logo

сиёсат

РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун Иҷлосияи сарнавиштсоз ва саодатбахши миллӣ сабт гардид,  рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчами давлатӣ қабул шуд. Тасдиқ ва қабули Парчами давлатӣ ба давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт ва мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад. Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешон ва дар гирдоби ноумедиҳо афтодаи тоҷик аз оғози неку ҳамбастагӣ паём медод.
Ин гуна башорат ё паёми неки расидан ба сулҳу осоиштагӣ, ки дар айни тасдиқ ва қабули Парчами давлатӣ иттифоқ афтода буд, иқдомоти Раиси навинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пурра мекард. Зеро маҳз бо толошҳои ин абармарди таърих Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ ба масъалаҳои муҳиму ормонии миллат даст зада, заминаи устувори расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва хатми ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро фароҳам овард. 
Бояд гуфт, ки миллати соҳибтамаддун ва дорои суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдории тоҷик, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд. Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёниро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист. Ва, албатта, боиси ифтихори ҳар яки мост, ки халқи тоҷик яке аз халқҳои соҳиби суннату анъанаҳои бостонии парчамдорӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парафшонии парчамҳои Балхи бостонӣ, парчамбардории Кова, эҳтироми парчам аз ҷониби Шоҳ Фаридун ва дигар сулолаҳои баъдинаи тоҷикон, ки нишонаи шаъну шарафи гузаштагони некномамон мебошад, ёдовар шуд. 
Дар ин замина, хотирнишон месозем, ки дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асрҳои 5-8 мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро метавон мушоҳида намуд. Деворнигора чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафари онҳо парчамҳои зардранги сегӯша дида мешаванд. 
Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманд ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон ливои Коваи бузургро ба хотир овард, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад. Воқеан, дар адабиёти бадеӣ «Дирафши Ковиёнӣ»-ро марбут ба парчами чармини Коваи оҳангар (дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ) донистаанд, ки бо он Кова бар зидди Заҳҳоки морон бархоста буд. Ин ҳақиқати таърихӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ чунин тасвир шудааст:
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,
Бипӯшанд ҳангоми захми дирой.
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ ба бозор бархост гард.
Фаридун чун «Дирафши Ковиёнӣ»-ро дид, онро фоли нек ва рамзи пирӯзӣ бар Заҳҳоки морон донист.
Аз ин лиҳоз, таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тули таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, мебошад. Яъне, ин эҳтиром ба руҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳо абармардони дигари гузаштаи мост. 
Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаммароми «Дирафши Ковиёнӣ»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг:  сурх – озодиву истиқлол, сафед – сулҳу оромӣ, сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад. 
Сокинони мамлакат санаи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун Ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 истиқбол гирифтанд. Бо назардошти ин ва ба хотири гиромидошти нақши муассири Парчами давлатӣ дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавон, соли 2010 бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манораи бузурги Парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар остонаи таҷлили Ҷашни муқаддаси бистумин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар паҳлуи чапи Қасри Миллат ба баландии 165 метр барафрохта шуд. Баъдан, ин мавзеъ «Майдони парчам» номгузорӣ гардид, ки ҳоло яке аз беҳтарин маконҳои сайругашти сокинону меҳмонони пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Парчами давлатӣ дар ин майдон бо паҳноӣ ва баландии бемислаш, вориди Китоби рекордҳои Гиннесс шуд. 
Ҳоло Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин, сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар парафшонӣ мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кишваре сафар кунанд ва суханронию мулоқот анҷом диҳанд ё варзишгарони тоҷик чун дар мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ, барафрохта мешавад, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад. Зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.
 
Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филология, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2022    №: 225    Мутолиа карданд: 403
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед