logo

Хабарҳо

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Лента.ру. Ҳайати Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»   натавонистанд дар бораи оташбас дар Иди Қурбон ва раҳоии маҳбусони толиб созиш ба даст оранд. Нокомии музокироти дурӯзаро намояндаи дафтари сиёсии «Толибон» дар Қатар Муҳаммад Наим дар саҳифаи Твиттери худ эълом кард.
Вай қайд кард, ки қаблан бархе аз ВАО гузоришҳо дар бораи ба созиш  ба поён расидани мулоқот дар Доҳа нашр карда буданд ва таъкид кард, ки ин дуруст нест. «Чунин созиш ҳосил нашудааст. Ба ҷуз аз эъломияи муштарак, чизе ба мувофиқа нарасидааст», - таъкид кард Наим.
Ҳар ду тараф розӣ шуданд, ки музокироти сулҳро дар сатҳи баланд идома диҳанд, пораҳое аз изҳороти муштараки ҳайатҳо аз ҷониби шабакаи телевизиони Афғонистон TOLO News оварда шудаанд,-  менависад ТАСС.
 
 
Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд ҳамкориро тақвият диҳанд  
Синхуа. Чин омода аст бо кишварҳои Осиёи Марказӣ талошҳои муштарак барои таҳияи нақшаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои гуногун ба харҷ диҳад.  Дар ин бора узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ҳангоми мусоҳиба пас аз сафари худ ба Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин, иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои  СҲШ ва дигар нишастҳои бисёрҷониба изҳор дошт.
Ван И қайд кард, ки Чин ният дорад дар якҷоягӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ эътимоди тарафайну ҳамкориҳои мутақобилан судмандро тақвият бахшад ва нақши платформаи нави «Чин ҷамъи Осиёи Марказӣ» - ро барои ёрӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар суръат бахшидан ба рушд пурра истифода барад.
 
 
 
Маттиас Шепп: "Эътирофи мутақобилаи ваксинаҳои муассир зарур аст!"
ТАСС. Намояндагони тиҷорати Олмон аз ҷониби Русия эътироф шудани ваксинаҳои хориҷӣ ва аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - "Спутник V" ва дигар доруҳои Россияро истиқбол мекунанд. Вирус ба шаҳрвандӣ бетафовут аст ва эътирофи мутақобилаи ваксинаҳои самарабахш зарур аст, - гуфт рӯзи душанбе раиси Шӯрои Палатаи савдои Россия ва Олмон Маттиас Шепп дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия".
Агар Русия ваксинаҳои хориҷӣ - чинӣ, амрикоӣ, олмонӣ ва Иттиҳоди Аврупо «Спутник V» ва дигар доруҳои Россияро эътироф кунанд, менеҷерон ва муҳандисони беҳтарини мо бечунучаро ва якдилона онро истиқбол мекунанд. Вирус ҳам ба русҳо ва ҳам ба олмониҳо ҳамла менамояд, он ба шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ намекунад. Усулҳои мубориза бо COVID-19 бояд ҷаҳонитар бошанд. Аз ин рӯ, эътирофи мутақобилаи ваксинаҳои муассир зарур аст", - гуфт Маттиас Шепп.
 
 
Изҳороти Сарвазири Ироқ  
ТАСС. Сарвазири Ироқ Мустафо ал-Козимӣ гуфт, ки ӯ ният дорад дар мулоқоти дарпешистодаи 26 июл дар Вашингтон бо Президенти ИМА Ҷо Байден масъалаи хотима додани ҳузури неруҳои мусаллаҳи Амрикоро дар қаламрави ҷумҳурии арабӣ баррасӣ кунад.
"Ман ба Вашингтон барои баррасии сатҳи муносибатҳои ИМА ва Ироқ, алалхусус масъалаи ҳузури низомиёни ИМА дар Ироқ ва амалиёти хуруҷи неруҳои мусаллаҳи он аз кишварамон меравам", - гуфт ӯ дар   мусоҳиба ба  шабакаи телевизионии Al Hadath .
Сарвазири Ироқ ба нақши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ироқ баҳои баланд дода, қайд кард, ки мақомоти Амрико ба Бағдод на танҳо аз нуқтаи назари ҳарбӣ, балки дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, иқтисод ва дигар соҳаҳо низ кумак кард. Вай афзуд, ки кумаки ИМА дар оянда барои омӯзиши артиши кишвар муҳим хоҳад буд.
"Мо ба дастгирӣ ва омӯзиши низомиён, алалхусус неруҳои ҳавоии худ, инчунин, хадамоти махсусе, ки бо боқимондаҳои «Давлати  исломӣ» мубориза мебаранд, ниёз дорем», - гуфт ӯ.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 782
19.08.2022


Ҷаласаи раисони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ

ВАРЗИШ

ТОШКЕНТ. ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СҲШ БАРГУЗОР ШУД

18.08.2022


СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ ВА ТАҚВИЯТИ РУҲИЯИ ШАНХАЙ

17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед