Ин бор Аламхон Кӯчарзода, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филология, профессор, меҳмони рӯзнома гардиданд.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири «Ҷумҳурият», бо истиқболи самимӣ ба суҳбат ҳусни ифтитоҳ бахшиданд ва аз хидматҳои устод дар пешрафти илми адабиётшиносӣ, тарбияи шогирдон, нашри мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омма, ҳамкорӣ ва иртиботашон бо ин рӯзномаи бонуфуз ёдовар шуданд.
Аламхон Кӯчарзода, мактаби адабиётшиносии устоди шодравон Соҳиб Табаров, маъруф ба Белинскийи тоҷик, зимни суҳбат аз хусусиятҳои неки ин мактаб, сухан карданд.
Аз ҷумла, изҳор дошт: «Лексияҳои устод бо ҷанбаи амиқи илмӣ, фарҳангӣ ва таълимиву тарбиявӣ барои мо ҷолиб ва омӯзанда буд. Баъдтар, вақте ки банда зери роҳбарии устод Соҳиб Табаров кори дипломӣ ва рисолаи номзадӣ таълиф кардам, ба фаъолияти адабиётшиносӣ, хусусан ноқидии он кас бештар ва мукаммалтар шинос шудам, беҳтар дарёфтам, ки дар ҳақиқат, устод донишманди фарохназари энсклопедист ва дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ мактаби пурқуввате назири мактаби илмии мунаққиди бузурги рус В. Г. Белинский (1811-1848) таъсис додааст, ки дар натиҷаи истеъдоди фавқулода, хотираи мустаҳкам ва мутолиаи фаровон ба даст омадааст».
Устод Аламхон Кӯчарзода, ҳамчунин, аз вазъи имрӯз ва муҳимияти соҳаи матншиносӣ, нашри куллиётҳои устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода, офариниши қаҳрамонҳои миллӣ дар адабиёт, инъикоси адабии дастовардҳои кишвар дар замони Истиқлоли давлатӣ суҳбат карданд ва пешниҳодҳои ҷолиб намуданд.
Дар охир, аз ҷумла изҳор доштанд: «Рӯзномаи «Ҷумҳурият» чун Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бонуфузтарин нашрияҳои мамлакат ба шумор меравад ва фаъолият дар ин рӯзнома маҳорати баланди тахассусӣ ва масъулияти комили шаҳрвандиро тақозо дорад».
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
P. S.: Матни пурраи суҳбат дар шумораи оянда пешкаши хонандагон мегардад. Ҳамчунин, ҳаводорон имкон доранд, онро ба воситаи Ютуб – канали «Ҷумҳурият» бубинанд.