logo

Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар назар аст

Тоҷикистон ба густариши бештари муносибатҳо бо Арабистони Саудӣ, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон зикр гардид. 
«Механизми муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ мебошад, ки нишасти навбатии он соли равон дар Душанбе дар назар аст ва умед дорем, ки ҷаласаи мазкур ба нафъи ҳар ду давлат хизмат менамояд. Ҳамзамон, соли 2022 баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар назар аст», - иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
 
 
Мулоқот бо мудири кулли Агентии  байналмилалии неруи атомӣ
Дар Вена, дар ҳошияи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия, вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо мудири кулли Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА)  Рафаэл Гросси сурат гирифт.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва АБНА матраҳ гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба раванди татбиқи лоиҳаҳои АБНА дар Тоҷикистон, омӯзиши коршиносони тоҷик, ширкати Тоҷикистон дар лоиҳаҳои минтақавии АБНА ва густариши ҳамкориҳои фаннӣ зоҳир шуд.
 
 
Иштироки вакилон дар иҷлосияи  Ассамблеяи парлумонии САҲА
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода дар иҷлосияи 29-уми солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки аз 2 то 6 июл дар шаҳри Бирмингеми Англия баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар иҷлосия масъалаҳои  сиёсӣ, башардӯстона, амнияти тамаркузшуда, барқарорсозии иқтисодиёт пас аз пандемияи коронавирус, муҳоҷират, вазъ дар Афғонистон, харидуфурӯши одамон дар иқтисоди ҷаҳонӣ, киберамният ва киберҷиноят, бехатарии ядроӣ ва манъи яроқи ядроӣ, ифлосшавӣ ва тағйирёбии иқлим, истиқлоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии ВАО ва мубориза бар зидди маълумоти бардурӯғ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
 
 
9 июл – Иди саиди Қурбон
Шурои уламои Маркази исломӣ дар ҷаласаи навбатии худ дар бораи муайян кардани рӯзи Иди саиди Қурбон қарор қабул кард. 
Гуфта мешавад, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи шанбе 9 июл рост меояд.
Тибқи қарори Шурои уламо, мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи шанбе – 9 июли сол таҷлил мегардад. Вақти баргузории намози ид соати 06:00 дақиқа муайян шудааст.
 
 
Олимпиадаи байналмилалии  «ISI Junior – 2022»  дар Душанбе
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior – 2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Олимпиада то 7 июл  идома меёбад.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зикр кард, ки Олимпиадаи мазкур ҳамоиши илмиву таҷрибавии маъруф ва озмудашудаи кӯдакону наврасони соҳибистеъдод ба шумор рафта, он бори аввал бо ташаббуси сарраёсати маорифи шаҳр тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар он 27 дастаи олимпии наврасон, 158 хонанда ва 28 мураббӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Беларус, Афғонистон, Туркманис-тон ва Россия иштирок менамоянд. Ҳамзамон, наврасони кишварҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Чин, Сурия ва Куба дар 20 даста, ки 134 нафарро ташкил медиҳанд, ба тариқи фосилавӣ ширкат хоҳанд варзид. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4867
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед