ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАН И

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАН И

20 май 2024, Душанбе
13
0
 
18-уми май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. 
Ҳангоми вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории ду кишвар ва масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки “мо ҷонибдори идомаи тақвияту густариши чунин анъанаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои бунёдии мардумони ду кишвар ҳастем”.
Таъкид гардид, ки Чин яке аз шарикони бузурги кишвари мо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ мебошад. Ҳаҷми умумии сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. 
Зимни мулоқот густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ муҳокима гардид.
Ҳамзамон, алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба роҳандозии ҳамкории фаъол бо Чин оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба “иқтисоди сабз”, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва истеҳсолот дар мамлакат бо истифода аз “технологияҳои сабз” таъкид шуд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитариро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, табодули афкор доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, пеш аз ҳама дар масъалаҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, сурат гирифт.
Зимни баррасии масоили мубрами ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва “Осиёи Марказӣ + Чин” зоҳир шуд. Инчунин, аҳамияти идомаи ҳамкории минбаъда ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои глобалии ҳамдигарӣ таъкид гардид.
Санаи нашр: 20.05.2024 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив