logo

мулоқотҳо

Аз ҳамкории сеҷонибаю чорҷониба изҳори қаноатмандӣ шуд

29 апрел, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдураҳмон Маликро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд.

Мубодилаи иттилооту таҷрибаи ҳамгироӣ дар мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи байналмилалӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.
Аз равобити пайваста ва ҳамкории сеҷонибаи миёни Тоҷикистон,  Покистон ва Афғонистон ва чорҷониба бо ҳамроҳшавии Федератсияи Русия, ки рӯ ба густариш доранд, изҳори қаноатмандӣ  шуд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин оид ба роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитии Тоҷикистону Покистон  сурат гирифт. Ба гуфти Абдураҳмон Малик, Тоҷикистон метавонад аз иқтидори транзитии бандари Гвадари Покистон бемонеа истифода барад.
Татбиқи лоиҳаи КАСА – 1000 оид ба бунёди хати 500-киловолтаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон дорои аҳамияти ҳаётан муҳим барои ҳар ду давлат ва дигар кишварҳои минтақа маънидод гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

www.president.tj

* * *

Абдураҳмон Малик, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон, баъд аз сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин баён дошт:
- Мо бо ҷаноби Президент перомуни масоили вобаста ба рушди муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисод, тиҷорат ва илму фарҳанг гуфтугӯи судманд анҷом додем. Сиёсати сулҳҷӯёна ва иқдомҳои шоистаи Президенти Тоҷикистон дар мавриди мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ, назири терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир боиси эҳтиром қарор дорад. Ин ҳақиқатро ман бори дигар дар сӯҳбат бо эшон дарёфтам ва таваҷҷӯҳи хосаи Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи Покистону Афғонистон, роҳҳои мубориза бо гурӯҳу шабакаҳои террористӣ мавриди ситоиш аст.
Вазири корҳои дохилии Покистон аз ҷараёни вохӯрӣ бо вазирони корҳои дохилӣ, мудофиа ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатмандӣ карда, афзуд, ки мо нақшаи муборизаи муштараки ниҳодҳои қудратии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародарро алайҳи таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ таҳия намудем. Ман итминон дорам, ки мо дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.
Абдураҳмон Малик пуштибонии кишварашро аз сиёсати энергетикии Тоҷикистон баён дошта, гуфт, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар мисоли Роғун барои ҳамаи кишварҳои минтақа аз манфиат холӣ нест. Аз ҷумла татбиқи босамари пружаи КАСА-1000, ки интиқоли барқро ба давалати мо низ таъмин мекунад, Покистонро аз чунин манфиат дар канор нахоҳад гузошт.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1074
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед