logo

Хабарҳо

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

RGRU. «Россия пайваста ҷонибдори амиқтар кардани ҳамкориҳои байни «панҷгона»-и Хазар: дар сиёсат, амният, иқтисод ва ҳифзи муҳити зист ва, ҳамчунин, дар бисёр ҷанбаҳои рӯзномаи башардӯстона аст", - гуфт Владимир Путин дар нишасти Ашқобод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми муомилоти моли мутақобила меафзояд. Соли 2021 тиҷорат беш аз сеяк афзуд ва имсол низ дар ҳоли афзоиш аст. Путин ба тавсеаи минбаъдаи равобити тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ даъват карда, ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ ва технологӣ мебошад.
Роҳбари Россия аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи амнияти экологӣ, ҳифзи баҳри Хазар ва захираҳои баҳриро таъкид кард. Ӯ пешниҳод намуд, ки таҳияи заминаи ҳуқуқӣ, ки бар асоси Конвенсияи чаҳорчӯбаи ҳифзи муҳити баҳри Хазар, ба истилоҳ Конвенсияи Теҳрон дар соли 2003 асос ёфтааст, анҷом дода шавад.  
 
 
Президентҳои кишварҳои ҳавзаи Хазар дар хотимаи саммити Ашқобод изҳорот қабул карданд
Мир24. Иштироккунандагони саммити Хазар дар Ашқобод дар ҷамъбасти маҷлис изҳорот қабул карданд. Сарварони давлатҳои минтақаи Хазар бори дигар тасдиқ карданд, ки ба мамлакатҳои дигар барои анҷом додани ҳамла аз ҳудуди худ роҳ намедиҳанд.
Ба мувофиқа расиданд, ки ҳузури қӯшунҳои мусаллаҳи дигар мамлакатҳоро дар баҳри Хазар иҷозат нахоҳанд дод. 
Президентҳо ба тавофуқ омаданд, ки баҳри Хазар ба ҳадафҳои осоишта ва таъмини амнияти минтақа истифода шавад.
Созишнома ба даст омад, ки нишасти навбатии сарварони кишварҳои назди баҳри Хазар дар Эрон баргузор гардад.
 
 
ХФБ аъзои як созмони ифротиро барои омодагӣ ба ғасби ҳокимият боздошт намуд
Lenta.ru. Кормандони ХФБ дар вилояти Волгоград сокинони маҳаллиро бо гумони омодагӣ ба ғасби хушунатомези ҳокимият бо истифода аз силоҳ боздошт карданд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шуд, ки ашхоси боздоштшуда дар наздикии Волгоград як созмони ифротӣ таъсис додаанд. Дар мулоқотҳо онҳо нақшаҳои сарнагун сохтани ҳукумат бо истифода аз  силоҳи оташфишон алайҳи неруҳои амниятӣ ва низомии Россияро баррасӣ намудаанд. Онҳо, инчунин, барои ҳамла овардан ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ тайёрӣ дида буданд.
 
 
Чин ва Ҳиндустон ҳаҷми воридоти нафти Россияро зиёд мекунанд
АБН. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки ба иқтисоди Россия зарар расонанд ва таҳримҳои нав ба навро бештар роҳандозӣ мекунанд. 
Ба наздикӣ онҳо қисман манъи интиқоли нафт аз Россияро ҷорӣ намуданд. Аммо Чин ва Ҳиндустон аз вазъияти баамаломада истифода бурда, ҳаҷми воридоти ашёи хоми Россияро зиёд карда, аз ФР бо нархи дастрас нафт мехаранд.
Аз ин рӯ, эмбарго ба нафти Россия, ки аз тарафи Ғарб ҷорӣ  шуда буд, аслан кор надод ва даромади Россия аз фурӯши захираҳои энергетикӣ торафт меафзояд. Танҳо Чин дар ду моҳи ахир ҳаҷми воридоти нафти Россияро 28% афзоиш додааст.
Ҳамзамон, Чин ва Ҳиндустон ният доранд, мутаваққиф  нашаванд ва ба пур кардани захирагоҳҳои худ аз нафти Россия идома диҳанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4576
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед