Чанде пеш муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо ҳайати Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини сардори раёсати рушди бахши хусусӣ ҷаноби Кристиан Брендли, роҳбари барномаи SECO дар Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шанин Валтс ва корманди асосии барномаи рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Малика Иброҳимова мулоқоти корӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои муҳими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Гулбаҳор Назирӣ ба Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) барои ҳамкориҳои бисёрсола ва самарабахш арзи сипос намуда, зикр кард, ки таҷрибаи ҳамкориҳои бисёрсола ва дастгирии кумаки техникии Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) ба Бонки миллии Тоҷикистон имкон дод, ки дар бахши молиявии мамлакат як қатор ислоҳоти муҳимро ҷорӣ намояд.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаҳои SECO дар баробари дастгирии лоиҳаҳои зиддибуҳронӣ, Бонки миллии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии бонкӣ дар самти сиёсати макропруденсиалӣ, танзим ва назорати бонкӣ, идоракунии корпоративӣ ва хавфи қарзиро таҳия ва татбиқ намуд, ки ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва қабули он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, намунаи барҷастаи ин ҳамкориҳо маҳсуб меёбад.
Гулбаҳор Назирӣ меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, зикр кард, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби геосиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ тамоюли пастшавии сатҳи таваррум идома дошт ва он 2,3 фоизро ташкил дод. Таварруми солона бошад, (дар 12 моҳи охир) дар моҳи апрели соли 2023-юм 3,4 фоиз буд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ камтар аст. Афзоиши воқеии ММД бошад, дар ин давра ба 8,0 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Таъкид шуд, ки ба ҳолати 30 апрели соли 2023 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ, 64 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 26 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд, ки дороиҳоияшон ба ҳолати 30 апрели соли 2023 дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 –юм 26,1 фоиз зиёд шуда, бақияи умумии сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ 19,3 фоиз бештар шуд. Ҳаҷми амонатҳо бошад, маблағи 16 265, 2 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба 4 770,0 миллион сомонӣ ё 41,5 фоиз афзуд.
“Дар маҷмуъ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2023 дар сатҳи рушди устувор қарор доранд”, - иброз дошт Гулбаҳор Назирӣ.
Муовини сардори раёсати рушди бахши хусусӣ ҷаноби Кристиан Брендли дар навбати худ аз сатҳу сифати ҳамкории тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, пешравиҳои назарраси Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти таҳкими устувории бахши молиявӣ ва барқарор кардани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ хуш истиқбол кард ва қабули Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026-ро қадами устувор дар рушди бахши молиявии кишвар ҳисобида, иброз дошт, ки барои дар амал татбиқ намудани чаҳор самти асосӣ, аз ҷумла шабакаҳои таҳвил ва хизматрасонии молиявии рақамӣ, гуногуншаклии маҳсулоти молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва саводнокии молиявӣ ҳамкориҳо вусъат хоҳанд гирифт.
Гулбаҳор Назирӣ тазаккур дод, ки Бонки миллии Тоҷикистон омодааст ҳамкориҳои дуҷонибаи самарабахшро оид ба татбиқи минбаъдаи сиёсати ислоҳоти бахши низоми бонкӣ идома диҳад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»