logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Симон Фрайзер

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Симон Фрайзерро ба ҳузур пазируфт. «Мо Британияи Кабирро яке аз шарикони муҳими худ дар Аврупо мешуморем ва ҳавасмандем, ки муносибатҳои мо бемайлон рушду густариш ёфта, соҳаҳои гуногунро фаро бигиранд»,- изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз барпо шудани заминаи хуби қарордодӣ - ҳуқуқии ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва чанде аз кишварҳои аврупоӣ қаноатмандӣ зоҳир намуда, изҳори боварӣ кард, ки чунин ҳамкории наздик бо Британияи Кабир низ ба роҳ монда мешавад.
Дар робита ба вазъи Афғонистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомоти сулҳҷӯёнаи ҳукумати ин кишвари азияткашида, аз ҷумла таъсиси Шӯрои сулҳ пуштибонӣ намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки "давлатҳо ва созмонҳои мададрасони Афғонистон дар бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти он бояд аз имконоти иқтисодию зербиноӣ ва нерӯи башарии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон васеъ истифода баранд ва мо барои ин ҳамаҷониба омодаем".
Симон Фрайзер дар робита ба ин мавзӯъ изҳор намуд: "Британияи Кабир нақши Тоҷикистонро дар бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи мардуми Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, омода аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро бо он густариш диҳад, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод ва савдо ва татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва ҳамлу нақл". ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки "Британияи Кабир ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика  афзалияти бештар хоҳад дод".
Барои ба сатҳи матлуб баровардани муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Британия Кабир ба роҳ мондани муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, мубодилаи афкор дар масъалаҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, таъсиси заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун, бахусус иқтисод ва савдо аз вазифаҳои аввалиндараҷа номида шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Симон Фрайзер, муовини ва-зири корҳои хориҷии Британияи Кабир, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма чунин баён намуд:

- Дар   мулоқот  бо   Эмомалӣ  Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо асосан дар атрофи се масъалаи муҳими рӯз табодули назар намудем. Нахуст мавзӯи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар риштаҳои гидроэнергетика, иқтисод ва тиҷорат дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор гирифт. Зикр гашт, ки моҳи ноябри соли равон сафари ҳайати порлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Британияи Кабир сурат хоҳад гирифт. Мо дар ҷараёни сафари ҳайати порлумонӣ мавзӯъҳои зикргаштаро бори дигар матраҳ менамоем. Талош хоҳем кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи байни кишварҳоямон беш аз пеш тавсеа ёфта, ба рушди муттасили иқтисоди Тоҷикистон мусоидат намоянд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир ба хабарнигорон гуфт, ки дар мулоқот ҳамчунин масъалаи вобаста ба амнияти минтақа, ба вижа дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон матраҳ гашт. Ман аз он хушҳол шудам, ки ба ин масъалаи хеле муҳим Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос дорад. Бешак ӯ ҷонибдори ҳарчи зудтар хотима ёфтани ҷанг дар Афғонистон ва барқарор  гаштани сулҳи саросарӣ дар ин кишвар аст.
Симон Фрайзер оид ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия баёни андеша намуда, зимнан ба талошҳои Тоҷикистон дар роҳи расидан ба рушди устувор баҳои баланд дод.  

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1187
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед