logo

мулоқотҳо

Президенти Тоҷикистон Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт

14 июн  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Морелро, ки баҳри иштирок дар мулоқоти вазирони адлияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масъалаҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ва авзои кунунии Қирғизистон баррасӣ шуданд.
«Тоҷикистон ба рушду нумӯи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо манфиатдор аст ва мо хоҳони онем, ки ҳамкориҳоямон бо он дар бахшҳои стратегӣ хислати мушаххас касб намоянд», -гуфт Сардори давлат.
Пйер Морел дар навбати худ аз он, ки Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон ба тасвиб расидааст, изҳори қаноатмандӣ карда таъкид дошт, ки «татбиқи амалии ин санад ба оғози марҳалаи нав дар муносиботи гуногунҷанба, аз ҷумла дар ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои мушаххас боис мегардад».
Пйер Морел ҳамчунин аз омодагӣ ба нахустин ҷаласаи «Шӯрои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо», ки тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе бояд баргузор шавад, иттилоъ дода, ин  ва дигар чорабиниҳои муштаракро «фоли нек аз оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ намуд».
Ба гуфти ӯ тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе ҳамчунин мулоқоти раисони судҳои конститутсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад.
Баргузоршавии чорабиниҳои сершумори сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки солҳои ахир ва хусусан соли равон ба назар мерасад, нишона аз болоравии нуфузу эътибори ҷаҳонии кишвари мо маънидод гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба авзои кунунии Қирғизистон мубодилаи афкор намуда, изҳори умед карданд, ки тарафҳои даргир ҳарчи зудтар аз амалиётҳои ҷангӣ ва тахрибкорӣ даст кашанд ва баҳри барқарорсозии амнияту субот дар минтақаи ҷануби ин кишвар чораҳои муассир андешида шаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1093
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед