logo

Хабарҳо

Вохӯрии вазири молия бо Ули Маурер

 
Дар мулоқоти вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо вазири молияи Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер, ки дар шаҳри Бад-Рагас баргузор гардид, маҷмуи муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ барои амалисозии лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ муҳокима шуданд.
Ба иттилои Вазорати молия, ҳамзамон, дар вохӯрӣ маросими имзои протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария “Оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя” сурат гирифт. 
 
 
Шоми дӯстӣ бахшида ба 30-солагии робитаҳои дипломатӣ 
Дар қароргоҳи маҷаллаи дипломатии “Society Magazine”-и шаҳри Вена бахшида ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия шоми дӯстӣ баргузор гардида, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ,  ҳайати дипломатӣ, доираҳои иқтисодӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвари иқомат ширкат варзиданд.
Ҳамзамон, ҳангоми чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва сардори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои Марказии Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Герҳард Зайллер ҳамчун рамзи дӯстӣ дар боғи қароргоҳи маҷалла ниҳол шинонданд.
Ба меҳмонон маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва дастархон бо анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ пешниҳод шуданд.
 
 
Ифтитоҳи Маркази миллии таълимии омодасозии наҷотдиҳандагон 
Дар доираи лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Ба эътидол овардани марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки тавассути Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, марҳилаи аввали корҳои таҷдид ва сохтмони Маркази миллии таълимии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом ёфт.
Тавре аз Кумита хабар доданд, дар маросим раиси ниҳод Рустам Назарзода, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вук Жугич ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.
Омӯзишгоҳ дар дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав дар масоҳати 28 гектар ҷойгир буда, аз биноҳои таълимӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ, ошхона, толори варзиш иборат аст. Ҳамаи биноҳо бо техникаи муосир ва системаи гармидиҳӣ таъминанд. Пойгоҳ маҷмааи беназири махсусгардондашуда мебошад, ки бо назардошти вижагиҳои минтақа сохта шудааст. 
 
 
Тоҷикистон ва UNODC ҳамкориро густариш медиҳанд
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим бо мудири шуъбаи амалиётҳои Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Мива Като вохӯрд, - иттилоъ дод Вазорат.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкорҳои Тоҷикистону UNODC дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкорӣ ва ширкати сохторҳои марбутаи СММ дар татбиқи иқдомоти байналмилалии Тоҷикистон, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
Ба вилояти Хатлон 9 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим шуд
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хосса ёрии аввалияи тиббӣ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба бархе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нуҳ нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим шуд.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маросими супурдани нақлиётҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гашт.
Нақлиётҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, барои расондани ёрии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ба беморхонаҳои марказии шаҳри Норак ва ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинг интиқол дода мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5870
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед