logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ФАРҲАНГ
Вазир бештар аз мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо гуфт
 
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор мутаносибан 60 - 70 дарсад бостонӣ, 23, 4 дарсад меъморӣ ва 6 дарсадро монументалӣ ташкил медиҳанд. Теъдоди мазкур ниҳоӣ набуда, бо бозёфти объектҳои навкашфшуда миқдори онҳо низ афзоиш хоҳад ёфт. 
Гуфта шуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон 7088 муассисаи фарҳангӣ (ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнӯъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва муассисаҳои табъу нашр) ба қайд гирифта шудааст. Аммо дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар сатҳи зарурӣ нарасидани созҳои миллии мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, мизу курсӣ, китобҳои тозанашри тахассусӣ, ҷевону рафҳои китоб, пардаю пешпардаҳои саҳнавӣ, декоратсия, грим, бутафор, маҷмӯи асбобу анҷоми театрӣ (реквизит), арғунчаку чархофалакҳо, воситаҳои нақлиётӣ, таҷҳизоти гармидиҳию зиддисӯхторӣ, камераҳои назоратӣ, озмоишгоҳҳои таъмиру тармими ашёи осорхонавӣ мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мераванд, ки гоҳо ҷиҳати кори соҳаи фарҳанг дар шаҳру навоҳии кишвар монеаҳо эҷод мекунанд. 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ҒАФУР МУҲСИНЗОДА: «Мавҷудияти «Делта» дар Тоҷикистон эҳтимол дорад»
- Барои дақиқ муайян намудани он ки дар Тоҷикистон кадом навъи COVID - 19 мавҷуд аст, як силсила корҳои омӯзишӣ анҷом дода, натиҷаи онро ба  озмоишгоҳи махсуси шаҳри Лондон фиристодем ва ҳоло мунтазири посух мебошем. Аммо, нишонаҳое, ки дар беморон мебинем ва бо назардошти он ки имрӯз дар ҳамсоякишварҳои мо штамми «Делта» сабт шудааст, эҳтимол дар Тоҷикистон низ ин навъи коронавирус паҳн гардидааст, - гуфт Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки агар як сабаби бошиддат паҳншавии беморӣ штамми «Делта» бошад, омили дигар пурра риоя нагардидани талаботи беҳдоштию зиддиэпидемикӣ байни аҳолӣ мебошад.
Таҳқиқи эпидемиологии мутахассисон нишон дод, ки 43,1 дарсади беморон дар шароити хона ва ё ҳангоми нигоҳубини бемор, яъне дар алоқамандӣ, 17, 4 дар ҷойи кор, 16, 8 ҳангоми ширкат дар чорабиноҳои гуногун, 22,7 дар  бозор ва марказҳои савдо сироят ёфтаанд. Ҳоло ҳар рӯз то 25 нафар бо натиҷаи мусбати ташхиси озмоишгоҳӣ дар беморхонаҳои кишвар бистарӣ ва 17 нафар рухсат мешаванд.
-Таҳлили вазъи баамаломада нишон медиҳад, ки фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа барои пешгирии паҳншавии сироят кофӣ набуда, дар ин самт фаъолияти бевоситаи ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва ҷомеа зарур мебошад, - гуфт Ғафур Муҳсинзода.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»
 
 
Сайёҳии дохилӣ рӯ ба рушд аст
Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сарфи назар аз ҳамаи мушкилот ба Тоҷикистон 125 ҳазор сайёҳ ташриф овард. Миқдори сайёҳони хориҷие, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ вориди Тоҷикистон шуданд, танҳо 190 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи сайёҳони дохилӣ бошад, ба 14 ҳазору 300 нафар расидааст. 
- Ин нишондиҳандаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мо сарфи назар аз мушкили ворид нашудани сайёҳони хориҷӣ имрӯз саёҳати дохилиро ривоҷ дода истодаем. Шумораи сайёҳони дохилие, ки аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ хизматрасонӣ шудаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 126 нафар зиёд аст, - гуфт раиси кумита.
Гуфта шуд, ки имрӯз яке аз омилҳое, ки барои соҳаи сайёҳӣ муҳим арзёбӣ мегардад, ваксинагирии фарогир аст. Агар Тоҷикистон ин тадбирро, ки алҳол хуб ба роҳ мондааст, идома диҳад, пас пешравӣ дар ин самт ояндаи наздик таъмин хоҳад шуд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
 
 
МТС
- Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди таҳлилӣ ва машваратии кишвар аз рӯи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2021 дар самтҳои зерин таҳқиқот мегузаронад: амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он, роҳҳои баландбардории амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон, - иброз дошт директори марказ Хуршед Зиёӣ зимни нишасти матбуотӣ. 
Ӯ афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Созмони олмонии ҳамкории байналмилалӣ, Маркази дипломатияи пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод), ҳамкориҳоро густариш дод. Маркази тадқиқоти стратегӣ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
НОРАК
Қадамҳои устувор дар роҳи саноатикунонӣ
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак баҳри амалӣ гардондани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор мегузорад. Мақсад аз ин иқдом бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ бунёди корхонаҳои нав, таъсиси  ҷойҳои нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мебошад,- иброз дошт раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода дар нишасти матбуотӣ. 
Тавре гуфта шуд, корхонаҳои саноатии шаҳр тайи шаш моҳи соли равон  ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар ин давра аз тарафи соҳибкорони ватанӣ коргоҳҳои истеҳсоли дарвозаҳои оҳанин, орд ва фермаи парандапарварӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, онҳо нақша доранд, ки  то охири сол корхонаҳои тавлидоти қуму шағал, шпатлёвка, родбанд, ранг, гипсокартон, семент ва хишти пухтаро ба истифода диҳанд. Айни замон дар ин корхонаҳо васлу насби дастгоҳу таҷҳизот ҷараён дошта, баъди эъмори иншооти мазкур зиёда аз 70 нафар  бо ҷои кори доимӣ таъмин мегардад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 415
17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТ

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР БМТ

06.09.2021


БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПӢ

03.09.2021


Шумораи махсуси маҷаллаи “Business Central Asia” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

«ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАНЗИМИ МАСЪАЛАИ АФҒОНИСТОН»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед