logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Мусофирон кай тариқи роҳи оҳан ба Россия мераванд?
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба ин суоли хабарнигори рӯзнома гуфт, ки КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати ба роҳ мондани рафтуои мусофирон тавассути роҳи оҳан ҳамаҷониба омода аст. 
- Дар ҳолати аз ҷониби Федератсияи Россия иҷозат додани ҳаракати нақлиёти роҳҳои оҳан дар кӯтоҳтарин муҳлат мо ба интиқоли мусофирон оғоз менамоем. Ҳоло тамоми сохторҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои кашондани одамон омодаанд ва дар ин маврид ҳеҷ мушкил вуҷуд надорад, - тавзеҳ дод номбурда.  
Ба иттилои вазири нақлиёт, давоми шашмоҳаи аввали соли равон бо роҳҳои оҳани ҷумҳурӣ ҳамагӣ 213 ҳазор мусофир кашонда шудааст, ки бештар равуои шаҳрвандон дар дохили кишварро дар бар мегирад. Қариб 2,7 миллион тонна бор интиқол ёфтааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешӣ 88,2 дарсадро ташкил медиҳад. 
Ҷиҳати таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт бошад, дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022 аз тарафи бахшҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳо наздики 48 ҳазор метри мукааб маводи зидди лағжиш, 181200 литр сӯзишворӣ, 232 тонна ангишт ва 431,5 метри мукааб ҳезум ҷудо гардидааст. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
Гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ - ҳалли проблема дар соҳаи геология
Дар соҳаи геология дар баробари омӯзиш ва кашфи канданиҳои фоиданок ҳалли проблемаи гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботҳо ва ҳисоби захираҳо аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки Саридораи геология дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба он диққати махсус дод. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур қисмати муҳими татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 - ро фаро гирифт. 
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геология, иброз дошт, ки захираи маъдан ҳангоми омӯзиши геологии қаъри замин муайян гардида, мутаассифона, дар бисёр маврид, хусусан ҳангоми коркард тасдиқи худро намеёбад. Ба чунин мушкилиҳо бисёре аз ҷамъиятҳои дар доираи иҷозатнома фаъолиятдошта рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ, гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ имконият медиҳад, ки омӯзиши геологӣ дар доираи барномаҳои муосир анҷом ёфта, захираҳои ҳисобишуда таҳлил гарданд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  “Ҷумҳурият”
 
 
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТ
Омӯзгорон аз пардохти маблағи хобгоҳ озод шуданд
Бо мақсади дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 1 январи соли 2021 андозаи музди меҳнати ҳамаи кормандонро дар доираи имкониятҳое, ки дошт, зиёд намуд. Инчунин, омӯзгорону кормандоне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунанд, аз пардохти маблағ барои истиқомат озод карда шуданд.
Дар ин бора ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ, инчунин гуфт: «Омӯзгороне, ки соли ҷорӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба миқдори 4000 сомонӣ ҳавасманд гардонда шуданд».
- Ҳоло дар донишгоҳ 257 омӯзгор, аз ҷумла 17 доктори илм, 115 номзади илм, 88 муаллими калон ва 37 ассистент барои пешбурди фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ ҷалб гардидаанд, - илова кард ректори донишгоҳ. 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
 
 
ҒИЗОНОКИИ ХОК КАМ МЕШАВАД
Чӣ бояд кард?
Дар ҳоле, ки гирифтани ду – се ҳосил аз як замин тақозо мегардад, сол ба сол ғизонокии таркиби хок кам шуда истодааст. Чӣ бояд кард? Ба ин суоли хабарнигори рӯзнома ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода дар нишасти матбуотӣ чунин посух дод: 
- Барои пешгирии ҳолат, бо назардошти пайдарҳамии кишти зироатҳо, бояд пас аз гирифтани ҳосил заминро ғизонок ва киштгардон кард. Ин яке аз шартҳои муҳими таъмини ҳосилнокист. Модоме ки сухан сари гирифтани ду - се ҳосил меравад, ғизоро пурра додан лозим аст. Агар замин сари вақт ғизонок нашаваду зироатҳо бо маводи зарурӣ таъмин нагарданд, замин хароб мешавад. 
Ҳар як хоҷагиро зарур аст, ки вобаста ба қитъаи замин, нақшаи киштгардон дошта бошад. Ғайр аз ин, ҳангоми рӯёндани ду – се ҳосил, бештар зироатҳои лӯбиёӣ: нахӯд, наск, лӯбиё, мош коштан даркор мебошад. Инҳо ҳосилнокии заминро барқарор мекунанд. Аз алафҳои бисёрсола бошад, юнучқа ва қатраборон дар ин шуморанд. Ҳамчунин, ба ҷуз доруҳои минералӣ, додани нуриҳои органикӣ, ба монанди пору ва кампосро набояд сарфи назар кунем. Дар ин сурат ҳосили дилхоҳ ба даст меояд. 
Ҳоло олимон барои ҷорӣ кардани киштгардони кӯтоҳдавр кор карда истодаанд. Ба ин васила заминҳо дар муддати кӯтоҳ барқарор мегарданд. 
Меҳрангез ҚОДИРОВА,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 681
19.08.2022


Ҷаласаи раисони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ

ВАРЗИШ

ТОШКЕНТ. ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СҲШ БАРГУЗОР ШУД

18.08.2022


СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ ВА ТАҚВИЯТИ РУҲИЯИ ШАНХАЙ

17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед