logo

маориф

ДДБ. БОРГОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ ДАР ВАХШОНЗАМИН

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки дар зарфи даҳсолаи охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беҳтарин шароити таҳсил ва тарбия таъмин гардид, дар миёни муассисаҳои олии кишвар ҷойгоҳи хос дорад. 
Чуноне ки аз Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 бармеояд, дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бунёди муассисаҳои маориф ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дод. “Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”, - омадааст дар Паём. 
Маҳз маҷмуи ин иқдоми бунёдии давлат ва Ҳукумат буд, ки ин Донишгоҳ - боргоҳи маърифат аз ҷиҳати зарфиятҳои зеҳнӣ, омодасозии кадрҳои қавӣ, таълифоти мондагори илмию публитсистӣ, саҳмгузорӣ дар рушди маорифи миллӣ ва аксари риштаҳои илм ва ниҳоят, дар рифоҳи кору зиндагии сокинони вилояти Хатлон ба дастовардҳои қобили ифтихор ноил гардид.  
Оид ба навгониҳои меъморӣ, усулӣ ва пирӯзиҳои меҳнатии солиёни охири устодону кормандон суҳбате доштем бо ректори муассиса – доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода.
– Фаъолияти мо асосан ба ду самт равона шудааст: омода кардани кадрҳои баландихтисос ва пеш бурдани корҳои тадқиқотӣ-илмӣ. Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 чунин таъкид карда буданд: «Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд». 
Аҳли илму маорифи Донишгоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани ин ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат, анҷоми рисолати омӯзгорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасози ҷомеа, рушди арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар миёни ҷавонон саъю талоши зиёд ба кор мебарад. 
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар зарфи зиёда аз 40 соли мавҷудияташ, садҳо мутахассиси баландихтисос тайёр намудааст. Айни замон, тавре ҳадафи асосии Донишгоҳ таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири самтҳои омӯзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ, аз дараҷаи бакалавр то доктор (PhD) ва доктори илм мебошад, тадриҷан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот тавассути татбиқи пурраи низоми таҳсилоти кредитӣ, корбасти тарзу усулҳои фаъол ва пешқадами таълим ворид мегардад. Бо ин мақсад дар 13 факултет аз рӯйи 70 ихтисос мутахассис омода мешавад. 
Ба сохтори Донишгоҳ коллеҷи омӯзгорӣ ва литсей, муассисаи таълимӣ-касбӣ дар ноҳияи Хуросон низ шомиланд. Теъдоди муҳассилин ба 20 ҳазор нафар мерасад, ки онҳо ба тариқи рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона таҳсил мекунанд. Зиёда аз бист дарсади донишҷӯёнро духтарон ташкил медиҳанд. Соли таҳсили ҷорӣ 130 донишҷӯй тариқи Квотаи президентӣ шомили Донишгоҳ шуд, аз ҷумла 92 духтар. 
Донишгоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои компютеркунонӣ, такмили омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва татбиқи забони давлатӣ нақшаи мушаххас мураттаб сохта, барои иҷрои бомуваффақияти бандҳои он саъю талош меварзад. Яке аз чунин масъалаҳои муҳим ба таври зарурӣ ба роҳ мондани таълими забонҳои хориҷӣ мебошад. Бо ин мақсад тамоми корҳои эҷодӣ, таълифоти илмию методии устодону шогирдон, машваратҳо, нишастҳо ва ғайраҳо танҳо бо забони давлатӣ амалӣ мешаванд. Ҳафтаномаи «Фурӯғ» ва маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар таҳкиму тарғиби забони давлатӣ саҳми босазое доранд. 
Донишгоҳ дорои маркази имтиҳонгирии тестӣ буда, тамоми санҷишу имтиҳонотро донишҷӯён ба воситаи компютер месупоранд. Маркази интернетӣ, китобхонаи электронӣ ба шогирдон имконият медиҳанд, ки дониши ҳаматарафа гиранд. Илова бар ин, ҳамаи шуъбаҳо, деканатҳо ва кафедраҳо бо компютер ва принтер таъмин мебошанд.
Фаъолияти байналмилалии Донишгоҳ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун сиёсати «дарҳои кушода» дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон маҳаки калидист, сарчашма гирифта, батадриҷ рушд дорад.
Пешравиҳо дар самти таълим, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва мақоми он дар минтақа ва ҷомеа боиси он гардид, ки маҳз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли гузашта макони баргузории чандин ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ интихоб ва дар пояи он ин чорабиниҳо дар сатҳи олӣ ташкил шуданд. Ҳамасола дар  Донишгоҳ чандин ҳамоишҳо, конфронсу мизҳои мудаввар ва симпозиумҳои байналмилалӣ баргузор мегарданд, ки дар кори онҳо олимону муҳаққиқони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои муштарақулманофеъ ширкат ва суханронӣ мекарданд.
Шартномаҳои тарафайн байни ДДБ ба номи Н. Хусрав  ва Донишгоҳи аграрӣ-технологии Перми Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия баста шудаанд. 
Дар Донишгоҳ ҳоло 223  шаҳрванди хориҷӣ дар зинаҳои гуногун таҳсил менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки дар самти қабули донишҷӯёни хориҷӣ соли 2021 Донишгоҳ ба нишондиҳандаи назаррас ноил гардид. Маҳз дар партави сиёсати хирадмандона ва некуҳамсоягии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунсамт бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд, ки   шаҳрвандони ин кишвар барои таҳсил ДДБ-ро интихоб менамоянд. 
