logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ АҶИБ
 
САВОЛҲО:
1. Таоми миллии тоторҳо.  2. Боғ, бӯстон. 3. Достони Ҳомер. 4. Донишгоҳ дар ИМА. 5. Миллати асосии Ереван. 6. Давлат дар Африқо. 7. Шерлок … . 8. Парандаи калони моҳихӯр. 9. Кӯҳи ҳайкалҳо дар иёлати Дакота. 10. Ғолиби озмуни «Евровидение-2009». 11. Номи киштии  бритонӣ, ки соли 1911 ба киштии калони «Олимпик» бар хӯрд. 12. Пойтахташ Махачқалъа. 13. Силвестр…. 14. Киштии кайҳонии амрикоӣ. 15. Бонуи аргентинӣ, қаҳрамони фоҷиаҳои баҳрӣ. 16. Маликаи Британия. 17. Нотаи чоруми мусиқӣ. 18. Мӯйи асп. 19. Тамғаи тапонча. 20. Пайвандаки пайвасткунанда. 21. Пасванд. 
22. Қисми симчӯби барқӣ. 23. Устухони фил. 24. Номи мардонаи чинӣ. 25. Бисёр махӯр, ... макун, фош масоз. 
26. Ширкати мошинсозӣ дар ИМА. 27. Шабакаи радиоии Русия. 28. Рухсора, чеҳра. 29. Ҳайвонҳое, ки миёни худ маросими дафн мегузаронанд. 30. Кӯли шӯр дар Туркия. 
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ,
сокини ноҳияи Данғара
 
Ҷавоб ба «Муаммои рақамӣ» аз 9 июли соли 2021:
А чап ба рост: 1. 1911, 3. 1931, 5. 1908, 6. 806, 7. 6200, 8. 1992, 9. 262, 10. 2005, 12. 1980, 13. 1880.
Аз боло ба поён: 1. 1971, 2. 1888, 3. 1526, 4. 1000, 6. 892, 7. 632, 8. 1914, 9. 2000, 10. 2001, 11. 5500.
 
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ЗАНИ 100-СОЛА АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ
Дар Тоҷикистон Шарофат Қодироваи 100 - сола, ки  мубталои бемории коронавирус буд, комилан шифо ёфт. Дар ин бора сомонаи Sputnik хабар додааст. 
Тибқи иттилои сомона, Шарофат Қодирова дорандаи мукофотҳои давлатию меҳнатии Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе табобат гирифт. Ин дар ҳолест, ки бино ба баъзе андешаҳо, инсонҳои солашон ба ҷое расида, аз чанги коронавирус раҳо намеёбанд.  
Шифои зани 100-сола аз коронавирус далели он аст, ки инсоният зидди ҳама гуна вирус мубориза бурда метавонад, агар иродаи қавӣ дошта бошад.
Таҳия Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Мисли инсони солхӯрда, ки ҳар чизи беҳтаринаш, яъне наврасиву навҷавониву миёнсолӣ, қудрату тавон ва авҷу парвозҳош дар гузашта монда: ҳамчунин ҳар чизи беҳтарини ин миллати қадима монда дар гузашта. Аз ин боис гузаштаро ва ҳар чизи гузаштаро арҷу эҳтиром мегузорад, ҳатто мепарастад. 
* * *
Шеъри ман!
Хуни ҷигар, ё пораи дил гӯямат,
Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гӯямат,
Ё хуруҷи мавҷ дар домони соҳил гӯямат,
Роҳатат аз ҳад зиёду заҳматат з-он бештар,
Мухтасар сар то ба по савдои мушкил гӯямат.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 9 ИЮЛИ СОЛИ 2021:
Г. Г. Маркес,  Камоли Хуҷандӣ
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Аҷоиб, аксаран одамон барои он ки беақлӣ кунанд, аз ақл кор мегиранд.  
Франсуа де Ларошфуко
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
АТРИЁТ 
НА ТАНҲО ХУШБӮИСТ ОН ТАЪРИХИ ХУДРО НИЗ ДОРАД
Франсуа Коти аввалин атторе мебошад, ки барои ҷалб кардани харидорон дар  шишаҳои зебову ғайриодӣ  гирифтани атрро пешниҳод кард.
* * *
"Eau de Cologne 4711" яке аз хушбӯтарин атрҳои  дунё эътироф мегардад. Он соли 1796 омода гардида, бо хушбӯияш дар олами атторӣ таҳаввулотро ба вуҷуд овард. Ин атрро императори Фаронса Наполеон ва маҳбубааш Ҷозефина истифода мебурданд.
* * *
Гаронарзиштарин атри олам «Clive Christian's Imperial Majesty» ба ҳисоб меравад. Шишаи он аз булӯри кӯҳӣ таҳия гардида, бо тилло ва алмос оро ёфтааст. То ҳол фақат 10-тои онро бо нархи 215 ҳазор долларӣ фурӯхтаанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
 
