Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро дар таҳрири нав ба тасвиб расонданд. Лоиҳа дар заминаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» (17 майи соли 2004), «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» (2 августи соли 2011) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи амал ва фаъолияти соҳибкорӣ бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия шудааст. Пас аз мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи Қонун дар таҳрири нав ду санади пешин аз эътибор соқит мешаванд, яъне низоми иҷозатномадиҳӣ дар доираи як қонуни мукаммал танзим мегарданд.
Қабули Қонуни нав бо мақсади гузарондани ислоҳот дар самти танзими соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ (литсензиядиҳӣ) ва дигар намуди ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, ҳамзамон, барои ба роҳ мондани расмиёти ягонаи коргузорӣ дар тамоми мақомоти давлатӣ арзёбӣ шуд.
Ба гуфтаи Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Қонун аз 6 бобу 47 модда иборат буда, муқаррароти умумӣ, принсипҳои низоми иҷозатдиҳӣ, расмиёти додан, аз нав ба расмият даровардан, бекор кардан, боздоштан ё қатъ намудани амали иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо ва муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.
– Тибқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ муносибатҳои соҳибкорӣ аз рӯи принсипи ягона – расмиёт, муҳлати номаҳдуд ва якдафъаинаи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои фаъолият, амал, мол, кор ва хизматрасонӣ (ба истиснои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ), андозаи пардохти хироҷи муайян барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба роҳ монда мешавад. Муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад. Бо назардошти ба муҳлати номаҳдуд ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта хироҷи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ мешавад, – зикр кард С. Қодирзода.
Ӯ афзуд, ки қабули Қонун ба муҳити соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда, сарбориро аз бахши хусусӣ ва омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ҳангоми давра ба давра додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта аз байн мебарад.
Равшан Раҷабзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, иброз дошт, ки лоиҳа баҳри самаранок амалӣ гаштани ислоҳоти рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
– Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, шаффофияти низоми иҷозатдиҳӣ, таъмини фазои ягонаи иқтисодиро дар ҳудуди Тоҷикистон таъмин менамояд, – баён дошт Ғиёсиддин Ашурзода, вакили Маҷлиси намояндагон.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
“Ҷумҳурият”