Фаъолияти илмии устодон имрӯзҳо боиси таваҷҷуҳ аст. Олимон дар 40 самт аз рӯйи 70 мавзуъ фаъолияти илмӣ доранд. Алҳол дар Донишгоҳ 21 доктори илм, профессор ва 162 номзади илм, дотсент кор мекунад.    
Соли 2012 нахустин бор дар Донишгоҳ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи магистратура ифтитоҳ ёфт. Ин имкон дод, донишҷӯёне, ки Донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардаанд, таҳсили худро дар ин зинаи мустақили таҳсилоти олии касбӣ идома дода, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шаванд.
Теъдоди маҳфилҳои фаннӣ зиёда аз 45 адад аст, ки ба он устодони дорои дараҷаи илмӣ ва соҳибтаҷриба сарварӣ мекунанд. Ин аст, ки иштироки донишҷӯён дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника», «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва олимпиадаҳои фанниву номӣ, хеле фаъол мебошанд.
Раёсати Донишгоҳ минбаъд низ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона менамояд, ки шароити кору истироҳат, таълиму тарбия рӯз ба рӯз беҳтару хубтар гардад. Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани маънавиёт ва маърифатнокии донишҷӯён корҳои тарбиявӣ бештар ва беҳтар ба роҳ монда мешаванд. Ширкати фаъолонаи донишҷӯдухтарон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва иштироки назаррас дар баргузории ҷашну чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ гувоҳи гуфтаҳои болост. Минбаъд низ масъалаи тарбияи завқи зебоипарастии донишҷӯён, тарзи либоспӯшӣ, муомилаву муносибати онҳо, махсусан тарбияи идеявӣ-сиёсӣ, ватандӯстӣ, ахлоқӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносии донишҷӯён дар маркази диққати садорат ва деканатҳои факултетҳо қарор мегирад.
Таҷрибаомӯзӣ ҳамчун як қисми муҳими раванди таълим бо мақсади мустаҳкам ва васеъсозии дониши донишҷӯён  гузаронда  мешавад. Таҷрибаомӯзӣ  ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки  малакаи амалии кор аз рӯйи ихтисосро дар шароити истеҳсолот  пайдо созанд, усулҳои пешқадами технология ва меҳнатро аз худ намоянд. 
Дар шароити имрӯза яке аз талаботи асосии корфармо салоҳиятнокии касбии  кормандон мебошад. Таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки сатҳи салоҳиятнокии  худро баҳо диҳанд ва дар раванди таълим зарурати  мукаммал гардондани онро муайян намоянд. 
Ташкили фаъолияти донишҷӯён  ҳангоми  таҷрибаомӯзӣ дар асоси маводи меъёрӣ ва таълимию методии аз тарафи раёсати Донишгоҳ тасдиқшуда амалӣ мешавад. 
Таъмин будани ҳар донишҷӯй бо маводи таълимию методӣ ба  омӯзгорон имкон медиҳад, ки раванди таҷрибаомӯзиро ба таври ғайримустақим идора намоянд ва донишҷӯён дар иҷрои талаботи таҷрибаомӯзӣ бештар мустақил бошанд. 
Садорати Донишгоҳ  барои гузарондани таҷрибаомӯзиҳои педагогӣ ва таълимӣ бо  23 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияи Кӯшониён ва барои гузарондани таҷрибаи истеҳсолию таълимӣ бо беш аз 120 корхона ва муассисаҳои вилояти Хатлон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст. 
  Бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои соҳаи маорифи кишвар ва тағйир ёфтани талаботи омӯзишу парвариш ва дигар шудани тариқи пазириши довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарурати таҳия ва тадвини курсҳои тайёрӣ пеш омадааст, ки дар ин замина  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мувофиқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  № 05/5-630 аз 30.09.2014 аз рӯйи панҷ кластер шуруъ аз соли таҳсили 2014-2015 шуъбаи тайёриро роҳандозӣ намудааст.
Бояд зикр кард, ки солҳои қабл низ шуъбаи тайёрӣ фаъолият дошт, аммо самаранок набуд. Баъд аз он, ки соли 2014  довталабон аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди донишгоҳҳои кишвар гардиданд, кори ин шуъба бамаротиб фаъол гардид. 
Аз шумораи 100 нафар шунавандаи шуъбаи тайёрӣ дар соли таҳсили 2020-2021 ғайр аз 4 нафар боқӣ ҳама ба коллеҷу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил шуданд. 4 нафар шунаванда, ки талабагони синфҳои 10-ум мебошанд, таҳсилро идома доранд.
Навгонии фараҳбахши дигар ин аст, ки дар асоси протоколи ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон, аз  4 январи соли 2021, № 4 ва ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 26.01.2021, № 6 дар назди Институти илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» бо ду воҳиди корӣ (директори марказ ва ходими калони илмӣ) таъсис дода шуд. 
Дар назди Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» маҳфилҳои «Мавлонохонӣ», «Хушнавис», «Муҳаққиқи ҷавон», «Суханвар» амал мекунанд. 
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав минбаъд низ ҳамаи дастуру супоришҳои Президенти маорифпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони баландпояи илмию омӯзгорӣ саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2022    №: 24    Мутолиа карданд: 6013
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед