logo

мулоқотҳо

Сарвари давлат бо раисон машварат орост

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  машварати корӣ доир намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи онҳоро  оид ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар 9 моҳи соли равон ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистони солҳои 2010-2011 шунида, дар назди онҳо доир ба вусъат додани корҳо ва бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.
Аз ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳо бармеояд, ки нақшаҳои тасдиқшуда оид ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти маҳаллӣ, ҷамъоварии пардохтҳо ба буҷети давлатӣ ва корҳои созандагию ободонӣ муташаккилона идома доранд. Ҷамъоварии ғалладонагиҳо ба поён расида, ғунучини картошкаю меваҷот, ки ҳосили фаровон доранд, ҳанӯз анҷом наёфтааст.
Чунонки аз ҳисобот маълум шуд, дар самти омодагӣ ба зимистон низ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои водии Рашт омодагии хуб гирифтаанд. Ба қадри зарурӣ ангишту дигар маводи сӯхт дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ захира шуда, нуқтаҳои доимӣ ва сайёри фурӯши ангишт ва гази моеъ низ фаъол мебошанд.
Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои пахтакор аз ҳосили фаровони пахта ва зироатҳои кишти такрорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки нақшаҳои муайяншуда барзиёд иҷро мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаҳо, ривоҷ додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонии маҳалҳои аҳолинишин ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллии тоҷикон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ риояи ҳатмии қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қатъиян талаб намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 989
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед