Дар Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо дар мавзуи «Татбиқи муваффақи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» машварат баргузор гардид. Дар ин хусус ба мо Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар дод.
Тибқи иттилоъ дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2016-2022 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд устувории макроиқтисодӣ дар мамлакат таъмин гардида, пешравии тараққии солонаи ММД зиёда аз 7 дарсадро ташкил намуд ва ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд гашт. Даромади пулии аҳолӣ дар ин давра 1,9 маротиба афзуд ва сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 то 26,3 дарсад коҳиш ёфт. Шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба бештар ва ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ бошад, аз 20 то 31 дарсад зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид.
СОДИРОТИ ҚОЛИНҲОИ ТОҶИКИСТОН БА РОССИЯ ВА ӮЗБЕКИСТОН
Соли гузашта дар корхонаҳои қолинбофии Тоҷикистон 7,3 миллион метри мураббаъ қолин истеҳсол шудааст.
Дар аксари корхонаҳои қолинбофии кишвар дастгоҳҳои истеҳсоли Ширкати «VAN DE WIELE»-и Белгия васлу насб гардида, иқтидори тавлидотии онҳо, дар маҷмуъ, беш аз 6 миллион метри мураббаъ қолин дар як сол мебошад.
Алҳол дар Тоҷикистон 5 корхонаи қолинбофӣ– ҶДММ «Қолинҳои Душанбе», ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва се корхонаи қолинбофии дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дутоаш муштарак буда, дар ҳамкорӣ бо давлати Туркия таъсис дода шудаанд, фаъолият доранд. Ҳамчунин, соли гузашта аз хориҷа, асосан, аз Россия, Эрон, Туркия ва Ӯзбекистон ба маблағи 5,7 миллион доллари амрикоӣ 2,6 миллион метри мураббаъ қолин ворид шудааст.
ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО «СУҒД – 2023»
22 – 24 июн дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд–2023» доир мешавад, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадафи Ярмарка дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав ва густариши ҳамкориҳо мебошад. Дар он ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
МОИ «КӮЛОБ». КОРЕЯ ДАР ОН МАРКАЗИ ЛОГИСТИКА БУНЁД МЕНАМОЯД
Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ ва шароити мавҷуда намояндагони Бонки содирот ва воридоти Ҷумҳурии Корея «Eximbank» бо роҳбарият ва масъулини шаҳри Кӯлоб мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Зимни боздид меҳмонон аз рафти бунёди инфрасохтори минтақаи мазкур ва корхонаҳои саноатӣ шинос гардида, оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва дигар масъалаҳои марбут дар шакли рӯнамоӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, дар доираи ин сафар як қатор масъалаҳои барои тарафайн муҳим, бахусус бунёди Маркази логистикӣ дар МОИ «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи Корея ва истифодаи васеи имтиёзҳои мавҷуда, мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд.
НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. КИШТИ КАРТОШКА 157 ГЕКТАР ЗИЁД ГАРДИД
Соли равон бо мақсади ба 230 ҳазор тонна расондани ҳосили умумии картошка кишоварзони ноҳияи Деваштич дар майдони 7000 гектар кишт гузаронданд, ки нисбат ба дурнамои имсола 83 ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 157 гектар зиёд мебошад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Саъдулло Махкамов хабар медиҳад, ки қисми зиёди кишт, ки аз рӯи ҳисоби оморӣ 5482 гектарро ташкил медиҳад ва он дар кооперативҳои истеҳсолӣ, тиҷоративу хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронда шудааст. Имрӯзҳо майдони кишти картошка тавассути нуриҳои маъданиву органикӣ коркард гардида, бо оби полизӣ таъмин мешавад.
Шуъбаи иттилооти «Ҷумҳурият»