logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати махсус бахшида ба мавзӯи “Ҳалли проблемаҳои ҷаҳонии обу санитария - вазифаи асосии амалӣ сохтани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола”, Нью-Йорк, 22 сентябри соли 2010

Ҷаноби Раис,
Дӯстони азиз,

Шарафмандам, ки аз номи созмондиҳандагон машварати имрӯзаро кушода эълон намуда, ба ҳамаи шумо барои иштирокатон дар он изҳори сипос менамоям. Итминон дорам, ки машварати имрӯзаи мо дар масъалаи тезонидани иҷрои яке аз вазифаҳои муҳимтарини Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола- ду баробар кам кардани теъдоди одамоне, ки аз истифодаи оби тозаи ошомиданӣ ва шароити муқаррарии санитарӣ маҳрум мебошанд, саҳми босазо хоҳад гашт.
Масъалаи таъмин намудани аҳолӣ бо об ва шароити санитарӣ сол ба сол аҳамияти бештар пайдо мекунад. Рӯйдодҳои ҷаҳонии солҳои охир, аз ҷумла тағйир ёфтани иқлим, бӯҳронҳои шадиди молиявию озуқаворӣ, суръати пасти пешрафти иқтисодиёт, камбуди захираҳо ва монанди инҳо, ба саъю талоши давлатҳо барои ба даст овардани ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи обу санитария таъсири манфӣ мерасонанд ва самараи онҳоро коҳиш медиҳанд.
Ҳанӯз қариб 1 миллиард сокини сайёра аз истифодаи оби тозаи ошомиданӣ маҳрум буда, қариб 2,6 миллиард нафар ба шароити одитарини санитарию техникӣ дастрасӣ надорад.
Дар кишвари мо низ бо вуҷуди фаровонии захираҳои об як қисми аҳолӣ аз сабаби набудани шабакаҳои обрасонӣ ва дастрасӣ ба оби тоза бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳбуди таъминот бо об ва ноил шудан ба дигар Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола «Барномаи беҳтар сохтани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои давраи солҳои 2008-2020»-ро қабул намудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои дар ин самт андешидашуда дар давоми 5 соли охир қариб 1,2 миллион нафар бо шароити беҳтари истифодаи об таъмин шуда, зиёда аз 600 ҳазор нафар ба истифодаи оби тоза дастрасӣ пайдо кард.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои вобаста ба об дар давоми 5 соли охир зиёда аз 15 барнома, стратегия ва нақшаҳои  амалиёт қабул намуд, ки дар доираи онҳо даҳҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор доранд.
Амалӣ сохтани ҳамаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бо масъалаҳои таъминоти об ва беҳтар сохтани шароити санитарӣ зич алоқаманд буда, аз ҳамаи мо андешидани тадбирҳои фарогир ва мувофиқашударо дар сатҳи милливу минтақавӣ талаб мекунад.
Захираҳои об дар тавсеаи ҳамкории миёни давлатҳо нақши муҳим мебозанд. Дар таърих бисёр низоъҳои байни давлатҳо маълуманд, ки дар асоси ихтилофи назар доир ба масъалаҳои об рӯй додаанд. Вале бояд гуфт, ки об дар аксари мавридҳо на ҳамчун омили ҷудокунандаи одамон ва мамлакатҳо, балки чун муттаҳидсозандаи онҳо нақш мебозад. Айни ҳол дар миқёси ҷаҳон беш аз 263 дарёи сарҳадгузар мавҷуд аст ва давлатҳои ҳамсарҳад онҳоро барои таъмини эҳтиёҷоташон истифода мебаранд. Ин дарёҳо барои садҳо миллион одамон захираи муҳими ҳаёт ва таъмини амният, муҳити зист ва равобити ҳамарӯзаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд. Тоҷикистон дар робита ба ин ва бо мақсади тезонидани суръати амалӣ сохтани ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи об пешниҳод мекунад, ки соли 2012 Соли байналмилалии дипломатияи об эълон карда шавад. Итминон дорам, ки қабул шудани қатъномаи дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин мавзӯъ агар ба ҳалли пурраи ихтилофот доир ба идораи захираҳои оби тоза мусоидати комил накунад ҳам, ба нармтар гардонидани ихтилофот, таҳкими чораҳои эътимод дар ин соҳа, тавсеаи ҳамкорӣ ва музокирот доир ба ин масъалаҳо кӯмак хоҳад кард.
Тағйироти иқлими ҷаҳон пеш аз ҳама ба захираҳои об таъсир мерасонад. Масалан, дар Тоҷикистон, ки сарчашмаи қариб 60 фоизи оби дарёҳои минтақа мебошад, дар давоми 30 соли охир аз 14 ҳазор пирях беш аз 1000 пирях аз байн рафтааст. Ба ин вазъият афзудани миқдори фалокатҳои табиии вобаста ба об низ таъсири калон мерасонад. Солҳои охир дар Тоҷикистон чунин фалокатҳои табиӣ бештар рӯй дода истодаанд.
Воқеаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки фалокатҳои вобаста ба об дар тамоми ҷаҳон ба ҳаёт ва амнияти аҳолӣ таҳдид менамоянд. Ёдовар шудани обхезиҳои шадиди ба қарибӣ дар Покистон рухдода, ки бар асари онҳо зиёда аз 20 миллион нафар сокини ин мамлакат зарар дид, кофист. Чунин фалокатҳо, пеш аз ҳама, ба мамлакатҳои рӯбаинкишоф ва ба шароити зиндагии табақаҳои камбизоату қашшоқи аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои давраи солҳои 2005-2015 пешниҳод мекунад, ки дар давраи дуюми Даҳсола ҷомеаи ҷаҳон ба андешидани  тадбирҳои мушаххас дар бобати таъмини ин гурӯҳҳои аҳолӣ бо оби тоза ва шароити муқаррарии санитарӣ дар сатҳи байналмилалию минтақавӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намояд.
Дар ин маврид зарурати муқаррар намудани роҳу усулҳои нисбатан самарабахши афзун гардонидани кӯмаки ҳамаҷониба ва дастгирӣ дар бобати таъмини амнияти озуқаворӣ ва шароити дигари зиндагӣ ба миён меояд. Ин ва дигар мушкилоти татбиқи ҳадафҳои марбут ба об ва тадбирҳои минбаъдаи амалӣ сохтани онҳо дар Эъломияи Душанбе инъикос ёфтаанд, ки аз рӯи натиҷаҳои конфронси байналхалқии 8-10 июни соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба арзёбии миёнамӯҳлати иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барпошуда қабул карда шудааст.
Бӯҳрони об, ки бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва тағйироти глобалии иқлим тезу тунд гардидааст, аз мо муносибати одилонаю баробарона ва ҳамгироиро дар масъалаи истифодаи захираҳои об барои таъмини иқтисодиёти ҳамаи мамлакатҳо ва муҳити зист тақозо дорад, ки дар ниҳояти кор ба таъмини рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
Бори дигар ёдовар мешавам, ки ғайриоқилона ва нодуруст истифода бурдани захираҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба чӣ гуна оқибатҳои нохуш оварда расонидааст. Азхудкунии масоҳати бузурги замин барои кишти пахта ва сарфи ҳаҷми зиёди об барои обёрии заминҳо сабаби хушк шудани яке аз манбаъҳои калонтарини оби тозаи ҷаҳон- баҳри Арал гардид. Ҳалли проблемаи баҳри Арал, ки, ба ақидаи мо, имрӯз оҳанги аз ҳад зиёди сиёсӣ гирифтааст, аз мамлакатҳои минтақа на танҳо гузоштани сармояи бузург ба соҳаи об ва кам кардани масоҳати замини кишт, балки иродаи сиёсӣ ва омодагиро ба татбиқи тадбирҳои муштараку дарозмуддати истифодаи оқилонаи  захираҳои обу энергетикаи тамоми ҳавзаи баҳри Арал тақозо менамояд. Маҳз барои ҳамин мо ба Созмони Милали Муттаҳид расман муроҷиат кардем ва бори дигар таъкид менамоем, ки гузаронидани ташхиси ҳамаҷониба ва фарогири тамоми системаи истифодаи оби Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масъалаҳои самаранокӣ ва қобили қабул будани мавҷудияти обанборҳои амалкунанда ва ташхиси куллии вазъи экологии минтақа, зарур мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун яке аз тадбирҳои ҳалли масъалаи таъминоти об ва беҳтар сохтани шароити санитарӣ дар минтақа пешниҳод намуд, ки аз кӯли Сарез, ки дар мавзеи дурдасту душворгузар – маркази Бадахшон ҷойгир шудааст, ба мамлакатҳои минтақа хатти обрасонӣ кашида шавад. Ҳаҷми захираи оби ниҳоят тозаи кӯли мазкур 17 километри мукааб мебошад. Оби онро барои таъминоти миллионҳо нафар сокинони кишварҳои минтақа истифода бурдан мумкин аст. Ин тадбир ҳамзамон имкон медиҳад, ки хавфи харобшавии сарбанди  табиии кӯли мазкур пешгирӣ карда шавад. Зеро канда шудани он барои як қатор мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои бузурги харобиовар дошта метавонад.
Дар хотима як ҳикмати хирадмандонаи тоҷикиро мисол меорам: «Ба одамон обдиҳӣ кори некӯтарин ва савоби бузург мебошад». Бовар дорам, ки фалсафаи ин ҳикмат заминаи асосии тадбирҳои минбаъдаи моро дар ҳалли масъалаҳои об ташкил хоҳад дод.
Ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1787
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед