Ҳакималӣ Назаралӣ пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) то ба имрӯз (55 сол) омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 ба номи Раҳматуллоҳ Расулови шаҳри Ҳисор мебошад.
Ҳарчанд корро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ оғоз кард, тамоми умрашро ба тадриси фанҳои забон ва адабиёти тоҷик сарф намуд. Ӯ омӯзгори методист (аз соли 1984) ва дорои тахассуси дараҷаи олӣ аст. Дар ин муддат чандин насли шогирдонро тарбият намуд. Имрӯз шогирдонаш олим, адиб, омӯзгор, муҳандиси варзида мебошанд. Мусаллам аст, ки дар сиришти аксари одамон ҷавҳари ин ё он ҳунар маҳз дар айёми ҷавонӣ медурахшад ва он роҳи ояндаи зиндагии шогирдонро муайян мекунад. Ҳакималӣ Назаралӣ аз овони ҷавонӣ ба рӯзноманигорӣ ва нависандагӣ майлу рағбати зиёд дорад. Ҳикояву мақола, очерку қиссаҳояш аз охири солҳои шастуми асри гузашта дар матбуот пайваста чоп мешаванд. Масалан, яке аз ҳикояҳои нахустинаш дар рӯзномаи “Шуҳрат”-и Ҳисор (ҳозира “Ҳисори Шодмон”) ба нашр расида буд. Солҳои минбаъда якчанд ҳикояаш дар саҳифаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳозира “Ҷавонони Тоҷикистон”), маҷаллаи “Хорпуштак” пайи ҳам чоп мешуданд.
Ҳакималӣ Назаралиев бештар ҳикояҳои ҳаҷвӣ менависад. Дар ҳикояҳояш дурӯяҳо, лагандбардорон, маҷлисбозон, холабеғамон, мутакаббирон, умуман, нуқсу камбудиҳои рӯзгорамонро мавриди мазаммат қарор медиҳад. Аз ҳаёти воқеӣ низ, ҳикояву қиссаҳои зиёде навиштааст ва очерк, лавҳаю мақолаҳои ахлоқиву тарбиявӣ низ, менигорад. Бо мақолаву ҳикояҳояш 18 маротиба ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ гаштааст. Аз ҷумла, соли 2001 бо ҳикояи “Номат дар гӯр, героин!” дар озмуни “Ҷомеа ва нашъамандӣ”–и Агентии назорати маводи нашъаовар ва Раёсати СММ пирӯзӣ ба даст овард.
Ба қалами Ҳакималӣ Назаралӣ зиёда аз 30 китоби бадеӣ ва публитсистӣ тааллуқ дорад. Маҷмуаҳои “Балогардон”, “Хоби даҳшатнок”, “Шӯристон”, “Тавқи лаънат, “Сафед ва сиёҳ”, “Воломақом”, “Қанди фанд”, “Китоб – Офтоб” аз он ҷумлаанд.
Нависандаҳои халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев ва Абдулҳамид Самадов ба ҳикояҳову китобҳои нахустину эҷодиёти рангини ӯ баҳои баланд додаанд. Дар нақди адабӣ ва анҷуманҳои нависандагони Тоҷикистон ба нигоштаҳояш арҷ гузоштаанд. Мунаққидон ва адабиётшиносон Худойназар Асозода, Аскар Ҳаким, Шамсиддин Солеҳ, Абдухолиқ Набиев, Мурод Муродӣ ва чанде дигар асарҳои ӯро мавриди пажӯҳиш қарор додаанд.
Асарҳояш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ҳам шудаанд. Нигоштаҳои адибони ӯзбекро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, аз ҷумла ҳикояи “Чашма”-и Нормурод Норқобилов дар маҷмуаи дастаҷамъӣ ҷой дода шуда, ҳикояҳои ҳаҷвии Нависандаи халқии Ӯзбекистон Саид Аҳмадро дар саҳифаҳои матбуот ба нашр расондааст.
Ҳакималӣ Назаралӣ китобхонаи шахсии бойе дорад, ки он дорои зиёда аз даҳ ҳазор нусха китоб мебошад. Китобхонааш аз соли 1976 дари худро ба рӯйи дӯстдорони китоб боз намуда. “Қасри маърифат”-и ӯ соли 2016 дар озмуни китобхонаҳои шахсии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум гардид. Меҳнати ӯ бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, ҷоизаи адабии ба номи Ҳабибулло Назаров, аълочии Ҷамъияти китобдӯстони СССР, маорифи халқ, фарҳанг ва матбуоти ҷумҳурӣ қадр шудааст.
Саидмурод РАСУЛӢ,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон