19 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аҳамияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки Комиссияи мазкурро таъкид намуда, ба Марат Ҳуснуллин дар фаъолияти минбаъдааш ба ҳайси ҳамраиси ин механизми муҳими пешбурди муносибатҳои ҷонибҳо комёбӣ орзу намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвари давлати мо таъкид карданд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хосса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба тамоми маҷмуи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Дар ин замина зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду кишвар таъкид гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Россияро дар самтҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон, энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима карданд.
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.
Ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳар ду кишвар, таваҷҷуҳи лозим ҷалб шуд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат сатҳи имрӯзаи робитаҳои ду кишварро дар бахшҳои гуманитарӣ баланд арзёбӣ намуда, таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ҷонибҳоро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчун масъалаҳои мубрами рӯз қайд карданд.
Дар ҷараёни суҳбат, инчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.