. Азбаски  бештар аз 90 дарсади чорвои калон дар дасти аҳолист, меъёри таъминоти хӯрока қариб риоя намешавад. Ба ин сабаб раванди таъминот ва хӯрондани ғизои калориядори чорво  дар ҳолати ногувор қарор дорад, – изҳор дошт профессор Тӯйчӣ Рӯзизода.  
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии мамлакат, иттилоъ дод, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 6 корхонаи хӯроки омехтаи чорво фаъолият  менамояд. Корхонаҳо соли  рафта  зиёда аз 250 ҳазор тонна хӯроки омехта истеҳсол намуданд, ки аз ин  53 ҳазор тонна барои паранда ва боқӣ ғизои чорво буд. 
Агар аз рӯи  тавсияи профессор Тӯчӣ Рӯзизода амал намоем, барои зиёда аз 2,5 миллион сар  чорво соле истеҳсоли бештар аз 2 миллион тонна хӯроки омехта зарур меояд. Яъне, хӯроки омехта ва ширадори корхонаҳои кишвар ҳатто 50 дарсади талаботро қонеъ намесозанд. Барои таъмини чорво дар фасли зимистон қариб 720 ҳазор тонна хӯроки омехтаи ширадор ва равғаннок  зарур аст.  
 
КАДОМ МУШКИЛ  ПЕШИ РОҲРО ГИРИФТААСТ? 
Дар ин маврид аксари коршиносон норасоии хӯроки серғизои чорворо  ба ду сабаби асосӣ: нахуст, кишти маҳдуди зироатҳои ширадор, мисли ҷуворимакка барои дон, лаблабу, ҷавдор, гандум  ва дуюм, набудани мутахассисони бахши омодасозии хӯроки ширадору омехтаи чорво рабт медиҳанд. 
- Агар парвариши ҷуворимакка барои дон, лаблабу,  ҷавдор ва гандум барои хӯроки чорворо бисёртар ба роҳ монем, минбаъд компонентҳое пайдо мешаванд, ки барои таъмини хӯроки серғизои чорво имконияти васеътар фароҳам меоранд. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ хоҷагиҳои замонавии чорводорӣ пайдо шуда истодаанд, ки аз ҳар сар гов соле 10 – 12  тонна шир мегиранд. Дигарон ҳам, агар дар парвариши чорво ба онҳо пайравӣ намоянд, шири зиёд ба даст меоранд.  Роҳбарони ин хоҷагиҳо зотҳои беҳтаринро аз хориҷа оварда, онҳоро бо хӯроки зарурӣ таъмин ва хуб нигоҳубин мекунанд, -  гуфт вазири кишоварзӣ. 
Ҷалил Пиризода, директори Институти иқтисодиёт дар соҳаи кишоварзӣ,  сабаби кам будани хӯроки омехтаи чорворо дар набудани мутахассисони замонавии соҳа дониста чунин тазаккур дод: 
- Дар ҳалли масъалаи таъмини хӯроки серғизои чорво кадрҳои баландихтисос нақши муҳим мебозанд.  Мутахассис  бо истифодаи технологияи муосир дуруст муайян карда метавонад, ки барои гови  зотии дӯшоӣ чӣ қадар хӯроки консентратӣ лозим аст ва онро аз чӣ омода бояд кард? Масалан, таркиби хӯроки говҳои дӯшоие, ки рӯзе 30 литр шир медиҳанд, 60 дарсад аз ҷав иборат аст. Ин нишондиҳанда барои модаговҳое, ки 40 литр шир медиҳанд, 40 дарсадро ташкил медиҳад. Мутобиқ ба чунин талабот омода ва хӯрондани ғизои ширадору омехтаро танҳо мутахассиси воқеӣ ба ҷо меорад . 
Дар ҳақиқат, имрӯзҳо фаъолияти баъзе фермаҳои замонавии парвариши чорвои зотӣ нишон медиҳад, ки бидуни мутахассис ва таъмини техникаю технологияи нав, аз ҷумла дар соҳаи мазкур, расидан ба дастовардҳои баланд мушкил аст. Масалан,  дар маҷмааи чорводории ҶДММ “Мармарӣ” дар ноҳияи Ёвон тарзи нигоҳубини чорво ва таъмини хӯроки онро дар асоси шартнома бо ширкатҳои аврупоӣ  мутахассисони замонавӣ бар уҳда доранд. Ҳамин аст, ки дар кишвар корхонаи номбурда калонтарин иқтидори истеҳсолӣ ва пешрафта дар самти таъмини гӯшт ба ҳисоб меравад. Он  дорои коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехта буда, иқтидораш дар як соат як тонна мебошад. 
 
КОРХОНАЕ, КИ МИСЛИ СИТОРАИ ЗУЗАНАБ ЗУД НОПАДИД ШУД
- Панҷ сол пеш як гурӯҳи кории Вазорати саноат ва  технологияҳои нав ва чорводорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзӣ ҷиҳати ташкили корхонаи хӯроки ғизонок муроҷат намуданд. Мо - ходимони вақти  институт дар асоси 22 элемент ва микроэлементҳо  барои омода кардани хӯроки серғизо  тавсиянома тайёр кардем. Онҳо дар асоси тавсияномаи мо дар назди корхонаи орди ноҳия истеҳсоли комбикормро ба роҳ монданд, ки дарвоқеъ, маҳсулоти босифат ба даст омад. Корхона як муддат хеле фаъол буд, аммо чун ситораи зузанаб зуд аз байн рафт. Монеаи асосии истеҳсоли комбикорми серғизо сари вақт дарёфт нашудани  компонентҳои таркиби хӯрока буд. Яъне, ҳамаи он элементҳо ва микроэлементҳое, ки барои омодасозии хӯроки баландсифати чорво зарур аст, бо мушкилӣ дастрас мешаванд. 
 Ба ин хотир, мо - олимони институт ба хулосае омадем, ки аз ҳисоби компонентҳои дар кишвар фаровонбуда истеҳсоли комбикорми босифатро ба роҳ монем.   Масалан, дар бисёр гӯшаю канори Тоҷикистон маводе бо номи бентонит, ки онро гули бутта ҳам меноманд, мавҷуд аст. Ҳарчанд ба санг монандӣ дорад, хеле нарм буда,  беҳтарин ашёи хом барои истеҳсоли хӯроки чорво ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз он  ва  илова кардани элементҳои дигари дар диёрамон фаровон, хӯроки аълосифати чорво омода кардан мумкин аст. Хусусиятҳои бетонитро омӯхта, барои омодасозии хӯроки чорво лоиҳаи махсус омода намудем.  Барои татбиқи ин навоварӣ дар истеҳсолот ба Маркази патент ва иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо муроҷиат намудем, вале то ҳол аз сабаби маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ патентро дарёфт карда  натавонистем. 
Чанд сол пеш зери роҳбарии профессор Тоҷиддин Салимов  ходимони институт дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи хӯроки чорвою парандаро бо номи «Голден микс» таъсис доданд. Дар ин ҷо бо истифода аз бентонит  ва иловаи 22 элементи кимиёӣ  беҳтарин навъи хӯроки серғизои чорво  омода шуд, аммо баъди вафоти  бунёдгузори он Тоҷиддин Салимов фаъолияташ камранг гардид. 
 
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ ЧОРВОДОРӢ
Ба андешаи Ҷалил Пиризода, баробари камбуди хӯроки омехтаи чорво ва эрозияи чарогоҳҳо тағйирёбии иқлим ҳам ба маҳсулнокии чорвои ширию гӯштӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар шароити тағйирёбии иқлим олимону мутахассисони соҳа офаридани тухмиҳои мутобиқ ба хушксолию камобиро яке аз  роҳҳои ҳалли масъалаи таъмини  хӯроки серғизои чорво медонанд. Айни замон, роҳандозии  парвариши зироатҳои «Маҳзари шифо» ва «Алафи саудӣ» аз ҷониби тухмипарварони кишвар иқдомест дар ин ҷода. 
- Ин зироатҳо  маҳз барои заминҳои лалмӣ мутобиқ гардонда шудаанд. Масалан, «Маҳзари шифо» намнокии зиёд талаб намекунад. Барои нашъунамо ва ҳосилнокии он кифоя аст, ки баъди кишт як бор обёрӣ гардад. Аз як гектар  замини лалмӣ 12 – 16 сентнер ҳосил гирифта мешавад. Аз 100 кило тухми «Маҳзари шифо»  30 литр равғани аълосифат ба даст меоранд,  хошокаш барои чорво хӯроки серғизост, зеро дараҷаи равғаннокиаш аз кунҷора дида баланд аст.  Аз «Алафи саудӣ», ки дастоварди дигари олимони тоҷик аст,  дар бисёр минтақаҳои кишвар соле чор маротиба ҳосил гирифта, чорворо бо хӯроки ғизонок ба таври фаровон таъмин намудан мумкин аст. Кишти ин алаф, ҳамчунин, дараҷаи ҳосилхезии заминро баланд мебардорад. Вале, аз сабаби кам будани заминҳои таҷрибавии институт, васеъ намудани майдони кишти зироатҳои номбурда мушкил гардидааст. Барои он ки тухмиҳои навъи «Алафи саудӣ» ва «Маҳзари шифо»  зиёд истеҳсол шаванд, майдонҳои васеъ ва анборҳои махсус лозим, - гуфт Нуралӣ Бойматов, мудири шуъбаи тухмипарварии зироатҳои ғалла, лӯбиёӣ ва хӯроки чорвои Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.  
 
СЕ ОМИЛИ ТАЪСИРГУЗОР 
Ба андешаи профессор Ҷалил Пиризода, барои дар сатҳи 60 дарсад таъмин намудани аҳолии мамлакат бо ширу гӯшт бояд ба интенсивикунонии соҳаи чорводорӣ  рӯ оварем. Зеро сол ба сол бо афзудани аҳолӣ ва талабот ба ширу гӯшт, имкониятҳои табиии мавҷуда маҳдуд мегарданд. 
Барои роҳандозии усулҳои интенсивии парвариши чорво мутахассисону олимони  варзида, ба мисли Тӯйчӣ Рӯзизода,  Ҷалил Пиризода, Толибҷон Иргашов, ба ин хулоса  омадаанд, ки истеҳсоли бештари хӯроки серғизо, хушзоткунии чорво ва ҷалби мутахассисони дорои таҷрибаю  малакаи муосири соҳавӣ  роҳҳои асосии ҳалли масъалаанд.  Барои он ки ин омилҳои ба соҳаи чорводорӣ таъсиргузор ба ҳам пайванди ногусастанӣ пайдо намуда, дар ҳамоҳангӣ ба якдигар пеш раванд, бунёди фермаҳои махсуси парвариши говҳои зотӣ ва дар назди онҳо  ташкил кардани коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ба монанди ҶДММ «Мармарӣ» зарур аст. Ин кор ба он мусоидат менамояд, ки ҳадди ақал  ноҳияҳо бо ширу гӯшти истеҳсоли худӣ таъмин мегарданд. Оҳиста - оҳиста аҳолӣ низ ба самти чорводории интенсивӣ дар пайравӣ  ба чунин фермаҳои дорои зотҳои хуб ва шароити пешрафта  рӯ меоранд. Ҳамзамон, дастгирии молиявии олимону мутахассиони Институти чорводорӣ барои амалӣ намудани навоварии илмиашон ҷиҳати истеҳсоли хӯроки баландсифату серғизои чорво бо истифода аз маводи бентонит тадбирест таъхирнопазир. 
Паҳлуи дигари масъала фурӯши саривақтии маҳсулот аст, ки боиси ҳавасмандии бештари аҳолӣ ба  чорвопарварӣ мегардад. Вақте ҳар субҳ соҳиби гови дӯшоӣ  аз назди манзилаш шир фурӯхта даромади муайян ба даст меорад, ӯ мекӯшад, ки чорвояшро бо ғизоҳои мавҷуда – лаблабую ҷав, ҷуворимакка ва пасмондаи зироату сабзавотҳо  пайваста таъмин намояд. Ҳамзамон, талош меварзад аз чорвои каммаҳсул даст кашида, соҳиби говҳои хушзот шавад.  Дар маҷмӯъ, ин раванд муҷиби фаровонии маҳсулоти гӯштию ширӣ дар мамлакат хоҳад шуд. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2021    №: 139    Мутолиа карданд: 493
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед