logo

маориф

ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН. ПОЙГОҲИ БУНЁДИИ ТАҲСИЛОТИ СОҲАВӢ

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муассисаи таълимии соҳавӣ буда, мутахассисонро аз рӯйи равияҳои гуногуни иқтисод омода мекунад. Дар Донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, фаъолият ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар Донишгоҳ корҳои созандагиву бунёдкорӣ рӯз ба рӯз авҷи тоза мегиранд. Биноҳои нави таълимӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ, китобхонаи  илмиву электронӣ,  дафтарҳои  корӣ ва синфхонаҳои наву замонавӣ  далели ин гуфтаҳоянд.  
Тавре дар ин бора ректори Донишгоҳ Убайдулло Асрорзода зикр намуд,  соли гузашта барои устодону донишҷӯёни ин даргоҳ соли таърихӣ ва фаромӯшнашуданӣ буд. Зеро 30 - солагии таъсиси Донишгоҳ ба Ҷашин 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ  рост омад. Ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ин ҷашнҳоро бо дастовардҳои муҳими илмӣ  пешвоз гирифтанд. 
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат эълон шуда, омили калидии таҳкими давлат ва рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ гардид. 
Барои кормандони Донишгоҳи  байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 2022 хеле хотирмон мебошад, зеро бо дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти фароҳам гардидани пойгоҳи муосири таълимӣ, санаи 27 январи соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассиса мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуд. Ёдрас бояд шуд, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ ва арзи вуҷуди таълимгоҳ муваффақиятҳо ва дастовардҳо хеле зиёд мебошанд. Дар ин давра, пойгоҳи моддиву техникӣ ва иқтидори илмии Донишгоҳ батадриҷ мустаҳкам гардида, барои таълиму тарбияи мутахассисон тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст. 
-Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки 1 – уми сентябри соли 2021 ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳ сурат гирифта, 2 бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамзамон, санги асос барои сохтмони биноҳои дигари маҷмааи таълимӣ гузошта шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети муштарак миёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия таъсис ёфт. Лозим ба ёдоварист, ки, аллакай, дар соли таҳсили 2021 - 2022 қабули довталабон ба факултети муштарак ба роҳ монда шуд. Тибқи созишнома муҳассилин ду сол дар Тоҷикистон ва ду сол дар Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Боиси хушнудист, ки дар ин давра се ихтисос аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронда шуда, Донишгоҳ сазовори Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид. 
Донишгоҳ тули фаъолияти худ шаш маротиба аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ба стандартҳои муосири давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ буданашро дар амал исбот намуд. Донишгоҳ барои пешбурди хоҷагии халқи мамлакат зиёда аз 12000 мутахассиси баландихтисосро тайёр намудааст. Имрӯз он мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ, саноат, хизматрасонӣ, саёҳат, меҳмондорӣ, идоракунӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва амсоли инҳо тайёр намуда, ба яке аз муассисаҳои таълимии олии бисёрсоҳаи пешбар табдил ёфтааст. 
Донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун узви Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (УШОС) аз рӯйи самти технологияҳои иттилоотӣ, узви Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ, аъзои барномаҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё ва дигар ташкилоту созмонҳо мебошад,- зикр кард Убайдулло Асрорзода. 
Айни замон, таҳсили донишҷӯён дар Донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, дар муассиса гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ аз рӯйи ихтисосҳои “Иқтисодиёти ҷаҳон” ва “Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ” ташкил карда шудаанд. 
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ гирифтан, шумораи гурӯҳҳои таҳсилашон бо забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳ зиёд карда мешаванд. Ҳамчунин, раёсати муассиса тасмим гирифтааст, ки барои дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисон омӯзгоронро аз хориҷи кишвар ҷалб намояд. 
Роҳбарият ва устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар оянда низ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, таъмини шароити арзанда барои донишҷӯён ва дар ин асос омода кардани кадрҳои баландихтисос аз тамоми имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебарад. 
 
Зикруллоҳ  РАҶАБЗОДА,   
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2022    №: 72    Мутолиа карданд: 1247
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед