logo

Хабарҳо

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

 
Ба муносибати Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун сохтмону навсозии 105 иншооти гуногунсамт ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар маркази шаҳр 38, шаҳраки Оби Гарм 14, Ҷамоати деҳоти Қади об 43 ва дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ 10 иншоот бунёд мешавад. Айни ҳол дар 40 иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар доданд, бо мақсади вусъати корҳои ободонӣ, саҳмгузорӣ дар амалҳои хайр, таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва рушди шаҳрдорӣ вохӯрии раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода бо соҳибкорон баргузор гардид.
Раиси шаҳр зикр намуд, ки аз 105 иншооти сохташаванда 8 адади он аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд мегардад. Инчунин, 78 иншоот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва 19 иншоот аз ҳисоби буҷети маҳаллию сармояи хориҷӣ сохта мешавад.
Дар вохӯрӣ соҳибкорон зикр намуданд, ки ба хотири рушди  соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, ҳамчунин, пешрафти иқтисодиёти кишвар, бахусус ободу зебо гардондани як гӯшаи Ватан, саҳмгузор хоҳанд буд.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3033
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед