logo

номаҳо

ШУКРОНАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолияту сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадаанд. Аҳриманҳо ва фарзандони нохалафи кишвар, ки худро тоҷик меҳисобанд, вале дар асл тоҷик нестанд, бо ёрии душманон Тоҷикистонро ба хоку хун оғушта карданд, халқи ба таҳлука омадаро аз хонаву дараш пеш намуданд, онҳоро сӯхтанд, талаву тороҷ карданд.
 
Мегӯянд, ки «дунё холӣ нест», ҳар як давру замон бо амри Ҳақ таоло фарзандони бонангу номус ва ҷасуру ҳимматбаланд ба майдон меорад. Дар ҳамин вақти ҳассос, ки касе касеро намешинохт, халқ ба ҳар тараф фирор карда буд, дуои мустамандонро Худованд мустаҷоб гардонд. 
Шахсияте чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Дар ҷаласаи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Тоҷикистон сарварии давлати Тоҷикистонро ба уҳда гирифт. Ӯ чун фарзанди фарзонаи миллат, бо ибтикор ва ҷасорату мардонагӣ ва ақлу заковат ба кишвари мо сулҳу ваҳдат овард. Халқи парешони ба ҳар тараф сарсону саргардонро дар хонаву дарашон ҷобаҷо кард. Бо ҷасорати худ, бо ғайрати шеронааш дар байни муҳоҷирони ба Афғонистон рафта суҳбат карда гуфт: «Эй мардум, ман шуморо ваъдаи зару тилло намедиҳам, лекин як бурда нонро бо ҳам мехӯрем!»
Ин сухани Пешвои миллатро халқ хуш ва бо боварии том пазируфта, омада хонаву дари худро соҳибӣ ва обод кард. Ҳамин тавр, халқ Роҳбари худро ёфт, сулҳу ваҳдат ба амал омад, Тоҷикистон гул-гул шукуфт.
Бо кӯшишу ғайрати  ин фарзанди фарзонаи миллат кишвари мо дар арсаи ҷаҳон бештару беҳтар маълуму машҳур гашт ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар як муддати кӯтоҳ, яъне 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба миқдори як садсола пешрафт кард. 
Бо амри Худо ва бо қадами неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуҳои деринаи мардуми тоҷик, аз ҷумла мани даргузашта чӯпон, амалӣ гардиданд. 
 
Ҳоҷӣ Нормаҳмади ШОҲАҲМАД,
деҳаи Мадрушкат, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2021    №: 172    Мутолиа карданд: 3857
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед