Масъалаи беадолатӣ, поймол кардани ҳуқуқ ва зӯроварӣ нисбати зан ҳанӯз аз давраҳои пеш вуҷуд дошт. Ин нобаробарии ҷамъиятӣ имрӯз низ дар байни ҷомеа реша давонда, мавриди баҳсу мунозираи зиёд қарор дорад. Гарчанде перомуни мушкилоти ҳуқуқи зан дар ҷомеа тадбирҳои зиёд роҳандозиву амалӣ шуда бошанд ҳам, мутаассифона, ин масъалаи доғи рӯз ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст. Ин аст, ки мавҷуд будани хушунат дар оила ба як қатор мушкилиҳо замина гузошта, боиси нигаронии ҷомеа гардидааст.
ЗӮРОВАРӢ НИСБАТ БА ЗАНОН ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН
Тавре аз таҳлилҳо ва андешаи мутахассисон бармеояд, хушунат ва зӯроварӣ нисбати занон шаклҳои гуногун дошта, метавонад ҳолатҳои ногувори манфиро ба бор оварад. Зӯроварии хонаводагӣ, ҷинсӣ, издивоҷи маҷбурӣ ва бармаҳал, таҳқир, таҳдид ва ғайра аз ҷумлаи он амалҳоеанд, ки дар пайи муноқишаву нофаҳмиҳои оилавӣ сар зада, шахсро гумроҳ ва ба ҳар гуна амалҳои ношоиста водор месозад.
Ҳамчунин, пош хӯрдани оилаҳо, аз даст додани саломатии руҳиву равонии шахс, дар ҳолати ногувор қарор гирифтани фарзандони ноболиғ, ятим мондан ва аз меҳру муҳаббати волидон маҳрум гаштани фарзандон, ба худкушӣ даст задани шахси ҷабрдида, шуруъ кардан ба шаробнӯшию истифодаи маводҳои нашъаовар ва дигар омилҳое, ки боиси таассуфу нигаронӣ мешаванд, аксаран аз зӯроварӣ ва хушунати беасос маншаъ мегиранд.
ЧАРО ХУШУНАТ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД?
Тули як сол аст, ки дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила (13 13) фаъолият дорад. Дар Марказ равоншиносон ва ҳуқуқшиносон шабонарӯзӣ тариқи телефони ройгон ба ашхоси корафтода машварат мекунанд. Тавре Обидҷон Шарипов, корманди Кумита, изҳор дошт, соли сипаришуда 1621 нафар ба Маркази номбурда муроҷиат намуд. Ин рақам дар 3 моҳи соли равон 586 нафарро ташкил намудааст, ки бо 357 нафар тавассути телефон (телефони боварии ройгони 1313) ва бо 229 нафар суҳбати рӯ ба рӯ анҷом дода шуд. Ба Марказ одамон бо ҳолатҳои гуногун, аз қабили зӯроварӣ, тақсими амвол ё мерос ва ғайраҳо муроҷиат намуда, маслиҳату машварат мегиранд.
Таҳлилҳо ва маълумоти омории дар боло зикршуда гувоҳи онанд, ки дар ҷомеа хушунат торафт зиёд шуда истодааст. Ба андешаи ҷомеашиносон, омилҳои гуногун, аз ҷумла омода набудан ба зиндагии мустақилона, якдигарнофаҳмӣ, паст будани маърифат ва фарҳанги оиладорӣ, ноогоҳӣ аз нозукиҳои муносибати хонаводагӣ, камтаҳаммулӣ, дахолати дигар узви оила, камбизоатӣ, тангии рӯзгор барои гирифторшавӣ ба хушунат мусоидат мекунад.
ХУШУНАТ – ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ МАЪМУЛИИ ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО
Бино ба маълумоти омории раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта 13876 оила аз ҳам пош хӯрдааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 162 адад зиёд мебошад. Дар чор моҳи соли равон 3962 ақди никоҳ бекор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1173 адад кам аст.
Тавре аз мушоҳидаҳо аён гашт, хушунат яке аз омилҳои маъмулии ҷудошавии оилаҳо маҳсуб меёбад. Сарнавишти талхи духтари ҷавон – Дилором (номи ғайриаслӣ), сокини шаҳри Ҳисор, ки зимни муроҷиат ба Марказ (13 13) бо ӯ вохӯрдам, аз ҷумлаи он нафаронест, ки мавриди хушунат қарор гирифтааст. Тавре ӯ мегӯяд, баъди таваллуди як фарзанд аз шавҳар ҷудо шуда, ҳоло дар хонаи волидон сарсону саргардон аст. Соҳибмаълумот нест, ягон касбу шуғле надорад, ки аз ҳисоби он, ақаллан, рӯзгори худу кӯдакашро пеш барад. Бар замми ин, саломатиаш хуб набуда, ба табобати табибон ниёз дорад. Имрӯз дар оилаи падарӣ ба қавле «сарборӣ» шудааст. Дар ҳоле ки падараш нафақахӯр буда, худ ба нигоҳубин эҳтиёҷ дорад.
Ба мисли ин духтари дар чорсӯи зиндагӣ сарсонгашта садҳо нафар ҷавонзанони дигарро метавон мисол овард, ки аз гирудорҳои рӯзгор хаставу ноумед гаштаанд.
ЧӢ БОЯД КАРД?
– Ҷиҳати рафъи ин мушкили доғи рӯз пешниҳод доштам, ки аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор корҳои дастаҷамъона ва фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила пурзӯр гардад. Тариқи рӯзнома, маҷалла, ВАО оқибатҳои ногувори он ба мардум бештар фаҳмонда шавад. Хусусан, дар назди идораҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳуқуқшиносон ва равоншиносон ба навхонадорон дарсҳои оиладорӣ гузаронанд. Ҳамчунин, волидон ба издивоҷи хешутаборӣ роҳ надиҳанд. Муҳимтар аз ҳама, духтарони худро соҳибмаълумот карда, баъд хонадор намоянд. Чунин иқдомҳо метавонад роҳи пошхӯрии оилаҳои ҷавонро дар ҷомеа коҳиш диҳад, – мегӯяд ҳуқуқшинос Мавлуда Ҳусенова.
ОИЛА – НИҲОДИ МУҚАДДАС
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид хеле хуб гуфтаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”.
Дарвоқеъ, оила дар ҳаёти инсон волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост, зеро шахсияти кӯдак маҳз дар оила ташаккул ва рушд ёфта, ҳамаи он дидаву шунидаҳояшро ҳамчун замина қабул карда, вориди ҷомеа мегардад. Ояндаи фарзандон аз шахсият, обрӯю эътибори волидайн ва таъсири онҳо вобастагии калон дорад. Бошад, ки ҳамаи ин зуҳуроти нохуш дар оилаҳо аз байн раванду оилаҳои намунавӣ бештар афзоянд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”