ДУБАЙ 
ИФТИТОҲИ ЧУҚУРТАРИН ҲАВЗИ ШИНОВАРИИ ҶАҲОН 
Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, ки дар он баландтарин бинои осмонбӯси «Бурҷи Халифа» ва бузургтарин маркази савдои "Дубай тиҷорат" ҷойгир аст, чуқуртарин ҳавзи шиноварӣ ифтитоҳ гардид. Чуқурии он  60 метр буда, гунҷоишаш 14 миллион литр обро ташкил медиҳад. Ба ин хотир,  27 июн онро ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил карданд.
Иншоот бо системаҳои муосири равшанидиҳанда ва садо муҷаҳҳаз буда, ҳамзамон, барои бехатарии тамошобинон дар ҳавз 56 камераи назоратӣ  насб шудааст. 
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА
 
 
 
ҲИКМАТИ ПАДАР 
Писар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард. Падар ӯро ба хона хонд ва рӯйпӯши мошинеро, ки солҳо дар гараж нигоҳ медошт, бардошт: 
- Ин ҳадияи ман аст. Назарногир тобад ҳам, мошини одӣ нест. 
Вале ин туҳфаи ногаҳонии падар табъи писарро болида насохт. Падари рамузфаҳм бо лабханд афзуд: 
- Писарам, - ку як бор онро ба мошинбозори ҳамсоя бар. 
Писар пас аз чанде омаду гуфт: ҳамагӣ 1000 рубл нарх карданд. Мегӯянд куҳна асту аз истифода берун. 
Бо тавсияи падар ҷои дигар бурд, се ҳазор рубл нарх монданд… 
- Акнун онро ба клуби мошинҳои нодир бубар, писарам, - роҳ нишон дод падар.   
Андаке нагузашта писар шодону хандон назди ӯ ҳозир шуд: 
- Тасаввур намекунӣ, вале арзиши мошинро ба 12 миллион рубл бардоштанд. Бисёр нодир будааст ин тамға… 
- Бале, писарам. Ин ҳикматро дарёб, ки дар ҳаёт ҳар касе туро аз нигоҳи худ баҳо медиҳад ва ту танҳо дар ҷои худ соҳиби обрӯву эътибор мешавӣ.  
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
ТАРАБХОНАИ 700-СОЛА БА ФУРӮШ ГУЗОШТА ШУД
Дар  деҳаи Уэлси Шимолӣ тарабхонаи Y Gegin Fawr-ро ба фурӯш гузоштанд, ки таърихи 700-сола дошта, куҳантарин муассисаи соҳа ба шумор меравад. 
Нархи ибтидоии он 110 ҳазор фунт стерлинг (152 ҳазор доллар) муқаррар гардид. Боиси тазаккур аст, ки  онро соли 1300 бунёд кардаанд. Дар асри XVII мавриди навсозӣ қарор гирифт, зеро дар ин давра зоҳидони зиёде ба шаҳри Пулхели музофоти Гуинет барои зиёрати оромгоҳи шоҳи маъруфи бритонӣ Артур меомаданд.
Толорҳои он аз чӯби сиёҳи камёб сохта шуда, деворҳояш аз санги сафеданд. 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ХАРСАНГҶУССА
Дар яке аз шаҳракҳои ҷануби Франсия марди 48-солаеро дарди дил аз пой афтонд. Зарур омад, ки ӯро фавран ба беморхона баранд. Аммо кормандони «Ёрии таъҷилӣ» намедонис-танд, ки ин мақсадашонро чӣ тавр амалӣ созанд, зеро бемор 300 килограмм вазн дошту аз дари хона баровардани ӯ илоҷ надошт. 
Баъдан, онҳо маҷбур шуданд, кормандони ҳолатҳои фавқулодаро барои ёрӣ даъват намоянд. Ходимони ин ниҳод ба кумак шитофта, тирезаи хонаро канданд ва харсангҷуссаро тавассути крани борбардор берун оварданд.  Вале, мутаассифона, мариз дар мошини «Ёрии таъҷилӣ» низ ҷой нагирифт, он барояш тангӣ кард. Аз ин лиҳоз, ӯро дар бордони мошини боркаш ба бемористон расонданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
 
 
«ОК»-ро бояд донем! 
Солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон (1939 – 1945)  ҳукуматдорони Англия пас аз муҳорибаҳо барои дақиқ кардани шумораи сарбозони кушташуда рӯи парчам теъдоди онҳоро сабт менамуданд. 
Ба ҳамин минвол муддати мадиде гузашт ва оқибат рӯзе  фаро расид, ки  касе дар ҷанг ҳалок нашуд. Аз ин рӯ,  онҳо рӯи парчам калимаи «OK» (окей)-ро навиштанд. Аз ҳамон рӯз минбаъд ҳар вақте ки коре бомуваффақият анҷом меёфт аз калимаи «OK» истифода мебурданд ва он ба маънои хушиву комёбӣ оҳиста оҳиста дар саросари олам маъмул гардид.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
КУШТОР
ПУЛИС БАЪДИ 3700 СОЛ БА ҶОЙИ ҲОДИСА РАСИД
Дар Тел-Авив роҳгузаре ҷасади мардеро пайдо кард, ки аз зарби корд ба ҳалокат расида буд. Баъди задани бонги хатар се мошини  пулис ба ҷойи ҳодиса таъҷилан роҳ пеш гирифт. Вале  чун баробари дидани ҷасад маълум шуд, ки пулис на як соату ду соат ё як рӯзу ду рӯз, балки 3700 сол дертар расидааст.
Гап дар сари он аст, ки ҷасади пайдошуда, скелети марде бо захми корд дар қаваси сина будааст, ки ҳанӯз дар асри биринҷӣ ҳангоми набард кушта шудааст. Скелетро коргарон ҳангоми таъмири роҳ аз зери хок пайдо намудаанд. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, 
тарҷума аз русӣ
 
 
 
АМАЛЕ, КИ  ҚОБИЛИ ПАЙРАВИСТ! 
Имрӯзҳо, ки тағйирёбии иқлим мавзӯи меҳваристу нобудшавии ҷангалзорҳо боиси ташвиш, амали суратгири бразилӣ Себастян Салгадо ва ҳамсараш Ледия Делиуз Ваник Салгадо қобили пайравист. Онҳо дар ноҳияи Минас – Жерайси Бразилия тайи 20 соли ахир 2 миллион дарахт шинонда, беш аз 7 миллион гектар ҷангалзори маҳвгаштаро барқарор намуданд. 
- Ягона мавҷудоте, ки оксиген ҳосил мекунад, дарахт аст. Бояд дар маҳаллаҳо дарахт шинонда, ҷангалҳоро барқарор кунем. Агар раванди нобудшавии ҷангал идома ёбад, ҳайвонот ҳам нобуд мегарданд, ки ҳаргиз ба ин набояд роҳ дод,- мегӯяд Салгадо. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОАВА
 
 
 
 
ТАҚДИРИ ИНСОН ДАР ДАСТИ ҲАЙВОН
Алексей Аракчееви машҳур, ки Ермоловро чандон дӯст намедошт, аз болояш ба император Александри I шикоят бурда, аз ҷумла мегӯяд, ки дар муҳорибаи назди Лютсен бо айби фармондеҳ Ермолов артиллерия хуб кор накард. Император, таъҷилан, Ермоловро назди худ хонда, сабаб мепурсад:
- Дуруст аст, Олиҷаноб, - тасдиқ мекунад фармондеҳ ва шарҳ медиҳад, ки воқеан аслиҳа пурра истифода нашуд, вале сабаби асосияш нарасидани аспҳои ҷангӣ буд, на чизи дигар.
- Чаро аз фармондеҳи қӯшунҳои савора граф Аракчеев ёрӣ нахостед, - мепурсад император.
- Чанд маротиба дархост кардам, вале як асп ҳам кумак накарданд. Император якбора асабӣ шуда, ба сари Аракчеев дод мезанад:
- Чаро сари вақт ба артиллерия асп надодед?
- Мебахшед Олиҷаноб, илоҷ надоштем, аспҳои ҷангӣ барои худамон ҳам камӣ кард.
Ермолов, ки ҳамин фурсатро интизор буд, бо ишора ба Аракчеев якбора луқма мепартояд:
- Дидед, Ҷаноби Олӣ, баъзан, тақдири инсонҳо ба як ҳайвон вобаста мешавад.  
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
АВВАЛИН ПАРВОЗИ ЗАНИ САРНИШИН  ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар кишвари мо нахустин бор парвози мустақили зан ба сифати сарнишини тайёра сурат гирифт. 
Чуноне иттилоъ дода мешавад, Татяна Афентиева (узви ҳайати ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”) парвозро ҳамчун сарнишини дуюм дар хатсайри доимии Душанбе – Тошканд – Душанбе бомуваффақият анҷом дод. Командири тайёра Шуҳрат Раҳимов тӯли парвоз кори Татянаро назорат бурда, ба он баҳои баланд дод. 
Бояд гуфт, ки Татяна дар ин ҷода мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуд. Ӯ фаъолияташро соли 2011 дар ширкати "Сомон Эйр" аз роҳбалад оғоз бахшид. Пас  аз худ кардани нозукиҳои касб, ниҳоят, соли 2020 ҳамчун сарнишин ба ҳайати “Сомон Эйр” шомил гардид.  Татяна хатмкардаи омӯзишгоҳи авиатсияи граждании Сасови Федератсияи Россия мебошад.  
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
ТАЙЁРАИ БЕСАРНИШИНИ ХОНАНДАИ ТОҶИК
Хонандаи синфи 11-и мактаби рақами № 2-и шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Назаров бо роҳбарии устодаш Ҷалил Раҳимов тайёраи бесарнишин сохт. 
Тавре иттилоъ дода мешавад, барои омода намудани он 1 500 сомонӣ сарф гардидааст. Дарозиаш 2 метр буда, ҳар як қаноташ  2,5-метрӣ мебошад. 
Тайёра фосилавӣ идора мешавад ва метавонад ба масофаи 2 километр парвоз кунад. Иқтидори борбардориаш 10 килограммро ташкил дода, барои назорати сарҳад нигаронда шудааст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
МӮЙЛАБ
«СИРР»-И МУВАФФАҚИЯТИ ШИНОВАРИ ИМА ОШКОР ШУД
Қаҳрамони бисёркаратаи Бозиҳои олимпӣ оид ба шиноварӣ Марк Спитс (ИМА) дар баробари варзишгари машҳур будан, инчунин, бо мӯйлабаш шуҳрат дошт. 
Боре дар яке аз мусобиқот мураббии мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ аз ӯ мепурсад, ки оё мӯйлабаш ҳангоми шиноварӣ ҳаракаташро суст намекунад? 
Варзишгар дарҳол бо ҳазл ҷавоб медиҳад: 
-Баръакс, мӯйлабам  шиддати обро паст карда, суръати шиновариамро меафзояд. 
Аҷиб, вале ин шӯхии Маркро мураббии шӯравӣ ҷиддӣ қабул мекунад.  Ва баъд аз як сол дар яке аз мусобиқаҳои байналмилалӣ Спитс мебинад, ки шиноварони шӯравӣ ҳама мӯйлаб мондаанд. 
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 
 
 
 
ДАВОИ БЕХОБӢ
Замоне ки Конрад Аденауэр (аввалин канслери Олмон) мири шаҳри Кёлн буд, як корманди танбалу коргурезаш ба ӯ арзи дил мекунад:
- Ҷаноби  Аденауэр, муддатест бехобӣ мекашам, давое намеёбам. Ҳамаи доруҳоеро, ки хоб меоваранд, озмудам, аммо бенатиҷа…
Аденауэр маънидорона дарҳол мегӯяд:
-Хуб, канӣ як бор корро озмуда бинед!
Умар АЛӢ
 
 
 
ЧЕМПИОНАТИ АВРУПО
Автоголи Матс ба фарзандаш хурсандӣ бахшид
Дар бозии марказии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Аврупо оид ба футбол тими мунтахаби Франсия бар Олмон бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашт. Тӯби ягонаи дидор худгол (автогол) буд, ки ҳимоятгар Матс Хуммелс вориди дарвозаи дастааш намуд.  
Писари 3-солаи ӯ, ки паси оинаи нилгун ин рақобатро тамошо дошт аз «гол»-и задаи падар хурсандӣ мекунад. Хуммелс дар иртибот ба ин чунин гуфт: «Ба ман гуфтанд, ки писари 3 - солаам голи маро ҷашн гирифт ва хурсанд шуд. Аммо, намедонам ба ӯ чӣ гуна фаҳмонам, ки ин худгол буд». 
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2021    №: 142    Мутолиа карданд: 413
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед