logo

Хабарҳо

ДАВИ МИЛЛӢ

Чорабиние, ки дар таъмини оммавияти варзиш нақш дорад
 
15 май дар саросари кишвар чорабинии Дави миллӣ баргузор гашт. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе дар он беш аз 45 ҳазор нафар иштирок намуданд.
Дави миллӣ бори 15-ум аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ таъмини оммавияти варзиш байни сокинон ва рушди соҳа мебошад.
 
CAFA – 2022 
Тоҷикистон тими Қирғизистонро  ноком сохт 
 
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар даври аввали чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ) миёни бозигарони то 16-сола тими Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 ноком сохт. 
Дар бозии дигар Ӯзбекистон ба дарвозаи Афғонистон шаш голи беҷавоб зад. 
Дар даври навбатӣ Эрон бо Қирғизистон ва Тоҷикистон бо Афғонистон неру месанҷанд.
 
 
ЛИГАИ ОЛӢ
Аз мусовии навбатии «Истиқлол» то пирӯзии «Хатлон» 
 
Бозии марказии даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ байни тимҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. 
Дар зӯрозмоии дигари ин давр «Хатлон» бо ҳисоби 1:0 дар сафар бар «Регар – ТадАЗ» ғалаба кард. 
Натиҷаи қувваозмоиҳои дигар: «Равшан-З» – «Файзканд» – 1:3, КМВА – «Эсхата» – 1:4, «Равшан-К» – «Истаравшан» – 1:0 .
 
 
«Соро компания»– ду карат барандаи Суперҷоми Тоҷикистон
 
Бошгоҳи «Соро компания» (Душанбе) барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал тими «Сипар» (Хуҷанд)-ро бо ҳисоби 4:2 мағлуб намуд. 
Соли дуюм аст, ки пайиҳам бозигарони шаҳри Душанбе барандаи Суперҷом мешаванд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1925
07.07.2022


Вохӯрии вазири молия бо Ули Маурер

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ДИРЕКТОРИ ХБА

Зарбаи таҳримот ба иқтисоди ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

“ШИРКЕНТ”. ҚАБУЛИ 1200 НАФАР ДАР ЯК МАВСИМ ДАСТОВАРДИ КАМ НЕСТ

05.07.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар назар аст

Шаббос дар «Ҷоми Элорда – 2022» мақоми сеюмро гирифт

Суҳбати телефонии Токаев бо Мирзиёев

Ҷаҳон дар як сатр

ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ. 299 ХАТМКУНАНДА СОҲИБИ ДИПЛОМИ СУРХ ШУД

Ҷаласаи Шурои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ

01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед