Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 зимни сафар ба ноҳияи Ашт ва мулоқот бо фаъолон таъкид доштанд, ки вилояти Суғд, бахусус ноҳияи Ашт, ҷиҳати рушди боғдорӣ имкониятҳои васеъ дорад ва аз ин бояд самаранок истифода бурд, боғ бунёд карду ба коркарди ниҳоии маҳсулот ва содироти хориҷии он муваффақ шуд. Баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин самт, воқеан ҳам, корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Рафторҷон Муҳаммадиев, собиқадори соҳа, зимни суҳбат иброз дошт, ки тайи ду-се соли охир дар ҳудуди ноҳия беш аз 400 гектар боғи нави зардолу бунёд шуд, ки қисми зиёди онҳо, аллакай, ба ҳосил даромадаанд. Дар 18 ҳазор гектар боғҳои зардолуи ноҳия, ки 11 ҳазор гектараш ҳосилдеҳ мебошад, навъҳои серҳосил ва пешпазаки ба шароити ноҳия мутобиқгашта, ба монанди: “Мирсанҷалӣ”, “Бобоӣ”, “Исфарак”, “Рухи ҷавонон”, “Офтобак” “Тоҷибоӣ” парвариш мешаванд.
Баҳори имсола ба деҳқонони чашмикордони аштӣ дар ҷодаи парвариши зардолу хеле бобарор омад, зеро чунин ҳосили фаровонро дар даврони соҳибистиқлолӣ бори аввал мушоҳида мекунанд. Ҳоло хурду калон ба ҷамъоварии оммавии зардолу машғул мебошанд. Ҳамарӯза 8-9 ҳазор нафар ба ёрии боғдорони ноҳия баромада, рӯзе аз 150 то 350 сомонӣ маблағ ба даст меоваранд.
– Бори аввал дар мавсим деҳқонони ноҳия ба хориҷи кишвар зиёда аз 4 ҳазор тонна ҳосили барвақтии зардолу содирот карданд, ки ин муваффақияти хубу бузурги боғдорони аштӣ мебошад, – мегӯяд Шӯҳратҷон Муҳаммадзода, раиси ноҳия. – Имсол аз таъми зардолуҳои шаҳдбори барвақтии моҳи майӣ, аллакай, сокинони зиёди кишварҳои дуру наздики хориҷӣ, аз қабили Россия, Қазоқистон ва минтақаҳои алоҳидаи Аврупову кишварҳои арабӣ даҳон ширин карданд ва эътимоди комил дорем, ки ин раванд солҳои наздик боз ҳам вусъати васеъ пайдо менамояд.
Ҳоло мутахассисони ноҳия дар талоши онанд, ки дар баробари истеҳсоли ҳосили фаровону содироти хориҷии он ба марҳилаи дуюми рушди соҳаи боғдорӣ – коркарди ниҳоии маҳсулот қадами ҷиддӣ гузоранд. Яъне, ба саноатикунонии соҳаи мазкур роҳи васеъ мекушоянд. Агар солҳои қаблӣ дар ҳудуди ноҳия як-ду коргоҳи хурди истеҳсолӣ ва сардхона бошад, акнун мутобиқ ба дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо воридсозии муосиртарин хатҳои нави технологӣ солҳои 2024-26 коргоҳҳои миёнаи истеҳсоли ҳаргуна шарбату консерви мевагӣ сохта мешаванд.
– Дурнамои соҳаи боғдорӣ дар ноҳияи Ашт дурахшон аст, – таъкид мекунад Шӯҳрат Муҳаммадзода ва меафзояд – акнун бо тақозои давр бояд зиёдтар боғҳои интенсивӣ бунёд ёфта, таваҷҷуҳ ба содирот нигаронда шавад ва дар ин самт, бешубҳа, имконоти ноҳияи Ашт бузург мебошад.
Дар вилояти Суғд, асосан, дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ зиёда аз 50 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки дар онҳо 30 навъи зардолу парвариш мешавад. Интизор меравад, ки боғдорони суғдӣ дар мавсими имсола зиёда аз 100 ҳазор тонна зардолу истеҳсол намоянд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”