logo

Хабарҳо

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

 
Деҳаи олимпӣ ифтитоҳ ва қабули варзишгарон шурӯъ шуд
То оғози ХХХII Бозиҳои олимпии Токио – 2020 (23 июл – 8 август) беш аз як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Ба ин муносибат деҳаи олимпӣ расман ифтитоҳ гардида, аввалин варзишгаронро қабул намуд. 
Деҳаи олимпӣ қариб шаш километр дуртар аз варзишгоҳи миллӣ ҷойгир буда, 21 бинои истиқоматӣ (3800 ҳуҷра) дорад. Интизор меравад, ки тақрибан 18000 варзишгар ва шахсони расмии иштирокчии олимпиада дар деҳаи мазкур истиқомат кунанд. Варзишгарон дастур гирифтаанд, ки бояд панҷ рӯз пеш аз оғози бозиҳо ба деҳа ҳозир шуда, на дертар аз ду рӯз пас аз анҷом онро тарк намоянд. 
Маҳдудиятҳо барои ҳифзи саломатии варзишгарон ва коҳиш додани хавфи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 пешбинӣ шудаанд. 
Тоҷикистонро дар олимпиада 10 варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншо Устопириён, Темур Раҳимов (дзюдо), Баҳодур Усмонов, Шаббос Нигматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Олимҷон Ишанов, Анастасия Тюрина (шиноварӣ) намояндагӣ мекунанд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпӣ хабар доданд, Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук) бо сабаби лат бардоштани пояш дар Бозиҳои олимпӣ ширкат карда наметавонад.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 314
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед