Аз хилъати ҳастӣ наравад доғи хиёнат,
Ҷонро бисупореду Ватанро нафурӯшед.
(Муҳаммад ҒОИБ)
Одати мардуми паҳлавонпеша маъмулан ва табиатан чунин аст, ки ҳама вақт талош барои расидан ба пирӯзиро доранд. Ҳеҷ гоҳ нияти тавсифи паҳлавонии хеш накардаам, вале аз пирӯзиҳои зиёд зери Парчами кишвари азизи хеш – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷоми сурур нӯш карда, ифтихор аз давлатдории миллӣ доштаму дорам. Ва имрӯз дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мехоҳам чанд андешаи инфиродии худро атрофи дастовардҳои замони истиқлол, талошҳои роҳбарияти олии кишвар дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдати саросарӣ ва истиқрори сулҳу субот дар кишвар иброз намоям.
Имрӯз тамоми дунё, ҳатто дар хайру эҳсон ҳам аз мақоли «панири бепул танҳо дар мушқапак аст», фаромӯш намекунад. Ҳамзамон, ман ҳамчун як шаҳрванди одӣ ва варзишгари собиқадор дигар бетараф ва хомӯш будан наметавонам, ки чанд тан дастовардҳои беш аз 30-солаи мо – истиқлолу озодӣ ва сулҳу суботи сарзамини озодандешонро бо фармоиш ва амри хоҷагони берунӣ ва фирориёни беватани хоин халалдор намоянд. Банда уҳдадор ва муваззаф ҳастам, ки он иштибоҳоти ҷавонӣ ва фиребхӯрдагиҳои зиндагиро ошкоро фош намуда, насли навро аз дарси ибрат огоҳ намоям.
Барои мо имрӯз ҳам шарт ва ҳам зарур аст, ки ҷомеаро аз хатарҳои эҳтимолӣ ва таъсироти манфии дурӯғпароканиҳои бадхоҳони давлату миллат огоҳ созем. Барои зикри дастовардҳои иқтисод дар замони истиқлол, алалхусус, баъди ба даст омадани Ваҳдати миллӣ шарт нест, ки иқтисоддону файласуф бошем. Ҳатто тифли наврас медонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишваре, ки захираҳои газу нафт надошта, аз бандарҳои баҳрӣ маҳрум аст, сатҳи таварруми баробар бо давлатҳои абарқудрати дунё дорад.
Пӯшида нест ва бо чашми одӣ ҳам дидан мумкин аст, ки имрӯз Тоҷикистон аз кишвари бебарқи солҳои 90-ум ба як давлати қудратманди гидроэнергетикии минтақа ва интиқолдиҳандаи барқ табдил ёфтааст. Бар пояи омор ва пешгӯиҳо дар ояндаи наздик имконияти ин соҳа ба тамоми Осиё ва фаротар аз он дастрас мешавад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи таъминот бо оби ошомиданӣ, ғизои беҳтар ва дастрасӣ ба соҳибкорӣ дар ИДМ дар мақоми аввал қарор дорад. Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ хонда будам, ки аз нигоҳи таваллуд ва дарозумрӣ ва дастрасӣ ба таҳсилу омӯзиш Тоҷикистон дар ИДМ дар ҷойи якум меистад.
Ҳамчун як собиқадори варзиш ва иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба насли имрӯза ҳасад мебарам ва ҳамзамон ифтихор дорам, ки имрӯз аз деҳоти кӯҳистони Бадахшон танҳо аз як оила 7 нафар қаҳрамони варзиш буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӣ сол ба он миқдор иншооти варзиш сохтаанд, ки дар 70 соли замони Иттиҳоди Шуравӣ танҳо 50 фоизи он сохта шуда буд. Ҳар кадоме аз наврасони мо имрӯз ба иншооти варзиш ба он миқдоре дастрасӣ доранд, ки мардуми Аврупо аз он ҳавас мекунанд. Фақат инсони кӯрнамак ва носипос метавонад чунин пешрафту тараққиётро набинад, ҳис накунад.
Ёд дорам, солҳои 90-уми қарни гузашта бархе аз роҳбарону саркардагони фирефташудаи хориҷӣ ҷавононро аз нобудшавии дини мубини Ислом ҳушдор медоданд, мардумро фиреб карда, ба нооромиву эътирозҳои густурда даъват мекарданд. Аммо тири бадхоҳону бадкирдорон хато рафту ба ҳадаф нарасид ва онҳо ба мақсадҳои нопоки худ ноил нашуданд.
Дар ҳоли ҳозир дастрасии мардуми Тоҷикистон ба масҷиду ибодатгоҳҳо дар муқоиса ба 27 давлати исломии ҷаҳон (тибқи омори соли 2022) беҳтару бештар аст. Дар ҳамин ҳол, чанде пеш барои ибодату омӯзиш дар шаҳри Душанбе калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ ва ИДМ ба истифода дода шуд. Ҳамаи ин бо заҳмату талош ва иқдомҳои беназири Пешвои муаззами миллат ва роҳбарии бевоситаашон амалӣ гардид.
Мо ба комилан мусалмон будани ҷангиёни гурӯҳҳои террористиву даҳшатафкани ДОИШ, ҷунбишҳои ифротии «Ал - Қоида», «Ҷамоати таблиғ» шубҳа дорем, зеро ин гурӯҳҳо тайи даҳ соли охир тибқи омори расмии СММ қариб ним миллион мусалмонро ба қатл расонда, 56 миллион мусалмонро аз ҷойи доимии зист маҳрум кардаанд.
Аз тамошо ва мутолиаи матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо ҳадафи мағзшӯӣ пахшу нашр мешаванд, хеле сода ва осон хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳанӯз ҳам фиребу найранги чанд тан хоинони Ватан мушоҳида мешавад. Имрӯз онҳо аз дур истода, лофи ватандӯстӣ мезананд, аммо худашон дар Ватан дасти касеро нагирифта, дарахте сабз накардаанд. Агар барои онҳо сарзамини Тоҷикистони биҳиштосо муқаддас бошад, пас бояд амалан ба ободии диёр даст зананд, бо сафсатаву дағдағаҳои фейсбукӣ ва ютубӣ иншооту биноҳо, боғоту мазрааҳо ва роҳу неругоҳҳо ободу сарсабз намешаванд.
Ман бори дигар ба иқдомҳои ҷавонмардонаву хайрхоҳонаи Сарвари давлат садҳо маротиба аҳсану офарин мегӯям, ки бо амалҳои волои башардӯстиашон ҳар сол чандин нафар аз шумораи ин хоинону гунаҳкоронро авф мекунанд, аммо ҳазорҳо асои аздастафтода пайдо нашуда, ягон кӯри беватани кӯрнамак бино нашуд. Ҳоло ҳам барои авф, арзи пушаймонӣ ва бозгашт ба зиндагии поку шоистаи роҳгумзадаҳо дер нашудааст. Оғӯши Ватан барои онҳое, ки аз кирдорҳои ношоистаи худ изҳори пушаймонӣ намуда, тавба мекунанд, боз аст.
Банда гӯшанишин нестам. Ҳар рӯз бо ҳамкорону ҳамкасбон, дӯстон ва шогирдон дар тамос ҳастам. Ҳама фақат бо шукргузорӣ аз пешравӣ ва зиндагии шоиста ҳарф мезананд, зеро чунин сулҳу оромӣ ва созандагию бунёдкорӣ дар ягон минтақаи дунё нест.
Ман ҷомеашинос ё сиёсатмадор нестам, аммо аз андешаҳои давлатсозию давлатдории Пешвои миллат тавассути китоби «Уфуқҳои истиқлол» огоҳ ҳастам, ки хизмат ба Ватану миллат танҳо бо курсии мансаб ва ё вазифаи давлатӣ имконпазир нест. Имрӯз намоиши ватандӯстӣ арсаи васеъ дошта, аз ҳар фард, аз шаҳрванди қаторӣ то вазир тақвияти ватандорию хештандориро талаб менамояд.
Хеле афсус, ки аксари намояндагони мухолифини солҳои 90-ум баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ вазифа ва мансабҳои давлатиро чун мансаби «меросӣ» қабул карданд. Ҳамзамон, хизмати софдилонаро ба давлату миллат, ба Тоҷикистони азиз фаромӯш карданд. Мизони сулҳу салоҳ дар гузаштаи начандон дур каме халалдор гардида, дар баъзе ноҳияҳои ВМКБ ва водии Рашт эътирозу бетартибиҳо сар заданд.
Мо собиқадорони созгории миллӣ ва оштии куллӣ ин амалҳоро маҳкум намуда, оммаро барои куллан решакан кардани ҷудоиандозиҳо ва иғвоҳо даъват мекунем.
Фаромӯш набояд кард, ки ваҳдати миллӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ фақат ва фақат бо талошҳои ҳамешагӣ ва иқдомҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, то имрӯз устувор мондааст ва дар оянда низ пойдор хоҳад буд. Худи ман шоҳиди бевоситаи талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар дар панҷ соли расидан ба ваҳдати миллӣ ва даст ёфтани тоҷикон ба сулҳ будам ва ҳеҷ гоҳ хизматҳои ин абармарди миллатро аз хотир намебарорам. Охир, худ тасаввур кунед, дар пеши назари мо дар кишвари ҳамсояи Афғонистони ҷангзада беш аз 40 сол боз оташи ҷанг хомӯш намешавад. Мардуми ин сарзамин ба ҷуз сулҳу оромӣ ҳеҷ орзуи дигаре дар сар надоранд.
Таъкид менамоям, ки дар садсолаҳои баъдӣ низ формулаи пешниҳоднамудаи сулҳ ва созгории миллии Сарвари бузурги тоҷикони ҷаҳон моҳияти глобаливу умумибашарии худро гум намекунад. Ҳар кас ҳаққи ифшои розу ниёз ва тавоноии имдоди маънавӣ ба насли наврасро дорад.
Мо – наслҳои солдида, онҳое, ки таҷрибаи талхи муноқишаву даргириҳои дохилиро аз сар гузарондем ва рӯзҳои наҳси миллатро бо чашми сар дидем, бояд шабу рӯз наврасону ҷавононро ба росткорию поктинатӣ, ватандӯстӣ, хизмати содиқона ба давлату миллат ҳидоят намоем. Куллан омода ҳастем, ки дар хидмати ин Ватан, ин сарзамин, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва дар роҳи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар неру ва тавоноии ақлонию зеҳниамонро ҷасурона сарф кунем.
Мо – фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол барои дифоъ аз арзишҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол ва пешрафти боз ҳам бештари кишвар ҳамеша изҳори омодагӣ менамоем.
Дар фарҷом бори дигар таъкид мекунам, ки даричаи чоҳи иштибоҳҳое, ки мо 30 сол қабл ба он уфтодем, ҳоло ҳам боз аст. Хоинону бадкирдорони миллат ҳанӯз ҳам сӯи мо санги маломат мепартоянд ва мехоҳанд бори дигар ба гирдоби бадбахтиҳо печонанд. Барои ҳамин зарур аст, ки мо ҳамагон аз ин чоҳи дасисаю фиребу пур аз макру ҳилаи хоинон ҳазар кунем. Ҳар фарди бедордилу ватандӯст бо меҳнати ҳалол, ҳиссагузорӣ дар ободонӣ, ҳифзи марзу буми Ватан бояд ҳамеша омода бошад, зеро Ватан яктост ва Тоҷикистон яктост. Мо ин сарзамини биҳиштиамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, бо қимати ҷон ҳифз карда, барои пешрафту тараққии он саҳми худро мегузорем.
Саламшоҳ МУҲАББАТОВ, сокини шаҳри Душанбе