logo

маориф

Убайдулло Қурбонов: шаффофият имкон медиҳад беҳтаринҳо донишҷӯ шаванд

- Ба ифтихори ҷашни 15-солагии Ваҳдати миллӣ ҷилдҳои 3, 4 ва 5-уми Энсиклопедияи мухтасари тиб бо теъдоди 1500 нусха бо сифати баланд аз чоп баромад. Дар ин давра 28 нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кард, - гуфт Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ бо хабарнигорон.
Зикр гардид, ки имсол донишгоҳро 1023 нафар хатм кард, ки аз он 37 нафар соҳиби дипломи аъло гашт. Муҳассилин дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олӣ ширкат намуда, сазовори ҷои дуюм гардиданд. Аз тарафи ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ ба 30172 бемор ёрии табобатию машваратӣ расонда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти байналмилалии донишгоҳ бо ташкилоту созмонҳои хориҷӣ густариш ёфта, айни замон раёсати донишгоҳ бо зиёда аз 50 муассисаи бузурги илмию таълимӣ ва марказҳои муолиҷавии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Назар ба гуфтаи ректори донишгоҳ, соли равон мувофиқи нақшаи қабул 1200 донишҷӯ қабул мешавад, ки аз ин 560 ҷойи буҷавӣ ва 640 ҷойи шартномавист. Ба ҷойҳои муқарраршуда то 25 июл 2830 довталаб ҳуҷҷат супурдааст, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 400 нафар зиёд аст.
Убайдулло Қурбонов дар посух ба саволҳои хабарнигорон таъкид намуд, ки шаффофияти қабули довталабон имкон медиҳад, беҳтаринҳо донишҷӯ шаванд ва дар рушди илми тиб ва ҳифзи тандурустии шаҳрвандон нуфузи бештаре пайдо намоянд.

Мунаввари САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.12    №: 100    Мутолиа карданд: 3015
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед