logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
БАХШИДА БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Неъмати асосие, ки Тоҷикистон дар сӣ соли охир ба даст овардааст. 2. Ноҳия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 3. «*** чизи таҷовузнопазир аст». 4. Муродифи амр. 5. Шаҳри энергетикҳо. 6. Қалъаи бостонӣ, ки замони истиқлол дар  ҷумҳурӣ кашф гардид. 7. Ихтисораи номи умумии неругоҳҳо. 8. «*** ду гетӣ, тафсири ин ду ҳарф аст». 9. Нақб дар ҷумҳурӣ. 10. Фатҳу зафар. 11. Миллат. 12. Шаҳр дар ҷануби Тоҷикистон. 13. Воҳиди маъмурӣ, шаҳр.  14. Ҳамдигарфаҳмӣ, ба ҳам омадан. 15. Шаҳре, ки дар он ҷо яке аз музокироти байни тоҷикон барпо гардидааст. 16. Муаллифи асари «Давлати Сомониён». 17. Ҳарфи алифбои ниёгон. 18. Зодгоҳи ҳар шахс. 19. Неъмати моддӣ. 20. Муншии дарбори Сомониён. 21. Шаҳри саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон. 22. Подшоҳ, мир. 23. Оммаи фармонбардор. 24. Осоиштагӣ, амонӣ. 25. Адолат, раҳм. 26. Ноҳия дар Тоҷикистон. 27. Аспи Рустам  дар «Шоҳнома». 28. Муқобили рӯз.  
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД,
хабарнигори ҳафтаномаи «Омӯзгор»
Ҷавоб ба муаммои «Нури истиқлол» аз 3 сентябри соли 2021:
1. Интихобот,  2. Тунис,  3. Сангвор, 4. Роғун, 5. Нитроген, 6. Норак, 7. Камила, 8. Аргентина, 9. Анқара, 10. Ашт, 11. Турсун, 12. Нил, 13. Лоиқ, 14. Каср, 15. Рахимзода, 16. Айнӣ, 17. Истиқлол, 18. Лахш, 19. Шаҳристон. 
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Вайбер: 
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
 
 
БАЙТ
Асрори  калимаҳо
Маънии луғавии «байт» хона аст. Дақиқтараш, маконест, ки кас шабро дар он ба сар мебараду рӯз мекунад. Маънии истилоҳии «байт» дар илми адабиётшиносӣ ду мисраи манзум аст, ки аз ҷиҳати мазмун ва шакл бо ҳам алоқаманд мебошад. Албатта, ҳар ду арабиянд. Аммо «байт» - и дигаре вуҷуд дорад, ки шояд арабӣ набошад. Он солҳои пеш дар шеваи ҷануб бештар маъмулу маълум буду ҳолиё низ кам ҳам бошад, мавриди истифода қарор дорад. Ҳангоми дархост аз овозхон мегуфтанд: «Байт бигӯ», «Байт бихон». Дар ин маврид он маънои сурудро мегирифт, на хона ва на назми думисрагиро. Байтро ба ҳамин маъниаш, яъне суруду суруда, Низомии Ганҷавӣ дар достони  «Лайли ва Маҷнун» - аш бисёр зебо ва нишонрас истифода мекунад. Ҳамин тавр, чунин гуфтану истифодаи калимаи мазкур дар асрҳои гузашта ва дар Ганҷаи Озарбойҷон ҳам роиҷ будааст. Барои намуна меорем:
Ҳар шаб зи фироқ байтхонон
Пинҳон бишудӣ ба кӯйи ҷонон.
Дар бӯса задиву боз гаштӣ, 
Бозомаданаш дароз гаштӣ.
Ва ҳам:
Ҳар байт, ки омад бар забонаш,
Бар ёд гирифт ину онаш. 
Низомӣ худ пештар аз ин «сурудаҳои корӣ» будани онро таъкид доштааст:
Мегуфт сурудаҳои корӣ,
Мехонд чу ошиқон ба зорӣ.
Яъне, аз манфиат холӣ нест, агар «байт» - ро моли миллат биҳисобем ва ба маънии «суруд», «сурудаи корӣ» дар фарҳангҳо ҷой бидиҳем.
 
Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
«ЗЕБОТАРИН ВА ХАТАРНОКТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА»
5. ТЕЗДАВИ КАБУД  (Синий гонщик)
 
Тездави кабуд аз морҳои заҳрдорест, ки, асосан, Амрикои Шимолиро барои сукунат ихтиёр кардааст. Тавре аз номаш пайдост, ин намуди мор ранги ғайриодии кабуд дорад, ки воқеан зебост. Саволе ба миён меояд, ки чаро тездав? Посух ин аст, ки ин ҷонвар суст ҳаракат карданро қабул надорад ва сарфи назар аз он ки аз пайи сайд аст ё не ҳамеша бо суръати баланд мехазад. Тездави кабуд бо он ки аз рӯи нишондодҳои суръату қувватнокӣ миёни дигар морҳо бартарият дорад, ҳамчунин кӯҳнаварди хуб аст. Ин хусусияти хос ба ягон хоянда имкон намедиҳад, ки аз чанголи ин мори хавфнок раҳо ёбад. Тездави кабуд на танҳо заҳрдор, балки бадҷаҳл низ маҳсуб меёбад; инсонҳоро дӯст намедорад ва ҳамеша мекӯшад, ки аз онҳо дуртар ба сар барад. Мутаассифона, тездави кабуд аз намуди морҳоест, ки рӯ ба нобудшавӣ дорад. Аз ин рӯ, мо – инсонҳо бояд нисбаташон ғамхор бошем. 
 
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«ҶОНВАРИ  БЕГУНОҲ»
Писарбача бо чашмони хоболуду нимкушо мебинад, ки модараш дар назди оина палтои нав пӯшида, ҷилва дорад.
- Модарҷон медонед, ки «шуба»-и шумо дар натиҷаи ҷонкании як ҷонвари бегуноҳ ба даст омадааст?
- Медонам ҷонакам, медонам, вале ту ҳақ надорӣ, ки падаратро ҷонвари бегуноҳ гӯӣ…
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ИЛОҶИ ВОҚЕА  ПЕШ АЗ ВУҚУЪ
 
Дар иёлати Вашингтони ИМА қонуни аҷибе амал мекунад, ки кас аз шуниданаш дар ҳайрат мемонед. Тибқи қонуни мазкур одамоне, ки бо мақсади ҷиноят содир кардан ба ин ҷо меоянд, бояд аввал ба полис занг зада, онҳоро аз нақшаи худ огоҳ созанд. 
Маълум аст, қонун бо мақсади коҳиш додани ҷинояткорӣ қабул шудааст, аммо, оё нафаре ёфт мешуда бошад, ки аз нияти бади худ ба полис хабар диҳад?    
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
Ҷорҷ Бернард Шоу: «Ноумедӣ тарсноктар аз пирӣ аст. Дар пирӣ ҷисми мо пажмурда мешавад, вале ва дар ноумедӣ рӯҳамон». 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
8 МУЪҶИЗАИ СОЗМОНИ ШАНХАЙ
6. «ҲАЛҚАИ ЗАРРИН»
«Ҳалқаи заррин» («Золотое кольцо»)-и Россия хатсайри сайёҳии пайвандкунандаи шаҳрҳои қадимаи шимолу шарқии ин кишвари бузург маҳсуб мешавад. 
Истилоҳи «Ҳалқаи заррин» ба адиб ва рӯзноманигор Юрий Бичков тааллуқ дорад, ки соли 1967 дар рӯзномаи «Советская культура» силсилаи очеркҳоро дар бораи шаҳрҳои қадимаи Рус таҳти унвони «Золотое кольцо» ба табъ расонд.
Ба «Ҳалқаи заррин» ҳашт шаҳр - Сергиев Посад, Переславл – Залесский, Ростов Великий, Ярославл, Кострома, Иваново, Суздал ва Владимир шомиланд.
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
УБУРИ ДУ НАҚБ БО ТАЙЁРА
 
Сарнишини  итолиёвӣ Дарио Коста аз ду нақби автомобилгард гузашта, рекорди ҷаҳонӣ гузошту ҳамаро дар ҳайрат монд. Парвози рекордиро  ӯ бо ҳавопаймои Zivko Edge 540  дар шаҳри Истанбул  иҷро намуд. 
Ин амалро ӯ дар 43,5 сония ва бо суръати 245 километр/соат амалӣ сохт.
- Чунин ба назар мерасид, ки ҳамааш мувофиқи нақша пеш меравад, аммо пас аз гузаштани нақби аввал тайёра таҳти таъсири боди яктарафавазанда қарор гирифт. Ҳатто як лаҳза ба худ гуфтам, ки нақби дуюмро убур карда наметавонам, лек илоҷи ба қафо баргаштан набуд.
Таваккал намуда, ҳавопайморо ба нақби дувум равона кардам. Ҳамин қадараш ба ёдам аст, ки бо дидани рӯшноӣ дар охири нақб вуҷудамро ҳисси аҷибе фаро гирифт, - иброз дошт Дарио Коста.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
ҲИССИ БЕАНДОЗАИ  МОДАР
Ҳавопаймое дар Индонезия суқут кард. Наҷотдиҳандагон кӯдакеро пас аз се рӯз дар рӯйи об пайдо карданд. Шояд модараш хатарро ҳис карда, ӯро ба халтаи наҷот печондааст. Бо вуҷуди заифӣ ва набудани инстинкти наҷот кӯдак зинда мондааст. Ин ҳама шаҳодат аз он аст, ки Худо хоста бошад, аз дохили оташ ҳам кас ҷон ба  саломат мебарад. 
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
ОЁ МЕДОНЕД?
1. Инсон ҳангоми мутолиа кам мижа мезанад.
2. Суръати миёнаи бориши борон 35 км/с аст.
3. Арзиши филми «Титаник» аз нархи худи киштии «Титаник» гаронтар афтодааст.
4. Бразилия ягона кишварест, ки дар ҳама мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳонӣ оид ба футбол иштирок кардааст.
5. Мексика дар истеҳсоли нуқра дар ҷаҳон ҷойи аввалро мегирад.
 
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
 
 
 
БАЛАНДТАРИН  МАЙДОНИ ПАРЧАМ ДАР ҶАҲОН
Миёни иншооти ҷашнӣ, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтанд, парчами миллӣ аз ҷиҳати меъморӣ ва макони ҷойгиршавӣ хеле нодир ба ҳисоб меравад. Баландии  сутунпояи  Парчами давлатии  Тоҷикистон 35 метр, дарозии матои он 65 ва паҳноияш 41 метрро ташкил медиҳад. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки ноҳияи  Мурғоб  дар баландии 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Бинобар ин парчаме, ки дар ин мавзеъ  насб мегардад,  дар ҷаҳон баландтарин майдони парчам  маҳсуб меёбад.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА  
 
 
 
ГУЛЛИТ РУУД - БУЗУРГТАРИН  ФУТБОЛБОЗ
Дар хориҷ аз кишвар комёбиҳои бештарро замони ҳунарнамоӣ дар ҳайати «Милан»-и Итолиё ба даст овард. Дар ҳайати ин даста 125 бор ба майдон баромада, 38 гол зад. Ду бор ғолиби Ҷоми чемпионҳои Аврупо (1989), Ҷоми байниқораӣ ва суперҷоми Аврупо (1990), чемпиони Итолиё (1988, 1992, 1993) дорандаи «Тӯби тиллоӣ» ва беҳтарин футболбози Аврупо, чемпиони Аврупо дар соли 1988. Бузургтарин футболбози охири солҳои  80 ва аввали солҳои 90 -и асри XX.
Дар бозии футбол нимҳимоятгар ва ҳуҷумкунанда. Дар дастаҳои ДВС Амстердам, «Хаарлем», «Фейеноорд» (Роттердам), ПСВ Эйндховен 108 гол задааст. Ин футболбози бузург Гуллит Рууди ҳолландист.
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
БОВАР НАКАРДАНИСТ
Ё ЧӢ ГУНА БОНУИ КАНАДАГӢ БЕШТАР  АЗ 1 СОЛ ЭҲСОСИ ГУРУСНАГӢ НАКАРД... 
Сокини Канада, ки сактаи майнаи сарро гузаронд, бештар аз як сол гуруснагиро эҳсос намекард. Тибқи назари мутахассисони Донишгоҳи Монреал чунин ҳолат дар таърих бори аввал рух додааст.
Зани 28-солаи ҳомиларо бо фалаҷи тарафи рост ва вайроншавии нутқ ба бемористон оварданд. Ҳангоми муоина мушаххас гардид, ки ин хонуми  канадагӣ ба бемории сактаи майнаи сар гирифтор шудааст.
Пас аз бемористон рафтан ин зан танҳо кислотаи атсетилсалитсилро истеъмол мекард. 
Табибон тадқиқот гузаронда, мушаххас намуданд, ки бемор ҳатто ҳангоми камбуди калория ягон сигнали физиологии оид ба хӯрдани ғизоро эҳсос намекунад. Танҳо пас аз 15 моҳи сактаи майнаи сар ӯ эҳсоси гуруснагӣ намуд. Воқеан, зани бемор дар ин муддат 10 килограмм лоғар шуда буд.
 
Таҳияи Раҷабалӣ  ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
7.  ШОҲ ВОРТИГЕРН
Британияи Кабир, ки нимаи дуюми асри V аз нигоҳи ҳарбӣ хеле ноустувор буд, барои қабилаҳои ҷангҷӯи атрофи Шотландия «сайди сабук» ба ҳисоб мерафт. 
Подшоҳи давр Вортигерн барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои ногаҳонӣ гурӯҳи калони зархаридони саксониро киро кард, то онҳо зери парчами Британия биҷанганд ва аз он ҳимоят кунанд. Баъди чанде саксониҳои пулмаст дарк карданд, ки ягона қувваи воқеии ҷангӣ худи онҳоянд ва шӯриш бардошта, Вортигернро сарнагун сохтанд. Ҳамин хатои бузурги таърихӣ сабаб шуду саксониҳои тахрибкор дар Британияи Кабир  қариб 200 сол салтанат ронданд. 
 
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
АРҶГУЗОРИИ ДӮСТОН  БА ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН 
Дар Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаҳои олмонии «Wostok» ва  «Business Central Asia» - и Ҳиндустон шумораҳои навбатии худро пурра ба Тоҷикистон бахшиданд. 
Дар шумораи махсуси маҷаллаҳо паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва миллати он инъикос гардида, барои сайёҳону шавқмандони тамаддуни тоҷик муфид мебошад.
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
МАХФИГОҲИ ТАФСОН
Бонкҳо кайҳо корро ба анҷом расонда, ба дари худ қулф зада буданд. Аз ин рӯ, як англиси бетоқат, ки соҳиби дукони калон буд, дастмузди рӯзонаро ҷамъ карда ба хона овард ва барои он ки дузде онро ба яғмо набарад, 10 000 фунт-стерлингро ба дохили бухории барқӣ гузошт. Баъди фурсате завҷааш ба хона омада зуд аз пайи гарм кардани хӯрок бухориро фаъол кард. Баъди дақиқае аз пулҳои коғазӣ ҷуз хокистари андак чизе боқӣ намонд. Пулҳоро зери болин гузоред, ба ҳар ҳол намесӯзанд. 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
 
 
ПУШКИН -  «АЛЕКСАНДР ОДИНАКО»
Ҳангоми дар литсей хонданаш, Пушкин дар қатори дигар ҳамсабақон аз ғурри-данҳои беисту эродгириҳои беҳудаи мураббии хориҷияшон Трико ба танг омада буд. Боре ҳамроҳи дӯсташ Вилгелм Кюхелбекер аз ӯ хоҳиш карданд, ки барои ба шаҳр тамошо рафтанашон иҷозат диҳад. Трико на танҳо рухсат надод, балки борони қаҳру ғазабро дар сари ин ду шогирди бечора арзонӣ рехт. Бо вуҷуди ин, як субҳи содиқ Пушкин дӯсташро ҳамроҳ гирифта, пинҳонӣ роҳи Петербургро пеш мегиранд. Ҷавонони шӯху наврас барои дар чашми дигарон хок пошидан, алоҳида дар ду «экипаж»-и аспӣ савор мешаванд. Муррабӣ чун шогирдони якравро дар наҳорӣ намебинад, аз нақшаи онҳо пай мебарад ва филфавр як экипажи дигар фармоиш дода, онҳоро таъқиб мекунад. Дар даромадгоҳи Петербург, ки назорат хеле қатъӣ буд, Пушкин худашро “Александр Одинако” ва дӯсташро, ки, аллакай, омада расида буд, «Василий Двако” муаррифӣ мекунад. Ҳар ду экипаж ҳанӯз аз назар ғоиб нашуда, ки мураббӣ ҳам расида меояд. 
- Номи шумо ҷаноб? - мепурсад полис.
- Трико, - мегӯяд мураббӣ.
Аз ин ҷавоби меҳмони нохонда дар дили пулис шубҳа меафтад: «Афсус, ду экипажи аввал худро «Одинако» ва «Двако» гуфта гузаштанд, «Трико» будани экипажи сеюм ҳеҷ наметавонад, ки тасодуфӣ бошад.
- Мутаассифона, мо ду рафиқи шуморо бовар карда, роҳ додем, вале шуморо то аниқ кардани ному насаби аслиятон зиндонӣ мекунем, дигар илоҷ надорем,- мегӯяд пулис.
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
СУХАНОНИ ПАНДОМӮЗ
 
Ду сол кофист, ки одам сухан гуфтанро биёмӯзад, аммо шаст сол ва беш аз он мебояд, то чи тавр сухан гуфтанро фаҳм бикунад.
* * *
Вақт ҷуброннопазир аст.
 
* * *
Як пирро пире дигар метавонад бифаҳмад, ки чи дард дораду чи ранҷу чи андуҳ.
 
* * *
Он чи Худо ба мо медиҳад, неъмат аст ва он чи намедиҳад, ҳикмат.
 
* * *
Ҳайвон наметавонад аз одам сухан гуфтанро биёмӯзад, аммо одам метавонад аз ҳайвон хомӯш монданро биёмӯзад.
 
Китобати Абдулқодири Раҳим
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2021    №: 181    Мутолиа карданд: 711
17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТ

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР БМТ

06.09.2021


БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПӢ

03.09.2021


Шумораи махсуси маҷаллаи “Business Central Asia” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

«ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАНЗИМИ МАСЪАЛАИ АФҒОНИСТОН»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед