Антониу Гутерриш 23 майи соли равон дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид иброз намуд, ки музокирот оид ба татбиқи Созишномаи интиқоли ғалладона идома дошта, намояндагони Россия, Украина, Туркия ва ССМ онро баррасӣ менамоянд. Ӯ аз иштироки Федератсияи Россия дар ин раванд истиқбол намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки Россия ва Украина бозори ҷаҳониро бо маҳсулоти ғалладонаву нуриҳо, аз ҷумла аммиак, таъмин менамоянд.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Россия гуфта буд, ки Созишномаи интиқоли ғалладона то 17 июл бидуни тағйирот тамдид шудааст ва агар дар тули ду моҳ мушкилоти ин Созишнома ҳал нашавад, он пас аз 17 июл қатъ хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки маҳдудиятҳо дар содироти ғаллаи Россия дар чаҳорчӯбаи Созишномаи интиқоли ғалладона то ҳол танзим нашудаанд.
СОДИРКУНАНДАГОНИ АСОСИИ ҒАЛЛАДОНА
Россия ва Украина то соли 2020 аз содиркунандагони асосии ғалладона дар бозори ҷаҳонӣ буданд. Тибқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, дар солҳои 2020-2021 ҳаҷми умумии савдои байналмилалии гандум 193,2 миллион тонна ва ғалладонаҳо 479 миллион тоннаро ташкил додааст. Аз ин миқдор ҳиссаи Россия 9 дарсади бозори ҷаҳонии ғалладона (42,9 миллион тонна) ва 17 дарсади бозори ҷаҳонии гандум (32,4 миллион тонна)-ро ташкил дода, Украина бошад, 10 дарсади бозори ҷаҳонии ҳам гандум (20 миллион тонна) ва ҳам ғалладона (51,2 миллион тонна)-ро таъмин намуд.
Тибқи арзёбии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, маҳсулоти кишоварзии Россия ва Украина манбаи асосии ғизо барои аҳолии баъзе кишварҳо буда, беш аз сеяки гандуми мавриди ниёзи 45 мамлакати қитъаи Африқо маҳз дар ин кишварҳо истеҳсол мешавад. Илова бар ин, Россия аз содиркунандаи асосии нуриҳо ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳон аз ҷиҳати таъмини нуриҳои нитрогенӣ ҷои аввал, содироти калий ҷои дуюм ва аз ҷиҳати содироти фосфор ҷои сеюмро мегирад.
Воқеан, дар ҷаласаи Шурои амнияти СММ, ки 21 майи соли 2022 баргузор гардида буд, тахмин карданд, ки захираи гандум дар ҷаҳон ҳамагӣ барои 10 ҳафта боқӣ мондааст. Моҳи июни соли гузашта мудири Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Дэвид Бисли ҳушдор дода буд, ки агар даргириҳо дар Украина идома ёбанд, шумораи афроди дар остонаи марг қарордошта мумкин аст аз 276 миллион то 323 миллион нафар афзояд.
МУЗОКИРОТ ВА СОЗИШНОМАҲО
13 июли соли 2022 дар шаҳри Истанбул нишасти пӯшидаи ҳайатҳои низомии Россия, Туркия, Украина ва намояндагони СММ оид ба содироти ғалладонаи Украина баргузор шуд. Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Россия, генерал-лейтенант Игор Конашенков, Россия пешниҳодро барои ташкили содироти маҳсулоти кишоварзӣ тариқи бандарҳои баҳри Сиёҳ пешниҳод кард. Ин занҷираҳои логистикӣ набояд барои таъмини силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ истифода шаванд. Дар ҳамин ҳол, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар музокироти Истанбул изҳор дошт, ки "дар бисёр ҷанбаҳо тавофуқи ҷиддие ба даст омадааст". Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия, 20 июли соли гузашта ба роҳбарони Туркия ва Эрон гуфт, ки ба шарти лағви тамоми маҳдудиятҳо дар содироти маводи ғизоии Россия, мо омодаем ба содироти ғалладонаи Украина мусоидат кунем.
Ҳамин тариқ, бо вуҷуди мушкилҳои мавҷуда 22 июли соли 2022 Россия, Украина, Туркия ва СММ Созишнома дар бораи содироти ғалладонаро имзо карданд. Тибқи он, эҷоди долонҳои бехатари баҳрӣ барои содироти ғаллаи Украина пешбинӣ мешавад. Назорати боркунии ғалла дар бандарҳои Украина ба зиммаи намояндагони ин кишвар, Туркия ва СММ вогузор шуда, ҳамчунин, 27 июл дар Туркия Маркази муштараки ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шуд. Муҳлати амали шартнома 120 рӯз бо имкони тамдиди он буд.
Ғайр аз ин, дар шаҳри Истанбул муовини аввали сарвазири Россия Андрей Белоусов ва Дабири кулли ССМ Антонио Гутерриш Меморандум оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва нуриҳои минералии Россия ба бозорҳои ҷаҳониро ба имзо расонданд. Муҳлати шартнома се солро дар бар мегирад.
Нахустин киштӣ бо гандуми Украина ва парчами Серра-Леоне, якуми августи соли гузашта аз бандари Одесса баромад. Гандумро 30 август ба кишвари Ҷибутӣ барои интиқоли минбаъда ба Эфиопия расонд. Ҳамин тавр, аз оғози татбиқи созишномаҳо то 17 майи соли равон, аз бандарҳои Украина 30282 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки 50 дарсадро ҷуворимакка, 28 дарсадро гандум ва 10 дарсадро офтобпарасту равғани он ташкил дод. Интиқоли 45,8 фоизи маҳсулот ба минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, 40,8 фоиз ба Аврупои ғарбӣ, 12,3 фоиз ба Африқо ва 1,1 дарсади дигар ба мамлакатҳои Аврупои шарқӣ рост омад.
ПАҲЛУҲОИ СИЁСИИ СОЗИШНОМА Ё ХУЛОСАИ МАТЛАБ
Бешубҳа, Созишномаи интиқоли ғалладона имкон дод, ки нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ муътадил боқӣ монда, ҳазорон нафар аз гуруснагӣ раҳо ёбанд. Ғайр аз ин, ин ҳуҷҷат омили асосии паст гардондани шиддатёбии буҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ гардид. Аммо Созишнома аз ҷанбаи иқтисодӣ дида, бештар хусусияти сиёсӣ дорад. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия, пеш аз тамдиди навбатии Созишнома иброз намуда буд, ки бо дарназардошти шароитҳо ва муроҷиати шарикони худ, мо аз ташаббуси Президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдуғон пуштибонӣ кардем. Тамдиди Созишнома ба Президенти Туркия имкон дод, ки пеш аз интихобот муваффақиятҳои худро дар арсаи байналмилалӣ нишон диҳад. Ғайр аз ин, Туркия ғалладонаи Украинаро 25 дарсад арзон харида, баъд аз коркард онро ба дигар кишварҳо содирот мекунад ва аз ҷиҳати содироти орд дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол менамояд.
Қисме аз коршиносон бар ин назаранд, ки ин қарордод барои Россия ба хотири боло бурдани эътибораш дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим аст. Розигӣ ба содироти ғалладонаи Украина дар шароити феълӣ ба Россия таъсири мусбат мерасонад. Аз ҷумла, Анатолий Тихонов, директори Маркази байналмилалии агробизнес ва амнияти озуқавории RANEPA, бар ин назар аст, ки Россия барои фурӯши ҳаҷми бузурги ғаллааш Созишномаи интиқоли ғалладонаро бояд тамдид кунад. Истеҳсоли ғалладона ва нуриҳои минералӣ дар Россия дар қиёс ба ҳаҷми истеъмоли он бамаротиб зиёд аст. Соли 2022 дар ин кишвар беш аз 157 миллион тонна ғалладона истеҳсол шуда, наз-дики 25 миллион тоннаи он ба бозор роҳ наёфт ва дар анборҳо нигаҳдорӣ мешавад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”