Бароям Тоҷикистон тоҷи дунёст,
Худоҷон, тоҷи дунёро нигаҳ дор!
ФАРЗОНА, Шоири халқии Тоҷикистон
Дар хонаи хешам, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аҳмадҷон Муҳаммадиев аммаам Бурипошо Хайруллоева, модари 113-соларо зиёрат кардам. Ӯ бо набераҳояш суҳбати ширине дошт. Ин кадбонуи нуронӣ дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Душанбе умр ба сар мебарад. Ҳоли модарро пурсидам ва дар посух ҳарфҳои шоирона шунидам: «Шукр, Иброҳимҷон, ҳоло бардамам. Агар пиёда бисёр роҳ нагардам, мондагиро ҳис намекунам. Ҳикояи «Анӯшервони одил»-ро медонӣ-ку. Ман аз ҳамаи аҳлу ақрабо дарозумртар будаам. Доғи фарзандони падарро дидам. Ин ҳама бас набуд, ки доғи фарзандон ҳам дар насибам будааст.
Вақти рафтан Бурипошо ду даст ба боло бардошта дуо карда гуфт: «Ту ҳам ба мисли ман аз хурдӣ ятим мондӣ. Дуо мекунам, ки умри дарози бобаракат бинӣ. Худованд туро аз балоҳо, туҳматҳо нигаҳбон бошад. Умр пирии бадавлатро насибат гардонад. Ҳаргиз камию хориро нишон надиҳад».
Ба ожангҳои бисёр ва мӯйҳои сапеди аммаам чашм дӯхта, ҳис кардам, ки дар ҳақиқат пир шудааст, вале дар сухану суҳбат, дар дуову намоз зираку ҳушёр аст. Ба хотирам деҳаи кӯҳистони Алахчин омад. Дар саҳни масҷиди деҳа ду чанори азими 500-сола дар оғӯши якдигар то имрӯз рамзу нишони рустоанд.
Нақли пирони деҳа ба ёдам расид: шохҳои фарсудаву хушкшудаи қӯшачанорҳоро фақат ду кас – падарам, эшони Амонуллоҳ ва аммаам Бурипошо бурида, арра карда, ба поён ҳавола медоданд. Сокинони деҳа аз рӯйи ривоятҳои ваҳмангези пирони деҳа то имрӯз ғайрати ба болои ин ду чанор баромаданро накардаанд. Ин ду азизи ман ба ҳама ваҳму тарс ва овозаҳои беасос хатти бутлон кашида, чанорро ороставу пероста мекарданд.
Давраи кӯдакии падарам бо хоҳараш то давраи таъқиботи солҳои сиюм, ки аксари шахсони босавод, соҳибкитоб ва хатхонро бадарға ва молу мулкашонро мусодира мекарданд, дар ин деҳа гузашта. Падари падару аммаамро низ, бо ҷурм ё туҳматномаи Саидзода ном эшон ба маҳбас кашиданд. Умри бобокалони мо Хоҷахайрулло дар қатори ҳамдеҳааш, шоири мардумӣ Саъдуллоҳи Рабиӣ дар маҳбас ба охир расид. Бародари ӯ Асадуллоҳро ҳамчун иштирокчии ҷанговарони отрядҳои зиддибосмачигӣ аз маҳбас озод карданд.
Хулоса, туҳмати хушку холӣ сари миллионҳо ҳамватанони бегуноҳи моро хӯрд. Ҳазорон ятимони аз «гунаҳкорони» бегуноҳ боқимонда ятимхонаҳо, мактаб – интернатҳо ва гурӯҳи дигар дар ғуломии хешу табор дар шароити ғайриинсонӣ ба воя расида, як зумраи дигар аз дунё гузаштанд.
Ҳазорон шукр, ки мисли аммаам Бурипошо чанд тани дигар аз он замони пурофат эмин монда, дар сояи шаҳчанори давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол даврони пирӣ меронданд.
Модари азиз Бурипошо баъди зиндонӣ шудани падар бо бародарон ба деҳаи кӯчаки Дурбати Ҳисор кӯч баста, ба кори колхоз гузашт. Дар бораи Бурипошо Хайруллоева, агар аҳли завқ мутолиа карда бошанд, дар чандин рӯзнома ва маҷаллаҳои даврӣ хотираҳои зиёде ба нашр расонданд. Ҳамчун бонуи хушкор ва бовиҷдон чанд даъват вакили маҳаллӣ ва ноҳиявӣ буданд. Дорандаи ордену медалҳои зиёданд.
Ҳамин ҳалолкорӣ, ранҷу азобҳои зиёд дар зиндагӣ буд, ки модари арҷманд ба зиёрати хонаи Худо – Каъба мушарраф шуданд. Баъди зиёрат ба мо гуфтанд: «Вақте гирди Каъбаро мегаштем, ҳар замон дуо дар забонам буд, ки Тоҷикистони моро ободу озод нигаҳ дор. Он рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷиа, ки мо дар поёни асри ХХ ва оғози ин аср дидем, такрор нашаванд. Падарон аз модарон, фарзандон аз волидон ва хешу пайвандон аз ҳамдигар ҷудо нагарданд. Ваҳдату ҳамдилӣ дар кишварамон пойдору устувор бимонад. Худованд умри маро ба Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонад ва аз чашми бад ҳифзаш намояд. Шукр, ки Тоҷикистони ҷангзадаи валангорро ба гулистон табдил додааст. Обакаш сард, нонакаш гарм ва хонааш пур аз гандум бошад:
Эй бор, Худои аршу курсӣ,
Шаш чиз ба мо ато фиристӣ:
Имону амону тандурустӣ,
Илму амалу фарохдастӣ!»
Иброҳим ҚУРБОНОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон