logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ

 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкил, пешбурд, рушд ва қатъи фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ танзим менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ шакли фаъолияти ғайрисоҳибкории мустақилонаи шаҳрванд ё бо ҷалби аъзои оила ва (ё) дигар шаҳрвандон барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки дар қитъаҳои замини барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ додашуда ва (ё) бадастоварда ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ амалӣ карда мешавад.
2. Аз ҷониби шаҳрвандон фурӯши маҳсулоти кишоварзии ҳангоми пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ истеҳсол ва коркардшуда фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ 
1. Қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва (ё) қитъаи замини хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ иборат мебошанд.
2. Қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба шаҳрвандон бо тартиб ва ба андозаи муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд ва (ё) шаҳрвандон барои ин мақсад ҳуқуқи истифодаи онро ба даст меоранд.
3. Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба гурӯҳи заминҳои маҳали аҳолинишин дохил буда, ба шаҳрванд пас аз ба қайди давлатӣ гирифтани ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ дода мешавад.
4. Қитъаи замини хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ ба гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ дохил буда, ба шаҳрванд бо ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат дода мешавад.
Моддаи 4. Манъи дахолат ба фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Дахолати мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба фаъолияти шаҳрвандон дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.
 
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ПЕШБУРД 
ВА РУШДИ ХОҶАГИҲОИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ
Моддаи 5. Танзим ва дастгирии давлатии пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
1. Танзим ва дастгирии давлатии пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ аз маҷмуи чорабиниҳое, ки фаъолияти самаранокро дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ таъмин менамоянд, иборат мебошанд.
2. Танзими давлатии пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо усулҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда ва ба рушди фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ мусоидаткунанда;
2) амалигардонии чорабиниҳо оид ба рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
3) назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди фаъолият дар қитъаҳои замини хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ.
3. Дастгирии давлатии хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) ташаккули инфрасохтори хизматрасонии истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;
2) ташкили хизматрасонии техникӣ, обёрӣ, байторию санитарӣ ва иттилоотию машваратӣ;
3) пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода;
4) шаклҳои дигари дастгирӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ мансуб мебошанд:
1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
2) тасдиқи барномаҳои дастгирӣ ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
3) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дохил мешаванд:
1) таҳия, тасдиқ ва амалисозии барномаҳои маҳаллии  рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
2) муқаррар намудани нишондиҳандаҳои асосии рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дар ҳудудҳои дахлдор;
3) мусоидат ба беҳтарсозии таъминоти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо захираҳои моддию техникӣ, оби полизӣ, тухмии растаниҳо, ниҳолҳо, ҳайвоноти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва дигар маводҳо; 
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Ба ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дохил мешаванд:
1) ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо пешниҳод намудани таклифҳо доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
2) пешбурди китоби баҳисобгирии хоҷагиҳо;
3) гузарондани мониторинги истифодабарии қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
4) татбиқи чораҳо барои таъмини пешбурди фаъолияти озод ва мустақилонаи хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҳангоми истеҳсол, коркард ва фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН
ҲАНГОМИ ПЕШБУРДИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ
Моддаи 9. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои пешбурди ҳоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо қитъаи замин барои замини наздиҳавлигӣ ва (ё) ташкили хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ дода шудааст ва (ё) барои ин мақсадҳо ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро ба даст овардаанд, ҳуқуқи пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро доранд.
2. Шаҳрвандон ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ доранд:
1) истифодабарии қитъаҳои замин ва муносибатҳои молумулкиро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд;
2) фаъолияти хоҷагидориро дар қитъаҳои замин озодона ва муcтақилона амалӣ намоянд;
3) бо иттиҳодияҳои кишоварзӣ ва кластерҳои агросаноатӣ ҳамкорӣ намоянд ва ихтиёрӣ ба ҳайати онҳо дохил шаванд;
4) сохтмон ва азнавсозии гармхона ва сардхонаҳо, дигар иншооти хизматрасонӣ ва истеҳсолиро бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монанд;
5) ҷуброни зарарро вобаста ба гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд ва гиранд;
6) аз манбаъҳои захираҳои обӣ ва барқ барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо тартиби муқарраргардида истифода намоянд;
7) аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд. 
Моддаи 10. Уҳдадориҳои шаҳрвандон ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Шаҳрвандон ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ уҳдадоранд:
1) истифодаи мақсаднок ва оқилонаи қитъаҳои замин, аз ҷумла кишти зироатҳои кишоварзӣ, гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва ободониро, таъмин кунанд;
2) сари вақт андози истифодаи қитъаҳои замин, ҳаққи хизмати обрасонӣ, барқ, инчунин, дигар пардохтҳои муқарраргардидаро ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, пардохт намоянд;
3) қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенӣ ва байторӣ, талаботи агротехникию мелиоративӣ ва технологияҳои парвариши зироатҳои кишоварзиро риоя намоянд;
4) барои нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок тадбирҳо андешанд;
5) ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обу заминро таъмин намоянд;
6) бо риояи тартиби муайяннамудаи беҳдоштиву санитарӣ ва байторӣ забҳи ҳайвоноти кишоварзиро дар ҷойҳои махсуси барои ин мақсадҳо ҷудошуда таъмин намоянд;
7) ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳали ҷойгиршавӣ бо тартиб ва дар муҳлатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдорро оид ба пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ пешниҳод намоянд; 
8) дар қитъаҳои замини хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ ба бунёди бинову иншоот ва шинонидани дарахтони бисёрсола роҳ надиҳанд;
9) иҷрои уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.
 
БОБИ 4. ПЕШБУРДИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ
Моддаи 11. Тартиби пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Шаҳрвандон ҳангоми пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ самт, хусусият ва намудҳои фаъолият, таркиб ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро мустақилона муайян мекунанд. 
2. Сардори хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад манфиатҳои шаҳрвандони дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ иштироккунандаро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ намояндагӣ кунад. 
3. Шаҳрвандони дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ иштироккунанда метавонанд муносибатҳои шартномавиро вобаста ба истеҳсол, коркард ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бевосита бо ташкилотҳои кишоварзӣ, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мустақилона амалӣ намоянд.
Моддаи 12. Фаъолияти меҳнатӣ дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Фаъолияти меҳнатӣ дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо истифодаи меҳнати шахсии шаҳрванд ё бо ҷалби аъзои оила ва (ё) шаҳрвандони дигар амалӣ карда мешавад.
2. Шаҳрвандоне, ки дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» метавонанд вазъи ҳуқуқии аҳолии шуғлнокро (ё ба он баробаркардашударо) гиранд.
Моддаи 13. Баҳисобгирии хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
1. Баҳисобгирии хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ аз тарафи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар китоби баҳисобгирии хоҷагиҳо амалӣ карда мешавад. 
2. Пешбурди китоби баҳисобгирии хоҷагиҳо дар асоси маълумоти дахлдори аз ҷониби хоҷагии ёрирасони шахсӣ пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад ва инҳоро дар бар мегирад:
1) насаб, ном ва номи падар, сана ва соли таваллуди сардори хоҷагии ёрирасони шахсӣ, инчунин, шаҳрвандоне, ки бо ӯ якҷоя зиндагӣ мекунанд ва дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ иштирок мекунанд;
2) масоҳати қитъаи замин барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ, ки дар он кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад, миқдори дарахтони бисёрсола, аз ҷумла мевадиҳанда, инчунин, номгӯи дигар маҳсулоти кишоварзии истеҳсол ва коркардшаванда;
3) саршумори чорво, парандаи хонагӣ, оилаҳои занбӯри асал ва қуттии пилла;
4) маълумот оид ба шумораи воситаҳои нақлиёт, техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ;
5) маълумот оид ба бино, дастгоҳ ва таҷҳизоти дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ истифодашаванда.
3. Маълумоти китоби баҳисобгирии хоҷагиҳо барои ташаккул ва татбиқи нишондиҳандаҳои асосии таъмини рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва дастгирии давлатии онҳо истифода бурда мешаванд.
4. Шакл ва тартиби пешбурди китоби баҳисобгирии хоҷагиҳо оид ба баҳисобгирии хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ муқаррар карда мешаванд. 
Моддаи 14. Тартиби қатъи фаъолияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ
Фаъолияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ пас аз қатъи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва (ё) қитъаи замини хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад. 
 
БОБИ 5. МУНОСИБАТҲОИ МОЛУМУЛКӢ 
ДАР ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ
Моддаи 15. Истифодаи молу мулк дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Шаҳрвандон барои пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ метавонанд аз биноҳои истиқоматӣ, маишӣ ва истеҳсолӣ, дигар бино ва иншооти ёрирасон, дарахтони бисёрсола, аз ҷумла мевадиҳандаи дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва (ё) замини хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ воқеъбуда, инчунин, воситаҳои нақлиёт, техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ, ҳайвоноти кишоварзӣ ва молу мулки дигар истифода баранд.
2. Шаҳрвандони дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ иштироккунанда метавонанд шумора ва шакли бино, инчунин, иншооти хоҷагидориро бо мақсадҳои нигоҳдории саршумори ҳайвоноти кишоварзӣ, коркарди хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ, нигоҳдории техника, таҷҳизот ва дигар асбобу ашё бо риояи талаботи меъёрҳои техникӣ, сохтмонӣ, санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор мустақилона муайян намоянд.
3. Шаҳрвандон метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки дигарро барои пешбурд ва рушди хоҷагии ёрирасони шахсӣ харидорӣ ва истифода намоянд.
4. Истифодаи молу мулки узви хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар фаъолияти он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Ихтиёрдории маҳсулоти кишоварзии ҳангоми пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ истеҳсол ва коркардшуда
Маҳсулоти кишоварзии дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ истеҳсол ва коркардшуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ихтиёрдорӣ карда мешавад.
 
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 17. Тартиби андозбандӣ ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Андозбандӣ ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 18. Ҳалли баҳсҳо вобаста ба пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ
Баҳсҳое, ки вобаста ба пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» аз 8 декабри соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 12, мод. 675; с. 2006, № 7, мод. 349; с. 2011, № 6, мод. 449) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1891
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2003, №868 «Оид ба қабул кардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №6, мод.299; с.2011, №4, мод.298) аз эътибор соқит дониста шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 июни соли 2022, № 745
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 294


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2022    №: 140 - 141    Мутолиа карданд: 1874
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед