logo

мулоқотҳо

Гуфтугӯ оиди бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон – Эрон ва Қирғизистону Чин сурат гирифт

28 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидиро ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат, пеш аз ҳама, аз имкони мулоқоти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои панҷгона - Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон ва Чину Қирғизистон, ки дар асоси мувофиқатҳои қаблии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Бо хушҳолӣ зикр гардид, ки барномаи пайвастани роҳи оҳани бунёдшавандаи Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон  бо роҳҳои оҳани Қирғизистону Чин дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ пуштибонӣ пайдо карда, асосноксозии техникию иқтисодии он бо ҷудо гаштани 1 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз ёфтааст.
Аз ҷониби Бонки рушди Осиё барои анҷоми имконсанҷии техникӣ - иқтисодии қисмати афғонистонии ин роҳ, ки қитъаи аз ҳама тӯлонӣ ва муҳими он аст, беш аз 1 миллиону 250 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудан низ боиси қаноатмандӣ маънидод гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба нақши стратегии ин роҳ дар болобарии имконоти транзитии Тоҷикистону Афғонистону Эрон изҳор дошт: «Кишварҳои мо набояд танҳо мунтазири сармоягузории байналмилалӣ бошанд, зеро мо метавонем тибқи барномаи санҷида, қадам ба қадам қисмати муҳими ин роҳи оҳанро дар солҳои наздиктарин бо нерӯи худ бисозем».
Президенти мамлакат Эмомалӣ        Раҳмон иттилоъ дод, ки «барои татбиқи ин барнома дар қаламрави Тоҷикистон се лоиҳаи сармоягузорӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа, Румӣ -  Панҷи Поён ва Ваҳдат – Қарамиқ (сарҳади Қирғизистон) таҳия гашта, барои татбиқашон  низ тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд».
Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки баҳри оғози татбиқи ин барнома дар дигар кишварҳои панҷгона, аз ҷумла Афғонистон низ чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Ҳамчунин изҳори боварӣ шуд, ки татбиқи ин барнома мавриди дастгирии ниҳодҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои байналмилалии молиявӣ қарор мегирад.
Хотиррасон бояд намуд, ки дарозии умумии хати роҳи оҳане, ки Эрону Афғонистонро тавассути Тоҷикистон  бо Қирғизистону Чин мепайвандад, 2 ҳазору 260 км буда, маблағи бунёди он, тибқи ҳисоби пешакӣ, тақрибан 3,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.

www.president.tj

-Сафари  расмии ҷалолатмаоб, Президенти  Ҷумҳурии   Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва имзои санадҳои ҳамкории дуҷониба намуна ва баёнгари муносиботи нек ва дӯстона байни ду миллат ва давлати Тоҷикистону Афғонистон аст. Мо имрӯз ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавӣ, рӯйи масоиле, ки ба манфиати ҳар ду мамлакат аст, сӯҳбати муфид доштем. Бахусус дар қисмати зербиноҳо, ки ҳадафи сафари ман ҳам дар ҳамин аст.
Дар ин бора Абдулқуддус Ҳомидӣ, вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ҷиҳати иштирок дар мулоқоти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои панҷгона – Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Чин ва Қирғизистон ба кишвари мо ташриф овардааст, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфти ӯ ҳадаф аз мулоқоти панҷгона тавсеаи иртибототи ҷодаӣ ва роҳи оҳан миёни кишварҳои минтақа аст. Тарҳи пайвастани роҳи оҳани Эрон –Афғонистон-Тоҷикистон бо роҳҳои оҳани Қирғизистону Чин дар маркази таваҷҷӯҳи иштирокдорони нишаст қарор хоҳад гирифт.
Абдулқуддус Ҳомидӣ тазаккур дод, ки ҷониби Афғонистон мутолиоти муқаддамотии хати роҳи оҳанро аз Эрон то Мазори Шариф ва Шерхон Бандар анҷом додааст. Ҳоло 75 километр хати роҳи оҳан аз Ҳайратон то Мазори Шариф фаъол аст. Тасмим гирифтаем, ки аз Мазори Шариф то ба Ҳирот ва аз Мазори Шариф то ба Шерхон Бандар роҳи оҳан бунёд намоем.
-Ҳамчунин тарҳе вуҷуд дорад, ки аз Қошғари Чин шурӯъ шуда, аз тариқи Қирғизистону хоки Тоҷикистон ба Афғонистон васл мешавад. Ин тарҳи бисёр хуб аст ва мо аз он дифоъ мекунем, - гуфт вазири фавоиди оммаи Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидӣ.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1263
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед