logo

Хабарҳо

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

– Бо гузашти бисту ҳашт сол аз қабули санади бунёдии давлати соҳибистиқлоламон –  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқии давлат пойдор гардида, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфтанд, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт. Ҳамзамон, пояҳои давлати тозаистиқлол мустаҳкам гардиданд, ки сарчашмаи дастовардҳои арзишманди халқи тоҷик дар ҷодаи созандагиву бунёдкорӣ маҳсуб меёбад, - иброз дошт Назирӣ Гулбаҳор Назир, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида  ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, ӯ изҳор дошт, ки қабули Конс-титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин воқеаест, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба вуқуъ пайваст. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсоз асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии онро танзим намуда,  эътимоду боварии мардуми Тоҷикистонро ба ояндаи нек ва ҳаёти орому осуда таҳким бахшид. 
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян намуд. Қабули Конститутсия – майлу иродаи шаҳрвандон барои таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои худ, бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд ва дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит ва имкони мусоид фароҳам овард, то мардуми тоҷик набзи худро бо набзи ҷаҳони имрӯза ҳамсадо созад. 
- Яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад, зеро риояи қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосии таъмини суботу оромии ҷомеа ва пешрафту созандагии он маҳсуб мегардад, - зикр кард Назирӣ Гулбаҳор. 
Сардори идораи ҳуқуқи БМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Беҳзод Расулов тазаккур дод, ки ҷавҳари асосии Конститутсияи моро инсон ва ҳуқуқу озодии ӯ, ҳамчунин, таъмини ҳаёти шоиставу арзандаи инсон ташкил медиҳанд ва ҳамаи муқаррароти Конститутсия бо назардошти ҳамин ғояи асосӣ тарҳрезӣ шуда, татбиқ мегарданд.
Қайд гардид, ки муколамаи оммавӣ оид ба Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо муайян намудани мавқеи худ ва таҳлилу баҳогузорӣ, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеаю давлат, дар муайян намудани самтҳои нави рушди он бо шарҳу тавзеҳу нигоҳи нав саҳми шахсии худро гузорад. Аз ин рӯ, барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон омӯхтан, донистан ва роҳнамои ҳаёту фаъолият қарор додани Конститутсия вазифаи муқаддаси инсонӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. 
- Ба шарофати Конститутсия, имрӯз мо фазои осоишта ва низоми мукаммали идораи мақомоти давлатӣ дорем, ки аз рӯи принсипи дарҳои кушода бо шаҳрвандон муносибат мекунанд, дастрасӣ ба низоми маориф ва тандурустӣ сол ба сол беҳтар мегардад, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ дар сабади истеъмолии шаҳрвандон ҳамасола меафзояд, давлат ва шаҳрвандон нақшаҳои стратегии дарозмуҳлатро татбиқ менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ пазируфта шуда, бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ роҳандозӣ кардааст, - гуфт Беҳзод Расулов.
Ҳамчунин, сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти БМТ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан сухан ронда, иброз дошт, ки  6 ноябри соли 1994, яъне 28 сол қабл, мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён собит намуданд, ки мардуми тоҷик соҳиби ҷомеаи иттифоқ, соҳибмаърифат ва мутамаддин ҳастанд ва бо ҳисси масъулият дар назди наслҳои оянда барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ба татбиқи арзишу неъматҳои умумибашарӣ талош хоҳанд кард. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 11500
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед