logo

мулоқотҳо

Президенти Тоҷикистон сафири нави Афғонистонро ба ҳузур пазируфт

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммад эътимоднома қабул намуд.
Зимни сӯҳбати Сарвари давлат бо сафири нави Афғонистон, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масъалаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ гашт. Аз раванди густариши муносиботи ҳасана ва ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, пеш аз ҳама ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, изҳори қаноатмандӣ  шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҷанбаи ҳамкорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт:
- Ҳалли қазияи Афғонистон аз бисёр ҷиҳат ба истиқрори иқтисодию иҷтимоии он вобаста мебошад. Аз ин ҷост, ки мо сатҳи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратиро бо Афғонистон ба таври ҷиддӣ боло бурданием.
Барои густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расондани созишномаҳо дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ ва дар бораи канорагирӣ аз пардохти андози дукарата зарур шумурда шуд.
Ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро оид ба бунёди роҳҳои минтақавии оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳои минтақа тавассути қаламрави Афғонистон таъкид карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон омӯзондани кадрҳои соҳаҳои гуногуни Афғонистон таъкид намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки баҳри таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз тамоми имконоти  муштараки мавҷуда истифода хоҳад шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1034
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед