Дар Фархор бостоншиносон шумораи зиёди ёдгориҳои замонҳои гуногунро ёфтаанд, ки аввалини он ба асри санг тааллуқ дорад. Шаҳраки Шӯртеппа ё Мазортеппа ба даври аввали асримиёнагӣ рост меояд. Ёдгории Золи Зар – маркази Хатлони пешазисломӣ, қасри шоҳони Хатлон ба шумор рафта, розҳои сарбамуҳри таърихро бо худ дорад. Вале ҳайҳот, ки чунин ганҷҳои таърихӣ аз назарҳо дур монда, таҳти ҳимояи махсус гирифта нашудаанд. Саволҳои бешумори ин муаммо моро назди масъулон бурд.
Чанде аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳия шомили Феҳристи мероси фарҳанги башарии ЮНЕСКО бошанд ҳам, мутаассифона, қисме аз онҳо сол ба сол харобу валангор гашта, баъзеашон ба коми адам мераванд. Чунончи, аз 56 ёдгории таърихии дар ҳудуди ноҳияи Фархор қайдшуда танҳо харобаҳои ночиз боқӣ мондаст.
Аз ҷумла, бостоншиносон зимни ҳафриёт дақиқ кардаанд, ки ҳудуди ёдгории Золи Зар 60-70 гектарро ишғол мекард, ки ҳамагӣ 6-7 гектари он боқӣ мондааст. Ҳамин масоҳати кам низ ба гӯристон табдил ёфта, як қисми дигари он заминҳои кишту чарогоҳ шуда.
Азизулло Муродов, директори осорхонаи ноҳия, зикр кард, ки чанд сол қабл академик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ дар ин мавзеъ баъзе ковишҳои археологӣ анҷом дода буд, аммо ин ковишҳо ҳамагӣ чанд муддат идома ёфт ва маблағи ҷудогардида барои корҳои таҳқиқӣ ба охир расид. Ҳамин тавр, корҳо низ нотамом монданд. Ёдгорӣ оҳиста-оҳиста зери хок монда, нопадид шуд.
Аз суханони мардуми куҳансоли маҳал маълум мешавад, ки дар гузаштаи начандон дур девору дарвозаи қалъа то андозае пойбарҷо буд. Аламовараш ин аст, ки то ҳол ҳудуди муайяншудаи он ҳифз намешавад ва мардум худсарона ба кишти гандуму дарахтзоркунии гирду атрофи он машғуланд.
Мухтор Ҳабибов, нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихии бахши фарҳанги ноҳия, камбудиҳои ҷойдоштаро тасдиқ кард. Масъалаи муносибат ба ҳудуди ёдгориро ба хунукназарии бахши заминсозони ноҳия рабт дод. Номбурда зикр кард, ки то ҳол ҳудуди ягон ёдгорӣ ҳифз намешавад ва сертификаткунонии онҳо мушкилии асосӣ ба ҳисоб меравад. То ҳол дар ин бобат бо бахши заминсозони ноҳия ба мувофиқа нарасидем.
– Борҳо ба ҳамаи сохторҳои дахлдор аз вазъи кунунии мавзеъҳо мактуб кардем, аммо таваҷҷуҳе зоҳир нагардид. Барои аз сари худ соқит намудани уҳдадорӣ, танҳо ҷудо нагардидани маблағро баҳона пеш меоранд, – гуфт Азизулло Муродов.
Бояд зикр кард, аз соли 1993 дар ёдгории Золи Зар, Майдапатта, Макони Морон, Чилтанҷон, Шаҳртеппа, Шӯртеппа ковишҳои бостоншиносӣ гузаронда мешаванд. Олимони Россия, Италия, Фаронса, Олмон дар ин мавзеъҳо таҳқиқот бурдаанд. 700 нигораи нодире, ки ҳоло дар осорхонаи ноҳия нигоҳ дошта мешаванд, маҳсули ковишҳои солҳои тулонист. Бостоншиносон ба ин назаранд, ки Фархор таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва дар ҳудуди он шаҳри қадимае ниҳон аст, ки ҳанӯз ба пуррагӣ кашф нашудааст.
Азизулло Муродов дар давоми суҳбат боз ҳам афзуд: “Ҳамасола аз ҷониби бос-тоншиносони хориҷӣ ду маротиба, махсусан дар фасли гармо ҳафриёт гузаронда мешавад, аммо масъулон ин мавзеъҳоро то тобистони дигар нигоҳдорӣ намекунанд. Рӯз то рӯз ёдгориҳо талаф ёфта истодаанд, аммо аз ҷониби масъулон чораандешӣ нест. Барои мисол, ёдгориҳои Ҷамоати деҳоти Хуросонро оварда метавонем. Дар ин нуқтаи таърихӣ алаккай чанд оила хона бунёд карда, истиқомат дорад. Барои ҳалли ин қазия, ҳатто, мақомоти судӣ ва прокуратураи ноҳия ҷалб шуданд, вале натиҷа надод ва сохтмони хонаҳо ҳанӯз ҳам идома доранд. Гузашта аз ин, дар дигар ҷамоатҳо низ, ба аҳолӣ аз чунин маконҳо қитъаи замини наздиҳавлигӣ медиҳанд, ки бисёр ташвишовар аст”.
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи 242, ки “Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳанг” унвон дорад ва барои чунин кирдор ҷазо муқарар гардидааст. Мутаассифона, бо вуҷуди аз байн рафтани бисёре аз ёдгориҳои таърихӣ, нашунидаем, ки касеро барои чунин амал ҷазо додаву ё ҳадди ақал ҷарима баста бошанд.
Ин дар ҳолест, ки аксари маконҳои таърихӣ дар шафати роҳи калони мошингарди ноҳияи Фархор воқеанд ва метавонанд барои сайёҳони дохилу хориҷи кишвар ҷойи тамошо бошанд.
Хуллас, танҳо дар як вилояти Хатлон 600 ёдгорӣ мавҷуд аст, ки таҳқиқ, ҳифз ва муаррифии онҳо зери суол рафта, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Фархор, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта истодааст.
Аз намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва масъулони ноҳияи Фархор хоҳиш мекардем, то дар ин масъалаи ба тамаддуни миллат рабтдошта бетараф набошанд.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”