Иқтидори миллии ҳар як кишвар ба маориф, илм ва маърифати шаҳрвандони ӯ вобаста мебошад. Гарчанде ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба рушди соҳаи маориф монеа гардид ва ҳисороти зиёд ба миён овард, вале сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар 31 соли соҳибистиқлолӣ муассисаҳои нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд ва ғамхорӣ ба ин соҳа сол аз сол бештару беҳтар мегардад.
Дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мушкилоти замони гузариш, Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ чорсад санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Дар ин давра бори сеюм аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия мешавад. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба вазорат муяссар гардид, ки дар кушодани муассисаҳои томактабӣ бо номи «Марказҳои инкишофи кӯдакон» муваффақ гардад. Ҳамзамон, ташкили боғчаҳо ва кӯдакистонҳои хусусӣ барои рушди ин зинаи таҳсилот мусоидат мекунад.
Вазъи таҳсил дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши хониш ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Агар соли 2000 барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 27,6 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2011 ин нишондиҳанда 1 млрд 300 млн сомониро ташкил медиҳад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфт. Шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд гардид. Тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳазанд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба зинаи якуми мактабҳои олӣ дохил намудани мактабҳои миёнаи махсус» як қатор техникумҳо ба коллеҷҳои наздидонишгоҳӣ ва баъзе омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳои мустақил табдил дода шуданд. Дар ин вақт шумораи мактабҳои олӣ низ афзуд. Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Маскав (донишгоҳи техникӣ) ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав», Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таълими бисёрзинагии таҳсилот гузаштанд. Анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ҳоло яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбист.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Аз соли 2015, дар баробари донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ворид карда шуд, қабули донишҷӯён ба ин муассисаҳо тавассути низоми мазкур амалӣ мешавад. Ба ҳолати 20 июли соли 2022 дар Тоҷикистон 3940 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо 128 827 омӯзгор дарс медиҳанд. Шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 696 мерасад.
Имрӯз иҷрои рисолати омӯзгорӣ ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазифа ва рисолати омӯзгорон ва аҳли илму адаб дар шароити муосир гуфтаанд: «Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки, пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд».
Ашрафмо ОШУРМАМАДОВА,
магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон