logo

маориф

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ МАОРИФУ ИЛМ

Соли 1991 давлати абарқудрати Шуравӣ дар дами парокандагӣ қарор дошту ҷумҳуриҳои таркиби он истиқлолияти давлатии худро эълон карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҳазор соли давлатдории Сомониён 9 сентябри соли 1991 ба ин неъмати бебаҳои давлатдорӣ мушарраф гардид. Далелҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки пас аз парокандашавии давлатии Сомониён давлатдории тоҷикӣ рӯ ба таназзул ниҳода бошад ҳам, дар тамоми масири таърих дар сиёсату давлатдории мардумони ғайр мардуми тоҷик мақому манзалати хос дошт, яъне дар рагу пайвандҳои давлатҳои сиёсии қарнҳои миёна афкору назари таъсири амиқе дошт, зеро мардуми тоҷик бо фарҳангу забон ва афкори бунёдкоронаву илму маориф ва хирадсолорияш дар бунёди даҳҳо тамаддунҳои башарӣ нақши боризе гузошта буд.
 
Дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ мардуми тоҷик ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Душманони ин неъмати бузурги инсонӣ ҳаргиз намехостанд, ки тоҷикон соҳибдавлат бошанд. Бинобар ин, дар ин кишвари биҳиштосо бо макру ҳила ва дасисаҳои зиёде ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд. 
Ҳокимияти парокандаи вақт садди роҳи ҷанг шуда наметавонист. Сарзамини парокандаю ба хун оғуштаро яроқу аслиҳа ва нафарони чашмхунбаста соҳибӣ мекарданд, ки аз илму маориф ва фарҳангу арзишҳои миллӣ фарсахҳо дур буданд ва танҳо дастурҳои хоҷагони берунии худро иҷро менамуданд.
Мардуми кишварро дар баробари қурбоншавии фарзандону ҳомиёни бонангу номуси Ватан фақру бенавоӣ ва бемориҳои гуногуне фарогир шуд...
Маориф рӯ ба таназзул ниҳод. Дар муқобили ҷанги хонумонсӯз омӯзгору хонанда низ нотавон монд. Бунёди давлати миллӣ тақозо менамуд, ки тамоми сохтори маорифи кишвар дигар гардад, барномаю нақшаҳои таълимӣ, стандарту китобҳои дарсӣ дар асоси арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва миллӣ таҳия шаванд. Вале вазъи замон ба ин имкон намедод. Хонандаи тоҷик ҳамоно тибқи барномаю нақшаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии замони пешин ба табъ расида таълим мегирифт. Барои омӯзгор дастрасии маводи нави таълимӣ хеле душвор гардид. Дар баробари ин вазъи иҷтимоии омӯзгорон хеле коста шуд. Танҳо омӯзгорони асили замон бе маош ба фарзандони миллат дарс мегуфтанд, то ки насли наврас аз ҷаҳолату бесаводӣ раҳо ёбад. 
Миллати банангу ор дар симои устодону омӯзгорон ва олимони варзидаи хеш ба муқобили ҷаҳолати замон мубориза мебурд ва дар ҷустуҷӯйи сарвару раҳбари асили худ буд. Оқибат, дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ ба муроди худ расид. Дар ин иҷлосия ҷавони акнун ба чил қадамниҳода – Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардид ва дар нахустин лаҳзаи интихоб шуданаш тамоми мардумро ба сулҳу оштӣ ва ба азҳамгузаштанҳову бахшишу омурзиши якдигар, ҳифзи ягонагиву якпорчагии сарзамини ниёгон ва мисли ин барин арзишҳои волои миллию ватандорӣ ва истиқлолхоҳӣ даъват намуд. 
Мардуми аз ҷанг хаставу ранҷургашта бори аввал ба ин даъват бовар кард, эътимод пайдо намуд. Мардуми аз куштору сӯхтор ва марги фарзандону пайвандон шикастаруҳ дарк кард, ки даъвату хитоби Роҳбари ҷавони кишвар шиору суханпардозӣ нест, ӯ аз дилу ҷон ва бо дилсӯзию муҳаббати миллатдӯстонаву меҳанпарварона сухан мегӯяд. Ӯ ҷони худро дар каф гирифтаю миллату Ватан ва ҳифзи сарзамин мегӯяд, намеҳаросад, ҷасорату мардонагӣ дорад ва бо тамоми ҳастияш иброз менамояд, ки ба шумо, мардуми азизам, сулҳ меорам, то як фарди тоҷик дар муҳоҷирати иҷборӣ аст, худро ором ҳис намекунам.
Ин буд, ки кишвар давра ба давра рӯ ба оромӣ овард. Мактаб назму низоми тоза касб кард, омӯзгор дар партави ҳувияти миллӣ бо назардошти дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ба таълиму тарбия шуруъ кард.
Маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат тули 30 соли Истиқлоли давлатӣ рӯзгори мардуми шарифи Тоҷикистон рушду инкишоф ёфт ва зиндагии шоиста насиби тамоми хонадони тоҷик гардид. Бо сарварии Президенти маҳбуби кишвар сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, амнияти сартосарӣ дар ин кишвар танинандоз гашт, таҷрибаи бунёди сулҳу оромии кишвари мо дар ҷаҳон чун беҳтарин намунаи давлатдорию сиёсатмадорӣ пазируфта шуд. 
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат низоми маориф самти афзалиятнок эълон ва ба рушду инкишофи он таваҷҷуҳи хоссае зоҳир шуд, ки ин боиси боз ҳам беҳтар шудани таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани ояндасозони кишвар гардид.
Тамоми раванди рушду инкишоф ва ташаккулу таҳаввули минбаъдаи маорифи мамлакат бо сиёсати маорифпарварона ва хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Ин шахсияти нотакрори таърихӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати давлатдории худро ба самти соҳаи маориф, беҳтар гардондани вазъи муассисаҳои таълимӣ ва сифати таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва устувор гардондани мақоми омӯзгор дар ҷомеа равона сохт. Маҳз чунин дастгирӣ буд, ки аҳли маорифи мамлакат дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкорона ва маорифпарваронаи ӯ муттаҳид шуда, дар татбиқи афкору андешаҳои волои Пешвои миллат саҳми назарраси худро гузоштанд.
Президенти мамлакат ҳамасола дар оғози соли хониш – якуми сентябр, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, шахсан иштироку суханронӣ карда, соҳаи маорифро таҳлил намуда, барои рушду инкишофи он дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд, ки ин барои пешравии соҳа хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат дар тамоми сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама, бо хонандагону омӯзгорон суҳбату мулоқотҳо доир карда, дар кушодани биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ шахсан иштирок карда, бо шароити муосир ва дар сатҳи талаботи маорифи ҷаҳонӣ сохтани биноҳои таълимиро аз омилҳои муҳими баланд бардоштани завқу хоҳиши хонандагон дар фаро гирифтани илму дониш мепиндорад. 
Бо таҳкими раванди сулҳу оромӣ ва пояҳои Истиқлоли давлатӣ низоми таълиму тарбия ба тағйироти куллӣ мувоҷеҳ шуд. Вазорати маориф ва илмро ба ҳайси мақоми ваколатдори давлатӣ зарурати бунёди маорифи миллӣ ва дар ин самт таҳия кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа пеш омад. Зеро низоми сиёсию иҷтимоии ҷомеа дигар гардид ва раванди рушди минбаъдаи маорифи кишвар бояд тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монда мешуд. Дар баробари таҳкими низоми сиёсию иҷтимоӣ ва беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ соҳаи маориф рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. 
Ҳамин тавр, дар 30 соли тантанаи Истиқлоли давлатӣ ба сохтану бунёд кардани муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ҷиҳати фаро гирифтани тарбиягирандагон ва хонандагону донишҷӯён ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи хоссае аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир карда шудааст. Дар ин давра шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 3920, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 63, миёнаи касбӣ ба 78 ва олии касбӣ ба 41 адад расид.
Ҳамчунин, бо дастгирию ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат муассисаҳои типи нав ба фаъолият шуруъ карданд. Дар ин давра 9 мактаби президентӣ, 7 литсей барои хонандагони болаёқат, 75 литсей ва 75 гимназия бо фарогирии зиёда аз 94 ҳазор хонанда ба фаъолият оғоз кард. 
Дар давоми 30 сол шумораи муассисаҳои таълимӣ аз 4310 ба 4780 адад расидааст, ки ин нисбат ба соли таҳсили 1990-1991 461-то зиёд мебошад.  
Дар замони ташаккули Истиқлолият ва давлатсозӣ яке аз муҳимтарин масъалаҳо ин бунёди маорифи миллӣ буд. Вазорати маориф ва илм тамоми кӯшишро барои эҳёи муассисаҳо ва раванди бонизоми соҳаи маориф равона карда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ нақши боризе гузошт.
Аз соли 2001 сар карда, маблағгузорӣ рӯ ба афзоиш мениҳад. Соли 2001 маблағгузории соҳаи маориф ба 60 млн 900 ҳазор сомонӣ расид, ки он нисбат ба соли 2000 46,4 фоиз зиёд мебошад. Ин раванд минбаъд идома меёбад. Ин аст, ки ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2020 ба 5 млрд 4 млн 653 ҳазор сомонӣ расида 5,7 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 19 фоизи Буҷети давлатиро ташкил дода, соли 2021 ин нишондиҳанда ба 5 млрд 597 млн 100 ҳазор сомонӣ расид, ки 6 фоизи ММД ва 19,9 фоизи Буҷети давлатро доро мебошад.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги кишвар, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ таълиму тарбия намудани насли наврас ва ҷавони кишвар милликунонии таҳсилот чун масъалаи мубрам ҷузъи асосии ислоҳот пазируфта шуда, корҳои назаррас ба анҷом расонда шуданд.
Ин тадбир ҷиҳати ба камол расондани насли соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони баландихтисос, ки заминаи устувор барои эъмори ҷомеаи пешрафта ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад, мусоидат менамояд. 
Таҷдиди мазмуну мундариҷаи таҳсилот, ки ҳам ба милликунонии таҳсилот ва ҳам барои воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот замина гузошт, аз дастовардҳои муҳими замони истиқлол дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Вобаста ба ин, стандарт, нақша ва барномаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар карда шуданд.  Падидаи дигари даврони истиқлолият таъсиси муассисаи таълимии хусусиву ғайридавлатӣ дар ҳамаи зинаи таҳсилот мебошад. Таъсиси ин намуди муассисаҳо ҷойи нишасти иловагӣ фароҳам оварда,  сарбории муассисаҳои давлатиро кам намуда, таълими босифатро  таъмин  ва рақобатпазириро ба миён меоранд.  
Муассисаҳои томактабии хусусии дар замони истиқлол бунёдгардида дорои тамоми шароити зарурии таълиму тарбия буда, ба талаботи байналмилалӣ пурра мутобиқ мебошанд.
Барномаҳои таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ, дастурҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, пояи мустаҳками моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба инкишофи қобилияти равонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдакон мусоидат намуда,  пайванди раванди таҳсилоти томактабӣ ва умумиро таъмин менамоянд.
Аз аввали соли 2021 то имрӯз хонандагони тоҷик дар 28 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 116 ҷойи ифтихорӣ (18 медали тилло, 34 медали нуқра ва 64 медали биринҷӣ) ва 31 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. 
Аз 19 то 22 июли соли ҷорӣ 32-юмин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология «IBO-2021» дар шаҳри Лисабони кишвари Португалия дар байни 77 кишвари дунё баргузор гардид, кишварамонро як даста иборат аз 4 нафар хонанда муаррифӣ намуда, сазовори 1 медали биринҷӣ гардид. Сатҳи баргузории ин олимпиада бо сатҳи олимпиадаи Токио баробар аст.
Агар ба таври муқоиса таҳлил намоем, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар замони шуравӣ аз рӯйи 136 ихтисос мутахассис омода карда мешуд. Айни замон  аз рӯйи зиёда аз 550 ихтисос вобаста ба талаботи рушди иқтисодиёти миллӣ мутахассис омода карда мешавад, ки ин нишондиҳанда 397 ихтисос зиёд мебошад. 
Афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар тули Истиқлоли давлатӣ дар ҳолати рушд қарор дорад. Агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 69300 нафар донишҷӯ (23600 духтар) фаъолият мекарда бошад, пас дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 244 652 нафар  (85 534 духтар) донишҷӯ фаъолият менамояд, ки аз он 17 донишгоҳ, 14 донишкада, 1 академия, 3 филиали муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгоҳи технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти қудратӣ мебошад. 
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ фаъолият мекунад, ки вазифаи он бо маводи таълим ва китобҳои дарсӣ, бадеӣ, илмию методӣ, барнома ва маводи ёрирасони таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва пайгирии масъалаҳо дар ин соҳа аст. 
Айни замон нашри 4-уми китобҳои дарсӣ рӯйи чоп омада истодаанд, ки аз нигоҳи фарогирии мазмуну мундариҷа бо назардошти талаботи стандартҳои байналмилалии таълим, аз он ҷумла муносибати босалоҳият дар таълим таҳия шудаанд.
Таъсис ва фаъолияти марказҳои таълимии “Сарвар” ва технологияи иттилоотию коммуникатсия низ аз дастовардҳои замони истиқлол аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ҳамин замина вусъат бахшидан ба раванди ҳамгироӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон, ки ҳадафи ниҳоии он ширкати бевосита дар ҳалли масоили мубраму муҳташами соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, равобити фарҳангию илмии сатҳи ҷаҳонӣ иборат мебошанд, кӯшишҳои зиёде ба харҷ додааст.
Таъсиси Стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” барои таҳсил дар хориҷи кишвар ҷиҳати таъмини иқтисоди миллӣ бо кадрҳои нодир ва таҳсили зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар аз ҷумлаи дастгириҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат дар замони муосир ба шумор мераванд.
Дар солҳои охир ба тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2020 – 2021 дар ҷумҳурӣ 19 шурои диссертатсионӣ, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, амал мекунад ва дар онҳо наздики 99 нафар рисолаи илмии худро дифоъ кардаанд, ки аз ин 14 рисолаи докторӣ ва 85 рисолаи номзадӣ мебошад.
Айни замон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 54 Шурои диссертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, аз рӯи 145 ихтисос фаъолият менамоянд. Дар шуроҳои мазкур аз ибтидо то имрӯз наздики 733 нафар рисолаи илмии худро дифоъ намудаанд. Аз шумораи мазкур 56 нафар рисолаи докторӣ, 20 нафар докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва боқӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Бо тасдиқ гардидани Низомномаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳриру иловаҳои нав раванди ҳимояи рисолаҳои илмӣ сифатан хубтару беҳтар хоҳад гардид.
Хулоса, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидӣ эълон гардида, дар натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхориҳо сол ба сол сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ зиёд гардида, сифати таълим рӯ ба беҳбудӣ овард ва илму маърифат боло рафт. Афзалиятнок, калидӣ ва омили амнияти миллӣ ва рушди иҷтимоӣ номида шудани соҳаи маориф аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти бештар эҳсос намоем, зеро маориф ва илм, дар ҳақиқат, дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва таҳкими истиқлоли мамлакат нақши муҳим бозида, рушду таҳкими тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ба ин ду омили муҳим иртиботи ногусастанӣ дорад.
Бояд, ки ҳар кадоми мо бо заҳмату талошҳои худ дар рушду инкишофи маорифи мамлакат нақшу саҳми боризе гузошта,  фарзандони ин миллати сарбаландро дар асоси арзишҳои миллию фарҳангии мардуми тоҷик таълиму тарбия дода, ояндаи шукуфои кишвари худро тавассути нури маориф дурахшону мондагор созем.
 
Маҳмаддовуд САЛОМОВ, доктори илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 3395
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед