logo

иҷтимоиёт

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИЕ, КИ БА ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТ

Фарзонафарзандони ҷонфидо, далер, содиқ ва баору номуси тоҷик аз замонҳои пеш то инҷониб аз миллат, давлату марзу буми аҷдодии хеш баҳодурона муҳофизат кардаанд. Корнамоиҳову ҷоннисориҳои Шерак, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъ то ба имрӯз вирди забонҳост ва мо - ворисонашон аз қаҳрамониҳои онҳо мегӯему мефахрем.
Бо гузашти вақт қаҳрамонони нав бо пайравӣ аз аҷдоди гузаштаамон рӯйи саҳнаи мубориза омаданд. Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи онҳост ва барои он, ки номи ин қаҳрамонон ба насли оянда ба некӣ ёд гардад, бояд аз хидматҳои шоистаашон ҳарф бизанему қадрашон бинамоем. Дар замони  давлатдории навини  тоҷикон ин кори хайрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуданд. Пешвои миллат хидматҳои шоистаи фарзандони барӯманди кишварро қадр карда, ашхоси фавқуззикрро бо олитарин унвон – Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардонданд. Ин иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати дар таърих ҷовидон мондани корнамоиву номи қаҳрамонони миллат қобили дастгириву пайравист. 
Хушбахтона, тайи чанд соли ахир Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо пайравӣ аз ибтикороти Президенти маҳбубамон барои гиромидошт ва арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур озмунҳо баргузор намуд. Боиси хурсандист, ки онҳо дар зодгоҳи ин бузургон ҷамъбаст гардиданд ва раҳбарияти рӯзномаву ташаббускорон ба мақсади дар наздашон гузошта ноил шуданд. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» соли равон се озмуни ҷумҳуриявӣ – озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири таҷлили 110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ  бахшида ба  30-солагии Истиқлоли  давлатӣ  ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони  Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва озмуни Нашрияи  расмии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бозтоби хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намуд. Дар озмунҳо шаҳр-вандони касбу кори гуногун матлабҳои ҷолиб пешниҳод намуда, ба хонандагон аз корнамоиҳои ин қаҳрамонон ва ҷаҳду талошҳояшон барои ташкил намудани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва барқарор доштани он маълумоти гуногун доданд. Ҳамаи озмунҳо дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардиданд. Бавижа, озмуни бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бозтоби хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷамъбаст гардид. Боиси зикр аст, ки ба идораи рӯзнома беш аз 300 мақола ворид гашт, ки зиёда аз 200-тои онҳо рӯйи чоп омаданд. Озмуни ҷумҳуриявии эъломдоштаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба Озмуни байналмилалӣ мубаддал гашт. Дар он шаҳрвандони ҳашт мамлакати дунё – Россия, Британияи Кабир, Олмон, Қатар, Кувайт, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Афғонистон ширкат варзида, бо самимияту маҳбубият хидматҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тавассути матлабҳояшон баён намуданд. Ташаббускорони озмун – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чунин ранг гирифтани корро интизор доштанд, чун онҳо медонистанд, ки овозаи содиқ будан ба қавли додааш «Ман ба шумо сулҳ меоварам» ва вафо кардан ба ону чандин амалҳои неки ӯ марзҳоро убур карда, ба олам паҳн гаштааст. Ин буд, ки шаҳрвандону сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони хориҷӣ хидматҳои ин шахсияти воқеан ҳам, таърихиро қадр намуда, хидматҳои ӯро васф намуданд. Аз ҷумла, хабарнигори озод аз Афғонистони ба мо дӯст Аҳмадзоҳири Ҷаҳиш, ҷоизадори озмун, дар ҷамъбасти он бо суханҳои саршор аз меҳру муҳаббат ба Президент ва мардуми Тоҷикистон барои бетафовут набудан нисбат ба мардуми ҷафокашидаи Афғонистон арзи сипос намуда, иброз дошт: «Ҳар касе соҳибқаламу боимон аст, медонад, ки Пешвои миллат як шахси ҳалим ва сабур аст. Оре, ин аст ғуруру шукӯҳи тоҷикон! Бояд 95 миллион тоҷикони ҷаҳон бо Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ифтихор кунанд… Ин як туҳфаи гаронбаҳои илоҳист, ки шумо - тоҷикон бояд қадрашро бидонед». Зимни чунин суханронии самимӣ аҳли толор аз ҷой бархеста кафкӯбии бардавом намуданд. 
Суханони Рафиқа Мӯсоева, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, «ман ба модаре, ки чунин шахсиятро ба дунё оварда, ба  Тоҷикистон  эҳдо кардааст, сари таъзим фуруд меорам» бисёр самимию муассир буданд. Албатта, замоне сухан дар бораи модар меравад, бисёр таъсирбахш аст, вале вақте сухан перомуни модаре меравад, ки ӯ аз домони покаш шахсиятеро ба дунё овардааст, ки ҳастии худро барои миллат бахшида, мардумашро сарҷамъу муттаҳид намудаву шуълаи умедро дар дили онҳо афрӯхтааст, ниҳоят муассир мебошад. 
Албатта, ҳадафи асосии рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз баргузории озмун бори дигар пеши назари мардум бозтоб намудани кору фаъолият, азхудгузаштанҳову корнамоиҳои таърихӣ ва хидматҳои мондагори Президенти дӯстдоштании кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳадафи дигари кормандони рӯзнома рӯйи чоп овардани китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» буд, ки, хушбахтона, аҳли эҷод ва раҳбарияти рӯзнома ба мақсадашон ноил гаштанд. Китоби мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи Президент бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ, нашр гардид, ки ин туҳфаи хоксорона ба марди матиниродаву содиқи Ватан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи аҳли қалами рӯзномаи «Ҷумҳурият» мебошад.
 
Сайфулло АШУРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2021    №: 236    Мутолиа карданд: 404
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед