Қиссаи ҷолибе шунидам, қиссае, ки пур аз корнамоист. Шавқи дидор маро ба кӯяш расонд. Як зани одии деҳотӣ ба пешвоз баромад. Чеҳраи нуронию хандонаш башорат аз ободию баракат ва осоиши рӯзгор медод.
Фотима айёме, ки бо чор фарзанди кӯчак бо ҳукми тақдир бесаробон монд, аз мушкилоти ба сараш омада наҳаросид. Азм кард, то ба тиҷорат машғул шавад, аммо фарзандони бесаробон пеши роҳашро мегирифтанд. Бо умед ангушт ба дари хонаи ҳамсоя зад. Мирзохон Қарақулов, ҳамсояи хайрхоҳу раҳмдил, ҳар рӯз як нон ба фарзандони Фотима медод.
Дар давоми рӯз Фотима якчанд деҳаро пиёда тай намуда, бо аробачаи дучарха ҳар намуди мева ҷамъ оварда, ба шаҳри Душанбе рафта, ба савдо мегузошт. Баъди пурра фурӯхтани меваҳо фоидаи онро барои фарзандон сарф карда, хӯроки гарму болаззат меовард. Бо ҳамин васила ба ҳаёти воқеии хонаводааш таъсири хубе расонд. Роҳи душвори тиҷорат барояш бисёр мушкилотро рӯшан кард. Ҳар барору нокомиҳое, ки дар ин марҳила мувоҷеҳ гашт, панде дар рӯзгори минбаъда буд.
Мавсими ҷамъоварии мева низ, ба анҷом мерасид. Мардуми азияткашидаи деҳоти атроф соле нагузашта буд, ки аз кишвари ҳамсояи Афғонистон баргашта, хонаву дари худро обод мекарданду ҳар яке аз заминҳои наздиҳавлигӣ ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндаро меғундошт.
Барои Фотима низ, мушкил пеш омад. Фасли зимистон қонунҳои худро дорад. Ҷамъоварии меваи хушк хеле кам буд. Баъди сарсониҳои зиёд ба хона бармегашт. Ҳаво торик шуда, роҳ рафтан, махсусан бо аробачаи дучарха хеле мушкилӣ дошт. Боре аз Душанбе бо чи қадар душвориҳо ба хона омад. Ба худ андешида, роҳи ҳалли мушкилро тарҳрезӣ кард. Ба дари хонаи ҳамсояи некаш Мирзохон рафту арзи муддао намуд. Худи онҳо дар ҳоле, ки барои пухтани нон аз ҳисоби ҳезуму ангишт харҷи зиёд доштанд ва нонфурӯширо ҳамсараш ба уҳда дошт, Фотимаро барои ҳамкорӣ қабул карданд. Акнун Фотима ба фурӯхтани нон машғул гашта, каме ҳам бошад, осудаҳолона рӯз мегузаронд. Нонфурӯшӣ ҷамъоварии мева нест, ки деҳа ба деҳа, хона ба хона гашта, беҳолу бемадор гардад. Муомилаи хуш ба пешравии кори Фотима мусоидат кард. Аз пешрафти кораш Мирзохон ва аҳли байташ низ хеле шоду мамнун буданд. Корашон босамар, рӯзгорашон осуда мегузашт. Аз рӯзе, ки Фотимаро ба кор ҷалб намуданд, фаъолияти нонвойхона самар оварда, баракат зиёд мегашт. Мирзохон барои тӯю маъракаҳо фармоиши зиёд мегирифт. Шароити зиндагии Фотима низ, рӯ ба беҳбудӣ меовард. Фарзандонаш ба ӯ дастёрӣ мекарданд. Махсусан, духтари бузургаш Таҳмина ҳамеша дар паҳлуи модар барои кашондани халтаҳои нон, ҷобаҷогузориву батартибдарории нуқтаи савдо ёрӣ мерасонд. Акнун Фотима он зани муштипаре набуд, ки дар чорсӯи зиндагӣ лолу ҳайрону саргардон бошад.
Баъди чанд муддат боз назди Мирзохон рафта, хоҳиш кард, то ӯро ба кори омода намудани хамири кулча ҳамчун коргари кирояи шабона ба кор гирад.
Фотимаро мушкили дигар домангир шуд, замона ноором буд. Додараш машғулияти ӯро написандида, ҳамеша ҷангу ҷанҷол мекард, то ки ӯ дигар ба бозор набарояд. Бо ин мақсад Фотимаро аз хонаи хушдоман ба хонаи модар оварда, аз нони “даҳонаш” маҳрум сохтанӣ буд. Пайваста ба модараш мегуфт, ки хоҳарам ба бозор барояд, ба худкушӣ даст мезанам. Ашкҳои модари гирён ин зани муштипарро муддате аз бозор боздошт.
Баъдан, бо хоҳиши Фотима бародари аз Россия омадааш барои ӯ аз маркази ноҳия хона мехарад. Дар ин ҷо ҳам Фотима аз музди бадастоварда танӯр сохта, ба пухтану фурӯши нон шуруъ намуд. Аз соли 2001 то соли 2004 ҳамин тарз кор кард. Муштариёнаш зиёд шудан гирифт.
Сатҳу сифати хизматрасонии коргоҳро вусъат бахшида, дар тамоми ноҳия ҳамчун соҳибкори муваффақ шинохта шуд. Соли 2012 бо мақсади сохтани бинои нонвойхона ба раиси ноҳия ариза пешниҳод намуд. Баъди гирифтани ҳуҷҷатҳои расмӣ ба сохтани бино оғоз кард.
Дере нагузашта аз ҳисоби заминҳои Ҷамоати деҳоти Панҷ ба андозаи 2 гектар замин гирифта, Хоҷагии фермерии «Фотима»-ро таъсис дод ва ба кишти сабзавот машғул шуд. Хоҷагӣ фаъолияти хуб дошта, маҳсулоти хушсифатро ба бозор мебарорад. Соли 2016 аз Бонки хусусии «Имонинтернешнл» ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифта, барои кишти пиёзи барвақтӣ сарф карду 113 тонна пиёз фурӯхт.
Соли 2017 дар назди нонвойхона дукони санбӯса ва сихкабоб кушода, бо ҷалби ду корманди таҷрибадор ба истифода медиҳад. Тамоми кормандон тибқи ҳуҷҷат расман фаъолият менамоянд.
Ҳар субҳ аз се коргоҳи нонпазии Фотима ба шаш шаҳраку деҳоти ноҳия ва бозори марказӣ тавассути нақлиёти хусусӣ зиёда аз 7000 нону кулчаи хушсифат пешкаши муштариён мешавад.
Аз соли 2018 сохтмони дукони қаннодиаш, ки дар назди бозори марказӣ ҷойгир аст, ба итмом расид, айни замон рангубори бино идома дорад. Мақсад дорад, ки таъсиси ҷойи кор ба бонувоне, ки муҳтоҷи дастгирӣ мебошанд, ёрӣ расонад.
Фотима бо иродаи қавии шикастнопазир ва бо умед ба оянда ба ин рӯзҳои пирӯз расид. Ӯ собит намуд, ки аз муҳтоҷӣ гиристану ба кунҷи навмедӣ нишастан, суде нест, балки худро сохтан ва қомат рост кардан мароми модари тоҷик аст!
Шарофати ДОНИЁР,
ноҳияи Ҷайҳун