logo

энергетика

Шарҳе ба муроҷиатнома

Ҳамватанони азиз!
Воқеан ҳам боиси таассуф аст, ки  вобаста ба носозгориҳои табиат дар арафаи  Иди муқаддаси аҷдодӣ имконияти пурра бо барқ таъмин намудани кишварро наёфтем ва барои ин роҳбарияти Ширкати "Барқи Тоҷик" аз тамоми мардуми шарифи кишвар ва   муштариёни нерӯи  барқ маъзарат мепурсад. Гап дар сари он ки ибтидо аз аввали март дар ҷумҳурӣ ҳарорати  ҳаво яку якбора ва ғайричашмдошт паст фуромад. Ин ба таъминоти барқ халали ҷиддӣ расонд. Маълум, ки хунукӣ ҳам талаботро бо барқ ба маротиб афзун намуд ва ҳам боиси кам шудани об дар  маҷрои дарёи Вахш гардид. 
Мувофиқи пешгӯиҳо бояд дар охири моҳи феврал ва ибтидои март ҳаҷми оби  маҷрои дарёи Вахш  190-220 метри кубӣ дар як сонияро ташкил медод, аммо дар асл он давра маҷрои дарё 70-80 метри кубӣ дар як сонияро ташкил дод.
Обанбори Норак манбаи асосии захираи энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад ва сатҳи он  то  имрӯз 858 метру 37 сантиметрро ташкил медиҳад, ки ин аз сатҳи минималии техникӣ ҳамагӣ 1 метру 37 сантиметр зиёд аст ва аз ин миқдор ҳар рӯз 35-40 сантиметр сарф мегардад. Ягона умед алҳол ба табиат аст, ки аз файзу карамаш ҳаво гарм ва об дар маҷрои дарё зиёд гардад.
Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати амалӣ шудани дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар  ва афзалияти сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011, ки эҳтиёҷ ба барқ бештар буд, пойтахти кишвар, марказҳои вилоятҳо, як қатор шаҳрҳои саноатӣ ва марказҳои маъмурии ноҳияҳо пурра бо барқ таъмин буданд ва мардуми деҳот дар давраи аввал 10 соат ва ибтидо аз моҳи декабр 12 - соатӣ барқ гирифтанд. Аз 20 феврали соли 2011 бошад, маҳдудияти рӯзонаи барқ пурра  барҳам дода шуда буд. 
Мутахассисони Ширкат ва кормандони Хадамоти марказии танзим, ки реҷаи интиқоли барқро муайян менамоянд, машғули коранд ва баробари зиёд шудани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш таъминоти муқаррарии нерӯи барқро ба муштариён  барқарор намоянд. Ҳарчанд аз табиат ҳама чизро интизор шудан мумкин аст,  вале ҳамин аниқ аст, ки дигар зимистон барнамегардад ва дар рӯзҳои наздик истеҳсоли барқ зиёд шуда, таъмини аҳолӣ бо барқ ба  эътидол хоҳад даромад.

Абдулло ЁРОВ,
раиси Ширкати саҳомии
ҳолдингии кушодаи
"Барқи Тоҷик"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1540
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед