logo

иҷтимоиёт

НЕРУИ МО ДАР ИТТИҲОДИ МОСТ!

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ягона неруи тавоно дар рӯбарӯи ҳама хатарот ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир ин иттиҳоду ҳамбастагии миллат ва ё ба ибораи дигар ваҳдати миллӣ мебошад. Агар ваҳдати миллӣ амиқу дақиқ дар сиришту рафтори халқ таҷаллӣ кунад, он метавонад дар баробари рафъи таҳдидҳои сиёсӣ, инчунин, барои рушди ҳамаҷонибаи низоми давлатдорӣ мусоидат кунад. Ҳамзамон, яке аз пайомадҳои асосии он расидан ба ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини пурраи ормонҳои давлати иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Тоҷикон аз зумраи он миллатҳое ба шумор мераванд, ки дар дарозои таърих тавонистанд зери роҳбарии фарзандони баору номуси хеш ва заковати азалии худ, аз худ ва ҳувияти худ дифоъ намоянд. Исботи аз ҳама одии ин гуфтаҳо эмин мондани ин миллат баъди садҳо зарбаҳои аҷнабиён мебошад. Ба қавли кишваршиноси рус Н. Павлов: «Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт, боистеъдод, яъне тоҷик ҳастем. Дар дунё кам миллате пайдо мешавад, ки чунин зарбаҳоро таҳаммул карда бошад. Тоҷикҳо аз ҳама ақвоми дигар ҷонсахтаранд. Қадре фурсат кофӣ буд, ки онҳо дубора ҷон бигиранд ва эҳё шаванд...». Душманони дохилию хориҷии ин миллат борҳо ва дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ зиёд кӯшиданд, ки халқи тоҷикро маҳв намоянд. Яке аз чунин марҳилаҳо, ки барои насли калонсолу миёнасоли имрӯз маълум аст, ин ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри ХХ мебошад. Ҷараёни ин ҳодисаҳо наздик буд, ки давлати нав ба истиқлол расидаи тоҷиконро ба коми оташи беномӣ фурӯ бубарад. Он замон моро бо дасти худамон мехостанд аз ҳам ҷудо кунанд. Сад афсус, ки фарзандони миллате, ки дар таърих рисолати омӯзгориро доштанд зидди ҳам сангар гирифта, бо номи маҳалу авлод тафриқасозӣ карда, маҳфили душманро гарм намуданд. Дарди маҳалбозию қавмгароӣ он замон авҷ гирифту дар мафкураю сиришти мо лона гузошт. 
Давра ба давра бо амалӣ намудани иқдомҳои зиёд халқи тоҷик зери роҳбарии фарзанди содиқи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз ин варта то ҷое раҳо ёбад. Роҳе, ки моро ба ин саодати кунунӣ расонд, бешак, роҳи ҳамвор набуд. Сахтиҳои сахттарини зиндагиро пушти сар намуда, ба ин рӯзгор расидем. 
Бо дарназардошти авзои сиёсии ҷаҳон ва ба таври мармуз тағйир ёфтани равандҳои сиёсии минтақа дар назди ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳамин ҳамбастагию дӯстӣ ва эҳтиром ба Ватан чун қарзи фарзандӣ ва амали имонию виҷдонӣ меистад. Эҳсос мешавад, ки ҳар қадами сабзу созандаи мо боиси нороҳат ва табоҳ шудани қувваю доираҳои нотавонбин  мегардад. Агар шаҳрвандони азизи мо мушоҳида карда бошанд, хоинони ин Ватан, пеш аз ҳама, ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ва дигар қувваҳои зиддиконститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ истода ҳар иқдоми нек ва ҳар амали созандаи моро дар Ватан мекӯшанд ба таври худ шарҳ дода, чун пайравони Аҳриман сардию нав-медиро дар замири мардум ба вуҷуд оранд. Аммо чун мо ба нокомие дучор шавем шод мегарданд. Ҳодисаҳое, ки рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар ВМКБ ба вуҷуд омаданд, далели ин гуфтаҳо шуда метавонад. Аз он ҳодиса то имрӯз гӯё онҳо дар ҳамаи шабакаҳое,  ки  барояшон  дастрас  аст, тӯй доштанд. Ҳама роҳбарону думравонашон талош доранд, боз ҳам мисли соли 1992 аз эҳсоси ин мардум истифода карда, манфиатҳои хоинонаи хешро, ки зери роҳбарии баъзе қувваҳои хориҷӣ таҳия шудаанд, амалӣ намоянд. 
Инро ба инобат гирифта, дар ҳеҷ ҳолат мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла мардуми Бадахшон, бояд  ба чунин дасисаҳо дода нашуда,  дастаҷамъона барои рушди ин Ватан ва таъмини осудагию амният  талош намоянд. 
Вобаста ба ҳодисаҳои Бадахшон то имрӯз гуфтугузорҳои зиёдеро аз ҷониби афроди гуногун шунидаю хондаем. Аммо ба гумонам дақиқ кардани решаҳои мушкилот ва роҳи раҳоӣ аз он дар матлаби иншонамудаи адиби намоёни тоҷик, устод Ато Мирхоҷа баён ёфтааст. Аз нигоштаи устод хулоса намудан мумкин аст, ки ҳамаи ин бадбахтиҳое, ки дар вилоят, махсусан шаҳри Хоруғ, ба вуқуъ мепайванданд, натиҷа ва ё меваи авлодпарастию маҳалгароист. Албатта, ин беморӣ сабаби он шудааст, ки дар фаъолияти давлатию ҷамъиятии вилоят адолат, ки ба қавли олими Юнони Қадим Пифагор дар баробарии инсонҳо ифода меёбад,  чандон риоя намешудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз меваҳои маҳалгароию хешутаборбозӣ ва ришвахорӣ ин ноадолатист ва ноадаолатӣ ҳама гуна ҷомеаҳои осоиштаро табоҳ мекунад. Натиҷаи ҳамаи инро мо бори дигар дар ҳодисаҳои охири Бадахшон мушоҳида намудем. Сабаби сар задани ҳодисаҳои мазкур низ ба ҳамин омилҳо иртибот мегирад. Дуруст аст, ки ҷинояткор бояд ҷазо бубинад. Вақте ҷазо намебинад, бинобар навиштаи устод Ато Мирхоҷа, дар назари ҳаммаслакону ҳамкорони худ қаҳрамон метобад ва ба нафаре табдил меёбад, ки ҳатто корманди мақомот аз вай ҳазар мекунад. Оқибат вазъ чунин мегардад, ки давлат маҷбур мешавад, то таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. 
Аҷиб аст, ки баъзе аз ҳамватанони бадахшонии мо ба ҷои он ки барои ҳалли мушкилот бо мақомот, зиёиёни пешқадами вилоят ва, умуман, қувваҳои муросокор ҳамкорӣ намоянд, ҳанӯз ҳам пайи алангаи низоъ шуда, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба унвонии ин ё он нафари зиёӣ ва ё корманди мақомоти давлатӣ дашном мефиристанд. Чунин афрод ба пайкари шаъну эътибори Боми Ҷаҳон ва мардуми сарбаланди он чун доғ ба назар намудор мешаванд. Имрӯз ҳар сокини ВМКБ барои таъмини адолату ҳақиқат ва расидан ба рӯзгори пурсаодат бояд думболи чанд нафари ҷинояткор нарафта, ба иғвоҳои душманони беруна дода нашуда, пеш аз ҳама бояд худ дар сарнавишти хеш иқдом намоянд. Як панди Буддост, ки мегӯяд: «Ҳар бадбахтие, ки ба сари мо меояд гунаҳкори асосии он худи мо ҳастем». Ба ин маънӣ дар Қуръон, сураи “Раъд” ояти 11, низ чунин омадааст: «Ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо худ ончиро ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд».
Аз ин рӯ, бояд донист, ки ояндаи сарнавишти мо, пеш аз ҳама, дар дасти худи мост. Натиҷаи парешонӣ, ношукрӣ, беадолатӣ, ба қавму маҳал ҷудо шудану фирефтаи найрангҳои хело «дӯстона»-и хоинон шуданро мо як маротиба солҳои 90-ум таҷриба кардем. Давоми солҳои охир ин ҳолатро мо дар сарнавишти мардуми Афғонистон, Сурия, Ироқ, Миср, Либия, Судон, Бирма, Қирғизистон, Украина, Беларус ва даҳҳо давлатҳои дигар мушоҳида намуда метавонем. Инак, мардуми Қазоқистон низ мубталои чунин дасисаҳо шуда, даст ба бетартибию вайронкорӣ заданд. Ба андешаи ман, мо бояд аз чунин ҳодисаҳо барои худ хулосаҳои зарурӣ бардошта, миёни ҷомеа, бахусус насли ҷавон андешаҳои солимро талқин намоем. Зеро хоинони миллату Ватани мо дар хориҷ акнун, бо рух додани ҳодисаҳои Қазоқистон онро дастак карда, мехоҳанд ин сенарияро дар Тоҷикистон бисанҷанд. Барои ин даҳонашон то ба бехи гӯш ҳар рӯз бо ҳазор ҷилва мелақанд. 
Бо мақсади ташаккули андешаи солим мехоҳам дар зер ба таври фишурда чанде аз ақидаҳои худро доир ба вазъи Қазоқистон иброз дорам. Тавре маълум аст, иддае бо баҳонае дар ин мамлакат даст ба тазоҳурот заданд ва меҳнати даҳсолаашонро барбод доданд, ки ин, бешубҳа, нишонаи бехирадист. Дақиқ аст, ки дар ҳодисаҳои Қазоқистон баъзе неруҳои манфиатхоҳи беруна даст доранд. Бо кадом далел? Агар баҳонаи тазоҳурот афзоиши нархи сӯзишворӣ бошад, аммо он баъдтар ба як эътирози зидди аввалин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев табдил ёфт. Ана дар ҳамин нукта дасти абарқудрате эҳсос мешавад. Чаро? Зеро мавқеи Нурсултон Назарбоев дар сохтани давлати миллӣ ва ҳифзи марзу буми он, ҳамчун Элбасӣ (Пешвои миллат), куллан ба манфиати сокинони Қазоқистон ва, пеш аз ҳама, барои миллати қазоқ буд. Хидматҳои дар ин самт анҷомдодаи Нурсултон Назарбоев ҳадду канор надоранд, аммо зикри чанде аз онҳоро, ки мондагор ва ибратомӯзанд, зарур медонам. 
Нурсултон Назарбоев замоне зимоми давлатдориро дар Қазоқистон ба даст гирифт, ки миллати қазоқ дар ҳолати нестшавӣ қарор дошт. Ҳувияти қазоқӣ бо марг рӯ ба рӯ буд. Солҳои 1990 – 1991, ки Қазоқистон дар остонаи истиқлолият қарор дошт, дар мамлакат 39 дарсади аҳолӣ қазоқ буд. Танҳо аз се як ҳиссаи шумораи умумии мактабҳо забони таҳсилаш бо забони модарӣ буду халос. Аз солҳои аввали сари ҳокимият омадан, Назарбоев аз тамоми қазоқҳои дунё даъват намуд, ки ба ватани хеш баргарданд. Ҳамин тавр, то соли 2020 беш аз 1 миллион қазоқ ба ватани таърихии хеш баргашт ва соли 1999 шумораи онҳо ба 53 дарсад ва соли 2020 ба 63 дарсад расид. Барои эҳёи руҳи миллӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ ӯ барномаҳоеро бо номи «Мероси фарҳангӣ» ва «Эҳёи маънавӣ» таҳия ва татбиқ намуд. Забони қазоқиро забони давлатӣ эълон намуда, нисбати ҷараёни татбиқи он назорати ҷиддиро ба роҳ монда, дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 1000 мактаби таҳсил бо забони қазоқӣ ифтитоҳ намуд. Пеш гирифтани чунин сиёсат маънои миллатгароии Нурсултон Назарбоевро надошт, балки миллатдӯстии ӯро нишон медиҳад. Ҳар президент бояд барои давлати худ чунин сиёсатро ҷорӣ кунад, зеро он метавонад давлати миллиро аз ҳалокат раҳонад. Дар баробари ин, Нурсултон Назарбоев сиёсатеро ҷорӣ намуд, ки намояндагони дигар миллатҳое, ки дар Қазоқистон зиндагӣ мекунанд (наздики 130 халқу миллат), эҳсоси ноадолатӣ накунанд. Дар ин самт ниҳоде бо номи “Ассамблеяи мардуми Қазоқистон” бо ташаббуси ӯ таъсис ёфта буд, ки дорои мақоми олии конститутсионӣ мебошад. Дар он намояндагони ҳамаи қавму миллатҳои Қазоқистон ҷамъ омада, барои равнақи дӯстӣ кор мебаранд. 
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мамлакат ба буҳрони шадиди иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуда буд. 130 корхона баякборагӣ аз кор монд. Шумораи бекорон аз 2 миллион гузашт. Сафи авбошону ҷинояткорон дар мамлакат афзуд. Нишондиҳандаҳои ММД ба 61 дарсад коҳиш ёфт. Пардохти маошу нафақа моҳҳо ба таъхир гузошта мешуд. Солҳои роҳбарии Нурсултон Назарбоев ҳамаи ин мушкилот бартараф шуда, чандин барномаҳои муҳим татбиқ гардиданд. Аз соли 2009 Барномаи давлатии саноатикунонӣ ва инноватсионӣ қабул шуд. Танҳо давоми даҳ соли (2009 – 2019) татбиқи ин барнома дар мамлакат 1250 корхона ва 300 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфт. Корхонаҳои Қазоқистон имрӯзҳо наздики 500 навъи маҳсулотро истеҳсол мекунанд. Имрӯз зиёда аз 100 давлати дунё истеъмолкунандаи маҳсулоти корхонаҳои Қазоқистон мебошад. 
Нурсултон Назарбоев майдони озмоишгоҳи ҳастаии Семипалатинскро, ки солиёни зиёд кулфатҳоеро ба сари мардуми маҳаллӣ оварда буд, баст. Қазоқистон, ки аз ҷиҳати тавоноии силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон ҷои чорумро ишғол менамуд, аз он даст кашид. Ин амалҳо сабаби эътимоди бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Қазоқистон гардид. 
Бо ташаббуси Нурсултон Назарбоев стратегияи «Қазоқистон – 2030» бармаҳал иҷро гардида, бо дарназардошти равандҳои ҷаҳони муосир ва талаботи замони нав стратегияи нави «Қазоқистон – 2050» пешниҳод шуд. Ҳадафи ин стратегия, пеш аз ҳама, ворид шудани Қазоқистон ба қатори сӣ давлати пешрафтаи ҷаҳон буда, айни замон дар ҳоли татбиқшавист. 
Яке аз муваффақиятҳои намоёни Нурсултон Назарбоев дар сохтани пойтахти нав – шаҳри Остона (ҳоло Нур-Султон) мебошад. Соли 1997 бо фармони Назарбоев пойтахт аз шаҳри Алма ато ба Остона кӯчонда шуд. Давоми бисту як соли охир Назарбоев дар як маркази маъмулии вилоятӣ, ки хело одӣ буд, ба ибораи дигар дар як биёбон шаҳри замонавии дорои санъати баланди меъморию шаҳрсозӣ бо иҷрои талаботи пойтахти муосир ба истифода дод. 
Баъзе даъвоҳои беасоси давлатҳои ҳамсоя барои аз худ кардани заминҳои сарҳадии Қазоқистонро (махсусан сарҳадҳои шимолӣ) Н. Назарбоев бо сиёсати созандаи хеш бартараф намуда, нагузошт, ки якпорчагии ватанаш халалдор гардад. Зери шиори эҳёи «Руҳи қазоқӣ» тавонист Қазоқистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати сулҳдӯст, тавоно ва рӯ ба рушд муаррифӣ намояд.
Ба ин монанд садҳо иқдомҳои Нурсултон Назарбоевро дар самти созандагию бунёдкорӣ мисол овардан мумкин аст. Аммо бо ин чанд намуна иктифо намуда, ба хулосае расидан мумкин аст, ки дар ин тазоҳурот гурӯҳи муайяне даст доранд, ки бештар аз хориҷ идора мешаванд. Ин қувваҳо иқдомҳои Н. Назарбоевро, ки ҳанӯз ҳам дар идораи давлат нақш доранд ва ба манфиати эшон нест, нахоста чунин сенарияро роҳандозӣ намуданд. Таҳқири шахсияти Нурсултон Назарбоев ва таҳдид ба ӯ ва хонадонаш дарак аз ин гуфтаҳо медиҳад. Яъне вуҷуди Нурсултон Назарбоев барои амалӣ шудани хостаҳои душманони миллати қазоқ чун “устухоне дар гулу” мебошад. Аз чунин вазъи  баамаломада ҳамаи гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилию хориҷӣ, тавре мебинем, истифода намуда, даст ба куштор, вайронкорию тахриб ва дуздии моликияти давлатию ҷамъиятӣ мезананд, ки ин зарари худи мардум ва давлати Қазоқистон мегардад. 
Барои ҳамин, имрӯз моро мебояд чун як миллати воҳид, бародар, дӯст, ғамхору меҳрубон дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллати хеш муттаҳид шуда, рӯзҳои наҳси гузаштаро ба ёд оварда, ба қадри дастовардҳою замони осоиштагӣ бирасем. Арзишҳое чун Ватан, модар, истиқлол, миллат, ваҳдат ва монанди инҳоро дар андешаю зеҳнҳо такмил дода, пайи меҳнати ҳалол бошем. Низои андешаю ҷисм касеро ба мурод нарасондааст. Тавре шоир Алимуҳаммад Муродӣ менависад:
Дар набарди обу оташ об қотил мешавад,
Об бо оташ бисозад нур ҳосил мешавад. 
 
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
омӯзгори факултети таърихи ДДОТ 
ба номи Садриддин Айнӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2022    №: 12    Мутолиа карданд: 748
26.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев бовар дорад, ки Қазоқистон баъд аз ошӯбҳои моҳи январ ба зудӣ барқарор мешавад

ТЕМУРМАЛИК. ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

24.01.2022


Россия барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо мекунад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Изҳороти дипломати рус дар Вена

СПИТАМЕН. ТАВАҶҶУҲИ ҶАВОНОН БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

МАСТЧОҲ. ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

КӮЛОБ. ТАШАББУСҲОИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР ДАР САМТИ РОҲСОЗӢ

19.01.2022


ВОДИИ РАШТ. ВАҚТЕ ҲУКУМАТ БО САРМОЯГУЗОРОН ҲАМКОРИ БОЭЪТИМОД АСТ...

КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАВЗЕЪҲОИ ХАТАРЗО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ҲАДАФ ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

17.01.2022


Финляндия ва Фаронса муҳимияти муколама бо Россияро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Рӯйдодҳои илмӣ

14.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев ба неруҳои посдори сулҳи СААД барои рисолати муваффақ изҳори сипос кард

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

12.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев аз анҷоми бомуваффақи рисолати СААД дар Қазоқистон хабар дод

ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба поён расид

07.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тоҷикистон ният дорад дар доираи СААД ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатар кумак кунад

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

15.12.2021


Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мегардад

Маъмурияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон ба анҷом расид

ВМКБ. Ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии РВКД

29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед