logo

Хабарҳо

Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

Дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбари намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел масъалаи густариши ҳамкории Тоҷикистону СММ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гаштанд.
Ба иттилои  маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон, дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки Тоҷикистон кумаки техникӣ ва амалии Барномаи рушдро дар таҳияи Стратегияи нави рушди мамлакат барои давраи то соли 2030 ва пешбурди афзалиятҳои кишвар дар самтҳои марбут ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, Ҳадафҳои Рушди Устувор қадр менамояд.
 
 
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо узвияти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус дар мавзуи “Вусъат бахшидан ба амалҳои ба илму фанноварӣ асосёфтаи марбут ба уқёнус”, ки аз 27 июн то 1 июли соли 2022 дар пойтахти Португалия - шаҳри Лиссабон идома меёбад, иштирок менамояд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, чорабиниро Президенти Португалия Марсело Ребелу де Соуза ва Президенти Кения Ухуру Кениата якҷо бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ҳамраисӣ намуданд. Дар он сарварони 25 давлат ва ҳукуматҳо, роҳбарони мақомоти давлатӣ, олимон аз 120 кишвар, намояндагони 38 агентӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, 1200 ташкилоти ғайридавлатӣ, 400 ширкат ва 150 донишгоҳ ширкат варзиданд.
 
 
 
Муколамаи вазирони кишварҳои Шарикии глобалӣ оид ба маориф
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи иштироки Саммити муқаддамотии бознигарии низоми маорифи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар пойтахти Фаронса - шаҳри Париж, дар бахши муколамаи вазирони кишварҳои узви Шарикии глобалии маориф ширкат варзида, оид ба таҷрибаи Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи аснод барои ба даст овардани лоиҳаи сармоягузорӣ сухан ронд.
Зикр гардид, ки Вазорати маориф ва илм ба таҳияи созишномаи шарикии КОМПАКТ дар моҳи январи соли 2021 оғоз кард ва як гурӯҳи кории техникӣ таъсис дод, ки дар он бо Гурӯҳи ҳамоҳангсозии шарикони рушд (LEG) ва намояндагони Шарикии глобалӣ ҳамкории зичро ба роҳ монд. Мавсуф изҳор дошт, ки зимни таҳияи ҳуҷҷат ба вазифаҳои муайянкардаи Стратегияи рушди маориф то соли 2030, ба монанди таҳсилоти салоҳиятнок, беҳтар намудани сифат ва натиҷаҳои таълим, таъмини таълим дар давоми ҳаёт барои ҳамаи кӯдакон бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир гашт.
Дар охир муроҷиатнома ба Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд.
 
 
 
 
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Дар асоси мувофиқаи бадастомада, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дод, ки аз натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид. Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардад.
 
 
 
Ду шабакаи нави телевизион ба пахши моҳворавӣ пайваст мешавад
Ду шабакаи телевизиони навтаъсиси давлатӣ - «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пахши моҳворавӣ пайваст мешавад. 
Дар ин бора зимни мулоқот раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин бо директори иҷроияи ширкати «Ал-Майсан»-и Амороти Муттаҳидаи Араб Ҷон Намур ба мувофиқа расиданд.
Тавре аз Кумита иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ Нуриддин Саид аз ҳолати кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Кумитаро ҷиҳати тақвият бахшидан ба муносибатҳои мутақобилан судманд изҳор дошт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7416
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед