logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

 
Дар чаҳорчӯби роҳандозии чорабиниҳое, ки ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегарданд, аъзои маҳфили илмию адабии "Ганҷи сухан"-и шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғди Тоҷикистон ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд. Меҳмононро дар гузаргоҳи марзии Андархони ноҳияи Бешариқ ноиби ҳокими вилояти Фарғона Хуршед Аҳмедов ва ҳокими ноҳияи Бешариқ Расулҷон Ҷӯраев истиқбол гирифтанд. 
Зери садоҳои дафу доира ва карнаю сурнай гурӯҳи духтарон ба меҳмонони тоҷикистонӣ гулдастаҳои тару тоза тақдим намуданд. Сипас,  бо иштироки меҳмонон дар бинои "Маркази дӯстии ӯзбеку тоҷик", воқеъ дар маркази ноҳияи Риштон маҳфили муштараки  адибон ва аҳли илму фарҳанги ду вилоят баргузор гардид. Онҳо аз китобхона ва толорҳое дидан карданд, ки барои баргузории маҳфилҳои гуногун ифтитоҳ ёфтаанд.
Раҳбари маҳфили “Ганҷи сухан” Саидумрон Саидов барои пазироии гарму ҷӯшон ба мизбонон арзи сипос кард. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз боз шудани марзҳо, ки маҳз бо иродаи сиёсии сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев имконпазир шуд, робитаҳои илмиву фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар сол ба сол тавсеа меёбанд. Гуфта шуд, ки сафари аҳли илму фарҳанги вилояти Суғд ба вилояти Фарғона низ маҳз натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо мебошад.
Меҳмонон дар ҳайати Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, донишманди тоҷик Нуралии Нурзод, нависандагон Додохони Эгамзод, Матлуба Ёрмирзоева, шоирон Сурайё Ҳасансултон, Гулнози Тоҳириён, устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи иқтисодии Хуҷанд Шарифҷон Тоҷизода, Субҳони Аъзамзод, Нодира Қӯзиева, Ҳусейн Юсуфӣ ва Содирхон Умаров  нахуст аз коргоҳи кулолгарони риштонӣ боздид намуданд ва бо фаъолияти иддае аз сафолгарони риштонӣ ошно шуданд.
Дар идомаи сафар аъзои  маҳфили "Ганҷи сухан" ба Донишгоҳи давлатии Фарғона ташриф оварда, бо аҳли илму адаб ва донишҷӯён дидору мулоқот анҷом доданд. Ин мулоқотҳо низ хеле хушу босамар сурат гирифт. Шеъру ғазалҳои дилошӯби шоирон аҳли толорро ба ваҷд овард. Устодону донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Фарғона намоишномаи адабиву бадеӣ ва мусиқиро ба меҳмонон пешкаш намуданд, ки истиқболи гарм пайдо кард. Худи ҳамон рӯз иштирокдорони маҳфили “Ганҷи сухан” аз “Маркази ҳунармандон”-и шаҳри куҳани Марғелон боздид намуданд. 
- Ташрифи олимону шоирон ва журналистони маъруфи тоҷик ба вилояти мо дар ҷавоб ба он сафар сурат гирифт, ки мо ба вилояти Суғд карда будем. Чунин дидору мулоқотҳо моро ба ҳам наздиктар ва меҳру муҳаббати самимиро дар қалбҳоямон ҷо хоҳад намуд. Мо бе ҳамдигар буда наметавонем ва ин борҳо собит шудааст. Аҳли қаламу фарҳанг ҳамеша барои сулҳу субот ва ҳамгироии халқҳо хидмат мекунанд. Ин бор низ аз ташрифи дӯстони тоҷикистонӣ дилу дидаҳо оромид ва риштаҳои дӯстиву рафоқат боз мустаҳкамтар гардид, - мегӯяд раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона, шоир ва журналист Масъуди Мирзо.
Сафари аъзои ин маҳфил бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд, ҳокимияти вилояти Фарғона, инчунин, Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ин вилоят сурат гирифт. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 11781
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед